Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозаннаи Швейтсария баъди натиҷагирии шаш рӯзи мусобиқот дастаи мунтахаби Русия бо касби 17 медал (5 нишони тилло, 8 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба ҷойи аввал баромад.
Дастаи мунтахаби омехта, ки аз варзишгарони кишварҳои мухталиф таркиб ёфтааст, бо касби 15 медал (5 нишони тилло, 5 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба ҷойи дувум фуромад.
Мунтахаби Швейтсария бо касби 12 медал (4 нишони тилло, 5 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми севумро ишғол кардааст.
То ҳоло варзишгарони навраси 23 кишвар медал гирифтаанд. Ба ҷуз аз варзишгарони Русия, дастаи мунтахаби омехта ва Швейтсария боз намояндагони 12 кишвар – Ҷопон, Шведсия, Италия, Фаронса, Австрия, Норвегия, Нидерланд, Чин, Испания, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ ва Полша - бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд.
Ба ғайр аз варзишгарони Русия, дар ин Бозиҳо боз намояндагони ду кишвари собиқи шӯравӣ Беларус ва Гурҷистон яктоӣ медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
Дар Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон ширкат надорад. Аз Қазоқистон 25 варзишгар, аз Қирғизистон 2 варзишгар, аз Туркманистон ва Узбекистон якнафарӣ ба Олимпиадаи зимистона роҳхат гирифтаанд. Вале то ҳоло аз ин кишварҳо касе медал ба даст наовардааст.
Бозиҳои III зимистонаи олимпии наврасон дар Лозанна бо ширкати беш аз 1800 варзишгари наврас аз 79 кишвар оид ба 16 намуди варзиш (биатлон, бобслей, ҳоккейи рӯи ях, лижатозӣ, лижаронии кӯҳӣ, рақси рӯи ях, скелетон, шорт-трек ва ғайра) то 22-юми январ идома хоҳанд кард.
Ассалом алайкум. Маҳалгароӣ дар Тоҷикистон дар дараҷаиолӣ вуҷуд дорад. Сардори аксарияти ташкилоту раёсатҳо аз тарафи ҷануби кишварамон мебошад. Таможня, бозор, милитсия, прокуратура, сэс, экология, госстандарт, коррупция, пожарникҳо, ночной клуб, тотализаторҳо, фоҳишахона, банк ва ғайра. Ҳайр нағз мешад ягон рӯз...
Масъаларо якҷониба муҳокима накунед, мӯҳтарам қонунгузор, Амали фаҳшо ду гунаҳкор дорад якто не ку
озоди чаро навиштахи моро чоп намекуни?
Сархади Чин - ин Девори Чинаст. Аммо давлати заиф ки шуди, бо мисли гусфанд мешави, ва аз диданат оби дахони гургони хамсоя чори мешава. Зуру тавоноии давлат - халк аст. Аммо барои он ки халк тавонашро зохир кунад барои у чизи бисёр лозим нест, танхо Рохбари Хирадманд лозим аст, то шарлити баробар барои хамаро мухаё кунад ва хар кас бовар дошта бошад, ки уро бо шиорхои баланд, суханхои дабдабанок, "оягдаи дурахшон" фиреб намедиханд. Чунин ба назар мнрасад, ки давлатдорони мо худ таърихро, чи хеле ки вазифаашонро намедонанд
Устод Сафаров Сайфулло харчанд аз махалли муайян хастанд, аммо махалгаро нестанд. У як шахсияти милли ва фарзонамард аст. Аммо Зафари Суфи дар Точикистон махал надорад. У аз Узбакистон аст. Назараш ба суйи Сугд аст. Бубинед, мегуяд махалбоз несту дар бораи Мухаммадзамони Солех ва Бахманёр мегуяд, ки нисбати онхо бехурмати шуд. Аммо дар бораи Мухаммадрахими Сайдари Гарми ва Искандари Хатлони лаб намекушояд. .Таксимоти вазифахо махалбози нест, балки ба хотири таъмини баробари дар миёни манотики кишвар аст. Махалдустдори дар миёни зодагони хама махалхо хаст. Касе махалдустдор нест, у одам нест. Вакте махали худро дуст намедори хеч касро дуст дошта наметавони. Ва табиист, ки як хаммахалатро бубини дилат гум мезанад. Махалгароиро хукумати имруз не, хукумати сохтаи Ленин ва хукумати хучандиву бухорои ба вучуд овард. Дар Бухорои шариф мансабдорон кухистонихо, яъне гармиву кулобиву дарвозиву масчохира дохунда мегуфтанд. Масхара мекарданд. Чуноне дар замони Хоча Камол самаркандихо махалгарои мекарданд. Ин самаркандигари бо хучанди то ба кай? мефармояд Камол. Махалгароиро баъдан элитаи хукмрони хучандихо дар пайрави бо самаркандихо ривоч доданд. Ба ёд биёред устод Бозор Собир чи гуфта буд: Аз Хоча Камолиддину аз Хучандаш, Хучандигари монд ба мову хучаинхо.