Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сокини Душанбе аз таркиши норинҷак


Дар натиҷаи таркиши норинҷаки "РГД-5" сокини 33-солаи Душанбе Иван Мезентсев ҷон бохтааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса баъд аз зуҳри 14-уми январ дар даромадгоҳи яке аз биноҳои хиёбони Рӯдакӣ рух дод.

Ҳарчанд мақомот дар бораи ҷароҳат бардоштани афроди дигар расман чизе нагуфтанд, шоҳидон ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки дар ин таркиш ду роҳгузар "ҷароҳатҳои сабук" бардоштаанд.

Дар пайи таркиш падари Иван Мезентсев барои бозпурсӣ даъват шуда, маъмурони милиса ба дари хонаи онҳо муҳр задаанд.

Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Ба иттилои мақомот, Иван Мезентсев ин норинҷакро "ба таври ғайриқонунӣ" дар хонааш нигоҳ медоштааст. Аммо дар хабари расмӣ гуфта нашудааст, ки ин сокини Душанбе норинҷакро кай ва аз куҷо пайдо кардааст.

Ҳамсояҳои Иван Мезентсови 33-сола дар маҳаллаи наздик ба Боғи Айнии пойтахт дар суҳбатҳои бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки падару писар зиндагии хуб надоштанд. "Онҳо шароб нӯшида, бо ҳам ҷанҷол мекарданд. Соли гузашта дар пайи муноқишаҳои оилавӣ бибии солхӯрдаи Иван худро аз ошёнаи дуюм ба поён партофта, худкушӣ карда буд", -- нақл кард яке аз ҳамсояҳо ба шарти он ки номаш фош нашавад.

Мушоҳидаҳои хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки дар даромадгоҳи бинои истиқоматӣ осори таркиши норинҷак, хун, дастпӯшакҳои тиббӣ ва деворҳои рехта аз таркиш дида мешавад.

Дар гузашта низ ҳодисаҳои таркиши норинҷак дар Душанбе сабт шудааст. Чанд сол пеш дар маҳаллаи "Автовокзал"-и пойтахт як мард бо истифода аз норинҷак худро тарконда буд. Мақомот мегӯянд, маъмулан ин таркишҳо аз силоҳҳое рух медиҳад, ки аз даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар дасти сокинон мондааст.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG