Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон шохис (индекс)-и нархи палав ҷорӣ шуд


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Кумитаи омори Узбекистон шохис ва ё индекси палавро ҷорӣ кардааст ва ин ниҳод дар ҳар се моҳ дар шаҳру вилоятҳои ин кишвар нархи як табақ палавро сабт мекунад.

Мувофиқи оморе, ки кумита ҳафтаи гузашта дар сомонаи расмиаш нашр кард, нархи як табақ палав дар минтақаҳои Узбекистон аз 10 ҳазору 700 сӯм (1 доллару 12 сент) то ба 20 ҳазор сӯм (2 доллару 10 сент) арзиш доштааст. Нархи як табақ палав дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон, 15400 сӯм ва ё (1 доллару 61 сент) будааст.

Дар зимн, нархи табақи палав дар ошхонаҳои Душанбе ба ҳисоби миёна айни замон 20 сомонӣ, муодили 2 доллари амрикоӣ, аст.

Индекси палав дар Узбекистон ба хотири муайян кардани қобили харидории мардум дар гӯшаҳои гуногуни ин кишвар роҳандозӣ шудааст. Кумитаи омори Узбекистон ба хотири серистеъмол будани палав онро ба ҳайси ченаки ягона пазируфтааст.

Дар ҷаҳон индекси «Биг-Мак» низ роиҷ аст, ки ҳар сол аз ҷониби маҷаллаи маъруфи The Economist таҳия мешавад. Дар Русия индекси «оливе» - як хӯриши машҳур дар миёни сокинони ин кишвар ба ҳайси ченак пазируфта шуда, оҷонсиҳои омор поину болоравии нархи хӯрокро тавассути он мушоҳида мекунанд.

XS
SM
MD
LG