Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафар Абдуллоҳ: "Тақрибан зиёӣ надорем... ҳарзагӯйҳо зиёданд" ВИДЕО


Сафар Абдуллоҳ
Сафар Абдуллоҳ
Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон, пас аз як бемории тӯлонӣ ба кор баргашт. Ӯ дар шаҳри Алмато зиндагӣ мекунад ва устоди Донишгоҳи равобити байнулмилал ва забонҳои хориҷии Қазоқистон аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ ҳангоми сафар ба Алмато бо Сафар Абдуллоҳ суҳбат карданд.

Сафар Абдуллоҳ: “Дуруд ба Шумо ва ба хонандагону бинандагони Радиои Озодӣ. Баъд аз бемории тӯлонӣ ҳанӯз табобат мекунам, онлайн дарс медиҳам ва ба корҳои пажӯҳишӣ машғулам.”

Радиои Озодӣ: Назаратон ба вазъи ҳозираи илму фарҳанг дар Тоҷикистон чӣ аст?

Мо ба ҷойе расидем, вале дар қуруни вусто фиқҳ омад ва ҳамаро хароб кард. Метавонам бо камоли масъулият бигӯям, ки баъзе фақеҳон омада, гуфтанд, ки китоби дигаре нахонед ба ҷуз Қуръон.

Сафар Абдуллоҳ: “Албатта, беш аз 30 сол шуд, ки аз Тоҷикистон дур афтодам, вале ҳамчун тоҷике, ки имрӯзу фардои меҳан бароям бетафовут нест, табиист, ҳамеша дар андешаи он ҳастам, ки аз вазъи фарҳанг ва илм дар кишвари мо огоҳӣ дошта бошам ва талош мекунам ғофил намонам. Дар бисёр ҳолатҳо, мутаассифона, наметавонам бо эътимод бигӯям, ки мо пешрафтҳои назаррас дорем. Ҳадди ақал дар улуми инсонӣ дастовардҳои чашмгирро намебинем. Дар тӯли 20-30 соли ахир корҳое, ки донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои улуми инсонӣ дар Тоҷикистон анҷом додаанд, масалан Институти забону адабиёт, Институти шарқшиносӣ, Институти фалсафа, Институти таърих ва ғайра бештар баргардон кардани матнҳо аз хати форсӣ ба сириллик будааст. Ё тарҷумаҳое аз арабӣ ва форсӣ. На анҷоми пажӯҳишҳои ҷиддӣ ва гуфтани сухани тоза дар илм! Ин нукта ҳузнангез аст. Ҳатто дар кори баргардони мутун аз хати порсӣ ба хати сирилик чандон муваффақ набудаем. Ин ҳам кори соддае нест. Хатшинос будан кам аст, матншинос бояд буд! Чун ман худ кори баргардонро анҷом додаам, медонам, ки кори соддае нест. Даврае, ки донишҷӯ будам, Расул Ҳодизода як донишманди бузург ва маъруф девони Анвариро ба хатти сириллик баргардон карда буд. Саъдоншо Имронов, донишёри Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, як тақриз навишта собит карда буд, ки дар ин баргардон ҳудуди як миллион ғалат ҷой дорад. Вақте донишманде мисли устод Ҳодизода як миллион ғалат кунад, ман тасаввур мекунам, ки дигарон чанд миллион ғалат карда бошанд. Ин як кори бисёр муҳим аст ва иштибоҳи бузург ин аст, ки баъзеҳо гумон мекунанд, беҳтарин намунаҳои адабиёти классики мо ба хати сириллик баргардон шудааст. Он чӣ баргардон шудааст, ҳатто 5 то 7 дарсад ҳам нест.”

Радиои Озодӣ: Аҳолии Тоҷикистон назар ба давраи Шӯравӣ қариб як баробар зиёд шуд, аммо тиражи китобҳое, ки чоп мешаванд, баръакс чанд баробар коҳиш ёфт.

Сафар Абдуллоҳ: “Шумо иҷозат надодед, ҳарфамро тамом кунам. Ин гуфтаҳои ман маънои онро надорад, ки пажӯҳишҳои илмӣ аслан вуҷуд надорад. Гоҳе авқот баъзе донишмандони мо китобҳои хуб навиштанд, пажӯҳишҳое ҳам шуда ва дорад анҷом мешавад. Вале дар маҷмуъ вазъи илм ва фарҳанг бисёр заиф аст ва нигаронкунанда аст. Ҳоло, ки Шумо дар бораи китоб суҳбат кардед, хеле вазъи нигаронкунанда аст. Вақте китоби нависандаи халқии Тоҷикистон Урун Куҳзод бо тиражи 200 нусха чоп мешавад, бисёр дардовар аст. Ё фарз кардем, китоби шоире мисли Фарзонабону бо тиражи 500 нусха чоп мешавад. Ин хеле айб аст барои мо. Тасаввур кунед, ки пас чанд дарсад аҳолии мо китоб мехонанд.”

Радиои Озодӣ: Дақиқан суоли баъдии мо дар ҳамин бора буд. Китобҳое, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон нашр мешаванд, 100-200 дона ҳастанд. Гоҳе худи муаллиф онро ба дӯстонаш тақдим мекунад. Ба назаратон чаро кор ба инҷо расид?

Сафар Абдуллоҳ: “Аввалан ин ҳолат то ҳадде ҳамагонӣ аст ва танҳо вежаи кишвари мо нест. Аммо дар ин росто низ мо гӯйи сабқатро аз дигарон бурдаем. Масъала ин аст, ки расонаҳои гуруҳӣ, ба вежа расонаҳои электронӣ ҷойгузини китоб шуданд. Ман раиси интишороти хусусии Олжас Сулаймонов ҳастам. Дар давраи Шӯравӣ, соли 1990 китоби Олжас Сулаймонов бо теъдоди 200 ҳазор нусха чоп мешуд ва баъди як ҳафта онро пайдо намекардӣ. Алъон тамоми осори Олжас Сулаймоновро чоп кардам, тираж аз 3 ҳазор зиёд нест ва ҳанӯз ҳам то охир ба фурӯш нарафтааст. Ин як сабаб. Сабаби дигар ин аст, ки дар Тоҷикистони мо таблиғи китоб, чунонки мебояд, вуҷуд надорад. Шумо тасаввур кунед, ки муддатҳо дар шаҳрҳои Тоҷикистон нуқтаҳои китобфурӯшӣ ҳам набуд. Китобфурӯшиҳо аз баракати талошҳои раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба назарам чанд соли ахир пайдо шуд ва ҳанӯз ҳам зиёд нест. Бояд теъдоди китобфурӯшиҳо зиёд бошад ва таблиғи китоб аз тариқи расонаҳои электронӣ ба вежа телевизиони Тоҷикистон ҳамешагӣ бошад. Дар кори таблиғи китоб аз адибону донишмандон бояд истифода кунанд. Ҳунарпешаҳое мисли Ортиқ Қодировро барои хондани мутуни адабӣ даъват бикунанд. Ва касоне ки ҳарфе барои гуфтан ва гӯше барои шунидан доранд, бояд дар ин росто таваҷҷӯҳи бештаре дошта бошанд, ки бисёр масъалаи муҳим аст. Миллате, ки китоб нахонад, ба ҷойе намерасад.”

Радиои Озодӣ: Баъзе аз зиёиён дар Тоҷикистон мардумро танқид мекунанд, ки китоб намехонанд. Дар иваз гуруҳе мегӯянд, китобҳои чопшуда тақрибан ҳарфи нав ва ё чизи муҳиме надоранд. Шумо сабабро дар чӣ мебинед?

Мутаассифона, чиноӣ омада, дар заминҳои мо кор мекунад ва бачаҳои мо ба Русия рафта муҳоҷир мешаванд, даҳҳо мурда аз Русия меояд. Ҳамаи инҳо нороҳаткунанда ва нигаронкунанда аст ва натиҷаи хубе надорад.

Сафар Абдуллоҳ: “Албатта, ин ки китобнависони ҳарзагӯ, ки қаблан ба ҳеч ваҷҳ “ҳарзаҳояшон”-ро чоп намекарданд, ҳоло зиёд шудаанд. Вале боз ҳам нависандагони бо истеъдод ҳастанд. Мо имрӯз ҳам дар Тоҷикистон нависандагоне дорем, ки коре, ки анҷом доданд, дар сатҳи ҷаҳонӣ аст. Ман бо адабиёти ҷаҳон ошно ҳастам ва бо масъулият мегӯям, ки масалан достоннависе дар сатҳи Баҳманёр дар ҷаҳон кам аст. Ё шоире дар сатҳи Фарзона ангуштшумор аст. Он андешае, ки Баҳманёр дошт, он парвози хаёле, ки дар достонҳояш дорад, хеле кам адибон доранд, насраш шоирона ҳам ҳаст ва забонаш чӣ қадар зебост. Забонаш он қадр намакин аст, ки дар ёд мемонад. Масалан аз як достонаш бароятон як ҷумла хонам: “Ман дар сояи санг, дар сояи хаданг, дар ин кӯҳсори беқулфу маданг, интизорам варо, вай мекунад диранг.” Ҳоло Шумо бубинед, ки ин шеър аст ё наср? Бинед чӣ қадар зебост. Вале, мутаассифона, гуфта наметавонам, ки китобҳои Баҳманёр 10-20 ҳазор нусха чоп мешуд, мисли замони Шӯравӣ. Ё Сайф Раҳимов ва Муҳаммадзамони Солеҳ. Инҳо бисёр достоннависҳои хуб буданд. Устод Урун Куҳзод романи бисёр ҷолибе навишт “Ҳайҷо”, ин достони комилан нав аст дар адабиёти мо. Романи “Пойҳо ва рӯйҳо”-и Абдуқодири Рустам бисёр романи олист. Шоирони хубе дорем мисли Сиёвуш, Исфандиёри Назар, Абдуҷаббори Суруш, Рустами Ваҳҳоб ва ғ. Аммо афсӯс, ки ҳарзагӯйҳо низ зиёданд...”

“МУҲОҶИРАТИ МАРДУМ ФОҶЕА АСТ”

Радиои Озодӣ: Шумо як сабабро ба расонаҳо пайванд додед. Вале мебинем, ки тариқи ҳамин расонаҳо ҳам мардум чандон таваҷҷуҳ надоранд.

Сафар Абдуллоҳ: “Бале, мутаассифона, таблиғ нест ва ҷомеаи Тоҷикистон гирифтори ҳазор мушкилу проблемаҳост. Шумо тасаввур кунед, ки бояд нон пайдо кунанд. Ҳозир аз бачаҳои тоҷик пурсед, ки баъди аз хатми мактаб ба куҷо мехоҳед равед, посух медиҳанд, ки ба Маскав. Дар Маскав чӣ кор кардан мехоҳӣ? Муҳоҷири меҳнатӣ. Ин худаш як фоҷиаи миллӣ аст. Масъалаи муҳоҷирати теъдоди зиёди ҷавонон ба дигар кишварҳо худаш як мушкили иҷтимоӣ аст. Агар илми ҷомеашиносии Тоҷикистон ҷиддӣ мутолиа кунад, мебинад, ки оқибати ин фоҷеаи бузург аст. Бубинед, теъдоди зиёди ин ҷавонон рафта барнамегарданд ва мераванду ҳамсари хориҷӣ мегиранд, духтарҳо инҷо мемонанд. Хеле масоили зиёд аст, ки бояд андеша кард.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Сафар Абдуллоҳ: "Пайғамбари аввалини мо шоир буд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:36 0:00

Радиои Озодӣ: Солҳои ахир фирори мағзҳо аз Тоҷикистон масъалаи доғ шудааст. Даҳҳо пизишку омӯзгор ва намояндагони дигар касбу кор аз Тоҷикистон рафтанд. Баъзеҳо сабабро дар сахт шудани зиндагӣ дар кишвар медонанд. Мақомот мегӯянд, ин як раванди маъмулӣ аст ва ҷойи онҳоро кадрҳои нав пур мекунанд.

Сафар Абдуллоҳ: “Ман як вақт хондам, ки чиниҳо дар Тоҷикистон замин кишт мекунанд. Яке аз маънои калимаи тоҷик дар даврони гузашта соҳиби замин будан ва кишоварзӣ буд. Мутаассифона чиноӣ омада, дар заминҳои мо кор мекунад ва бачаҳои мо ба Русия рафта муҳоҷир мешаванд, даҳҳо мурда аз Русия меояд. Ҳамаи инҳо нороҳаткунанда ва нигаронкунанда аст ва натиҷаи хубе надорад. Аммо фирори мағзҳо барои ҳар ҷомиа ва кишвар дардовар аст. Давлат бояд барои мағзҳо шароит муҳайё кунад ва аз онҳо ба суди кишвар истифода кунад. Ҳамин ҳоло пизишкони хубе дорем ва донишмандони хубе, ки бо далоиле берун аз ватан кору зиндагӣ мекунанд. Бояд онҳоро ба меҳан баргардонанд ва барояшон шароити матлуб муҳайё кунанд, ки онҳо донишу тавони худро барои меҳан ба кор гиранд.”

ШЕЪРХОНӢ Ё ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ДАҚИҚ?

Радиои Озодӣ: Ҳоло баргардем ба масъалаи китобу китобхонӣ. Аксаран шеъру шоиронро танқид мекунанд, ки аз онҳо фоидае ба ҷомеа нест...

Рӯшанфикре, ки аз субҳ то шом ба дурӯғпардозӣ машғул бошад ва сапедро сиёҳу сиёҳро сапед хонад, чӣ рӯшанфикрест?!

Сафар Абдуллоҳ: “Хеле андешаи ботилу ғалат аст. Барои он ки дар тӯли таърих, мо агар чизе дорем, ки бо он метавонем ифтихор кунем, ҳамин адабиёти катбии мост. Дар тӯли таърих агар тоҷикро бишносанд бо адабиёт ва фарзандонаш, ки корашон илму адаб буд, мешиносанд. Нахустин пайғамбари мо Зардушти Спитамон шоир буд ва бисёр муҳаққиқон готҳоро шеър мегӯянд. Коми мардуми моро бо шеъру адаб бардоштанд ва Шумо бигӯед, ки шеър чӣ зарар кардааст?”

Радиои Озодӣ: Як ақида ҳам ҳаст, ки мо ҳазор сол шеър гуфтему шеър гуфтем, ба ҷойе нарасидем, акнун бояд илмҳои дақиқро аз худ карда пеш рафт.

Сафар Абдуллоҳ: “Мо ба ҷойе расидем, вале дар қуруни вусто фиқҳ омад ва ҳамаро хароб кард. Албатта, баъди ин ҳарфе ки ба Шумо мегӯям, ҷоҳилон дар Тоҷикистон ба ман ҳуҷум мекунанд. Воқеият ин аст, ки Исломро аз бисёри онҳо хуб медонам, мусалмон ҳам ҳастам ва арабиро ҳам медонам. Метавонам бо камоли масъулият бигӯям, ки баъзе фақеҳон омада, гуфтанд, ки китоби дигаре нахонед ба ҷуз Қуръон. Ҳама чизҳо дар Қуръон омадааст. Шумо тасаввур кунед, ки дар оғози қуруни вусто улуми табиатшиносӣ ва улуми дақиқ дар кишвари мо бисёр ривоҷ ёфта буд. Манзурам аз кишвари мо сарзамини паҳновари форсизабон аст. Мо шахсиятҳои бузурге мисли Закариёи Розӣ ва файласуфҳои бузург доштем. Мо касоне доштем, ки дар алгебра, ҳандаса дар илми нуҷум назир надоштанд. Мо пизишкони беназир доштем. Хеле шахсиятҳои бузург дар улуми дақиқ доштем. Вале баъди қарни 13 ва баъди нуфузи бисёр зиёди фақеҳон дар ҷомеа, кор ба ҷое расид, ки ягон-ягон файласуф доштем, аммо гуфтанд, ки улуми дақиқ ба дард намехӯрад. Кор ба ҷойе расид, ки камтаваҷҷуҳӣ шуд. Имрӯз мо бояд бисёр бо масъулияти ҷиддӣ аз тамоми ҷадидтарин шеваҳои илм бархурдор бошем ва баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш равем. Агар ин корро накунем, ба ҷойе намерасем. Аммо ин ба адабиёт ва пешрафти он иртибот надоштааст.”

“МО ТАҚРИБАН ЗИЁӢ НАДОРЕМ”

Радиои Озодӣ: Солҳои охир дар масъалаи зиёиён танқидҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон зиёд аст.

Сафар Абдуллоҳ: “Иштибоҳи бисёр бузург ин аст, ки фикр мекунанд, касе донишгоҳ хонда, бахусус донишгоҳҳои 30 соли ахир, онро зиёӣ бигӯянд. Яъне ба маънои рӯшанфикр. Бисёр ҳарфи бемаънӣ ва ҳарфи пуч аст. Бубинед:

Сад китобат чоп шуд бо сад намуд,

Шоираш халқӣ шуду шеъраш нашуд.

Сафар Абдуллоҳ
Сафар Абдуллоҳ

Мо ин хел шоирон ҳам дорем, ки шоирони халқӣ ҳастанд, вале агар китобашонро гирифта бихонед, ағлоти фаровон меёбед. Масъала ин аст, ки мо агар ҷиддӣ андеша кунем, ки рӯшанфикр кист, рӯшанфикрӣ ин марбут ба ақли солим аст, марбут ба интелект аст. Рӯшанфикр бояд пеш аз ҳама соҳиби андеша бошад. Рӯшанфикре, ки аз субҳ то шом ба дурӯғпардозӣ машғул бошад ва сапедро сиёҳу сиёҳро сапед хонад, чӣ рӯшанфикрест?! Ё адибону соҳибқаламоне, ки бо ағрозе қаҳрамонҳое месозаду онҳоро таъриф мекунад, вале мебинӣ, ки воқеият надорад, худаш нишон медиҳад, ки ин одам рӯшанфикр нест. Рӯшанфикр ҳамеша андешае дорад ва ин андеша метавонад бо андешаҳои ҳамагон яксон набошад. Вале Сино дар рӯзгори худ ҳарфҳое гуфт, ки кофираш хонданд. Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Синоро ба гуруҳи кофирон дохил карданд. Хайём, ки шак накунед. Мо дар бораи ”куфриёт”-и ин бузургон манобеи зиёде дорем. Инҳо ба хотири онки андеша доштанд. Ҳама ҳарфро бе чуну чаро намепазируфтанд. Ҳоло, ки дар бораи зиёӣ суҳбат мекунед, ман фикр мекунам, мо ба ҷое расидем,ки ҳам акнун рӯшанфикрони мо ангуштшуморанд.”

Радиои Озодӣ: Тақрибан зиёӣ надорем?

Сафар Абдуллоҳ: “Тақрибан рӯшанфикре , ки ман тасаввур мекунам ва орзу дорам, ки чунин афрод дошта бошем, ками дар кам дорем. Бубинед рӯшанфикр пеш аз ҳама бояд дониш дошта бошад. Дониш ва маърифат хеле муҳим аст, ки инро танҳо бо доштани мадраки донишгоҳӣ намешавад дарёфт кард. Бояд чизҳои аз ин болотар бошад. Мо дар рустоҳои Тоҷикистон пирамардҳое медонем, ки ҳеч мадрак надоштанд, вале донишманд буданд. Донишманд ба маънои воқеӣ. “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Саъдӣ мехонданд, Мирзо Бедил мехонданд ва шарҳ медоданд.”

Радиои Озодӣ: Албатта ба ин андешаи Шумо, ки мо тақрибан зиёӣ надорем, шояд бархеҳо дар Тоҷикистон розӣ набошанд.

Сафар Абдуллоҳ: “Ман шак надорам, ки бархеҳо, не бисёриҳо бо ин розӣ нестанд. Ман розӣ ҳастам, ки 90 дарсад розӣ набошанд, вале бояд нишаста андеша кунед, ки рӯшанфикр кист ва дар ҳамон пояе, ки рӯшанфикрро дидан мехоҳед, киро пайдо мекунед. Ин хеле ҷолиб аст. Албатта, ин маънои онро надорад, ки аслан нест. Ҳастанд, вале теъдодашон хеле кам аст.”

“БУЗУРГОН ҲАМЕША АНГУШТШУМОРАНД”

Радиои Озодӣ: Чаро солҳои охир мо садои ин рӯшанфикронро агар кам ҳам, ки бошанд тақрибан намешунавем.

Мо забоне бо номи “тоҷикӣ” надоштем, забон форсӣ ном дошт. Забони тоҷикиро агар дар қарни 19 ягон ҷойе истифода карда бошанд, ба унвони муродиф ё синоними забони форсӣ истифода кардаанд.

Сафар Абдуллоҳ: “Мо шахсоне ба монанди Барзу Абдураззоқов ва Қодири Рустам дорем, ки ҳарфҳояшонро мегӯянд. Мо дорем касоне, ки ҳарфҳояшонро пинҳон намедоранд ва бо шеваҳои мухталиф мегӯянд. Аммо бо камоли таассуф бояд ёдовар шавем, ки барои изҳори андешаҳои солим ва созанда бояд шароити мусоид бошад. Бояд касоне, ки андешаҳои интиқодӣ ва созанда доранд, аз сӯи давлат ҳимоят бишаванд. Шумо тасавур кунед, ки адами нашрияҳое мисли “Озодагон”, “Нигоҳ”, “Миллат”, тазъиф ёфтани ҳафтаномаи “Азия-Плюс” ба ҳеч ваҷҳ ба суди кишвари мо нест. Дар ҳар кишваре бояд озодии баён дар чаҳорчуби қонун таъмин бишавад. Дар давоми 5 то 10 соли охир кишварро тарк кардани теъдоди зиёди рӯшанфикрон ва дигарандешон ба суди кишвар нест. Зиндонӣ шудани теъдоде аз хабарнигорон низ ба назарам бар зарари озодии баён аст! Умедворам, ки масъулини мӯҳтарами кишвар дар ин росто биандешанд. Ва аз касоне, ки дар роҳи шукуфойӣ ва пешрафти меҳанамон талошҳо доранд пуштибонӣ бикунанд.”

Радиои Озодӣ: Аммо ин теъдоди ангуштшуморанд.

Сафар Абдуллоҳ: “Ҳамеша ангуштшуморанд. Ҳамеша бузургон ангуштшумор буданд. Масалан, дар замони Рӯдакӣ 400 шоири соҳибдевон доштем. Вале як Рӯдакию 2-3 каси дигар номашон монд. Соҳибдевон ба истилоҳи имрӯза узви Иттиҳодияи нависандагон. Рӯдакӣ шоҳони Сомониро насиҳат ва роҳнамойӣ мекард...”

“ДАР ҶОМЕА БОЯД АНДЕШАҲОИ МУХТАЛИФ БОШАНД”

Радиои Озодӣ: Назарҳои Шумо дар чанд масъалаи вобаста ба Тоҷикистон танқидӣ аст. Баъзе аз рӯшанфикрон дар дохили кишвар мегӯянд, интиқод кардан дар бораи баъзе масъалаҳо метавонад барояшон дардисар орад. Шумо ҳоло дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳастед. Ба онҳое, ки дар дохил ҳастанд, ҳақ медиҳед, ки барои ҳифзи худ ва наздиконашон муваққатан сокит бошанд?

Сафар Абдуллоҳ: “Масъала ин аст, ки ба корҳои сиёсии кишвар дахолат намекунам ва солҳост, ки дар ин бора чизе нагуфтам. Аммо он чӣ марбут ба забон, фарҳанг, хат, адабиёт, таърих ва ончӣ ки марбут ба масоили муҳими миллӣ аст ва марбут ба сарнавишти мост, наметавонам хомӯш бошам. Дигар инки касоне, ки дар Тоҷикистон ҳастанд, агар бинанд, ки муҳит барояшон сангин аст ва набояд ҳарф зананд, набояд ҳарф зананд ва бояд худро ҳифз кунанд. Вале ман муътақидам, ки давлати Тоҷикистон бояд алоқаманд бошад, ки андешаҳои мухталиф дар кишвар ҷой дошта бошад. Ин боиси пешравӣ мешавад. Давлати Тоҷикистон бояд аз андешамандон ҳатто аз андешаҳое, ки хилофи андешаҳои роиҷ бошад, ҳимоят кунад. Ман ба ин чиз эътиқод дорам ва ҳатто касе, ки комилан зидди ман бошад, орзу мекунам, ки ҳарфашро гуфта тавонад. Бояд андешааро бигӯяд ва мо ҷавоб дода тавонем.”

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки ба сиёсат кор надоред. Нақши адибу олимон дар сиёсат бояд чӣ гуна бошад?

Сафар Абдуллоҳ: “Набояд дурӯғ гӯянд. Фарз кардем, ки Шумо мутахассиси физик ё математик ҳастед. Мегӯед, ки масалан рустои ман 7-ҳазорсола таърих дорад. Шумо чӣ ҳақ доред, ки ин ҳарфи ҳарзаро мегӯед? Дурӯғ аст ин. Ё зодгоҳи фалон бузургвор 4700 сол таърих дорад, ҳарза аст ин гап. Шумо мутахассиси бостоншиносӣ нестед, инкора нестем. Ё ҳар кас ба худ иҷозат медиҳад, ки дар бораи забон андешаронӣ кунад.”

“ОНҲОЕ, КИ БОЯД АКАДЕМИК МЕШУДАНД, НАШУДАНД”

Радиои Озодӣ: Дар оғози суҳбат дар бораи пажӯҳишҳо гуфтед. Мо имрӯз дар Тоҷикистон академикҳои зиёд дорем, тақрибан ҳар сол теъдоди онҳо зиёд мешавад. Ба назаратон илми тоҷик дар кадом поя аст?

Лаҳзае аз суҳбат. Муллораҷаб Юсуфӣ (чап) ва Сафар Абдуллоҳ (рост)
Лаҳзае аз суҳбат. Муллораҷаб Юсуфӣ (чап) ва Сафар Абдуллоҳ (рост)

Сафар Абдуллоҳ: “Ман чӣ гӯям, ногуфта пайдост. Академикҳои Тоҷикистон, дӯстони ман ҳастанд.”

Радиои Озодӣ: Мешавад аз ҳеч кас ном набурда назаратонро бигӯед.

Сафар Абдуллоҳ: “Бубинед, ман намехоҳам дар бораи нафаре мушаххас ҳарф бизанам. Академии улум ва Итиҳодияи Нависандагон ба назари ман бояд аз амокине бошад, ки узвият дар онҳо як усуле дошта бошад ва он усул ҳамеша муроот шавад. Оё дар ин сӣ сол, дар интихоби аъзо, мо ду нуктаи муҳим барои ин ду муассисаро ки яке хадамоти илмии донишманд ва дигари хадамоти адабии як ҳунарманд меъёри аслӣ бошадро муроот кардаем?! Агар не, ба ҳован об кӯбидан аст. Ба назари ман муроот нашуда аст! Мо ниёз ба афроде мисли устод Турсунзода ва устод Осимӣ дорем...”

Радиои Озодӣ: Ҳар яки онҳо асарҳое доранд ва корҳои илмие анҷом додаанд.

Сафар Абдуллоҳ: “Мо ду чиз дорем, илм ва шабеҳи илм. Устод Дм.Лихачев боре гуфта буд, ки душмани асосии илм, ин шабеҳи илм будан аст. Ҳамаи инҳо як корҳоеро кардаанд. Вале мо вақте дар бораи Академияи замони Шӯравӣ фикр мекардем, мо ҳамеша фикр мекардем, ки касоне вориди он Академия мешаванд, ки ҳарфи тозае гуфта бошанд. Ҳарфе, ки гуфтанд содда нест ва ҳарфи нав аст. Аз ин нуқтаи назар Шумо ҷиддӣ ба корҳое, ки шудааст нигоҳ кунед, худатон ба хулоса меоед. Ҳоло масъала ин нест, ки як нафар академик ё узви Академияи илмҳо шуд. Инҳо муҳим нест. Муҳим олим будан аст. Олим будан болотар аз академик будан аст. Фарз кардем дар риштаи адабиёт Худоӣ Шарифов, Мусулмонқулов, Абдунабӣ Сатторзода, Абдуманнони Насриддин, Садрӣ Саъдизода, инҳо касоне буданд, ки кайҳо бояд узви Академия мешуданд. Аммо ҳеч кадоми инҳо нашуданд, касоне шуданд, ки шогирди кӯчаки инҳо ҳам набуданд ва ҳам нестанд.”

ОЁ ОЛИМОНИ САТҲИ ҶАҲОНӢ ДОРЕМ?

Радиои Озодӣ: Агар ин баҳсро хулоса кунем, илми тоҷик дар кадом поя аст?

Сафар Абдуллоҳ: “Илми тоҷик дар пояи худаш аст. Яъне дар заминаи улуми инсонӣ пешравиҳое, ки дар сатҳи ҷаҳон бошад, нест.”

Радиои Озодӣ: Чаро мо олими сатҳи ҷаҳонӣ надорем?

Сафар Абдуллоҳ: “Тоҷикон олимони сатҳи ҷаҳонӣ доранд, шояд худамон нашносем, вале дигарон мешиносанд. Масалан, се писари Шукуров олимони сатҳи ҷаҳонӣ ҳастанд. Устод Шариф Шукуров яке аз бузургтарин донишмандонест, ки ҳам эроншинос аст ва ҳам фарҳангшинос. Яке аз теорисанҳои бузург ва сатҳе, ки ӯ менависад ва китобҳое, ки ӯ менависад бидуни тардид сатҳи ҷаҳонӣ аст. Устод Акбар Турсон то замоне ки дар Амрико ва Русия буд, олими сатҳи ҷаҳонӣ буд. Аммо муҳити Тоҷикистон бо ӯ чӣ кор кард, ки вақтҳои охир хомӯш аст. Ба ҳар ҳол, олимҳое дар риштаҳои мухталиф дорем, ки хориҷ аз Тоҷикистон ҳастанд ва дар ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ суханрониҳо мекунанд ва назарашонро мардуми дигар иқтибос мекунанд. Мо бузургоне дар хориҷ аз марзҳои Тоҷикистон дорем...”

САФАР АБДУЛЛОҲ ЧАРО ТАРКИ СИЁСАТ КАРД?

Радиои Озодӣ: Ҳоло мехоҳам дар бораи худатон пурсем. Чаро замоне аз ташаббускорониРастохез”, як созмони сиёсӣ будеду ҳоло аз сиёсат канор рафтед?

Сафар Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ
Сафар Абдуллоҳ. Акс аз бойгонӣ

Сафар Абдуллоҳ: “Мо ҷавононе, ки солҳои ҳаштод андешаҳои миллӣ доштем ва аз “Гластност”-у “Перестройка”-и Михаил Горбачев илҳом гирифта будем, дар орзуи истиқлолу пешрафти кишварамон будем ва умед доштем, ки кишварамон соҳиби истиқлол шавад. Вале ағлаби мо, аз ҷумла ман низ “романтик” то ҳадде дар сиёсат нигоҳи романтикӣ доштем... Вале вақте дар кишварамон ҷанги бародаркушӣ шуд, дарёфтам, ки барои кори сиёсӣ омода нестем. Соли 1994 дар ҳузури ҳамаи бачаҳое, ки аз Эрон, Душанбе ва ҳам аз Маскав ба Алмаато омаданд ва инҷо ҷаласаи созмони “Растохез” баргузор шуд, расмӣ дархост навиштам, ки ман дигар бо Шумо нестам. Сабаби аслиаш ҳам яксон набудани назарҳои мо дар баъзе масъалаҳои сиёсӣ буд. Назари ман мухолифи назарҳои дигар шуд ва ман гуфтам, ки дигар нестам. Дигар инки “Растохез” замоне падид омад, ки замони Горбачёв, Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ман дар Маскав будам. Вақте омадем ва дар клуби “Рӯ ба рӯ” бо Тоҳири Абдуҷаббор шинос шудам ва хушам омад аз он. Ман пешниҳод кардам, ки як ҳизби демократӣ ташкил кунад. Ӯ гуфт, биёед, ҳамроҳ ин корро кунем. Оинномаашро эшон навишта омад, ман веросторӣ кардам. Мо се нафар будем, баъд Холиқзода пайдо шуд, баъд 6 нафар рафта дар хонаи Ҳабибулло дар яке аз маҳаллҳои Душанбе нишастем ва корҳои ташкилиро шуруъ кардем. Алъон ҳар кас, ки мегӯяд, мо ташкил кардем соҳибаш зиёд шуда... мо нестем...”

Радиои Озодӣ: Шумо аз ин фаъолиятҳои сиёсиатон чӣ мехостед?

Сафар Абдуллоҳ: “Ман бисёр мехостам, ки хат ва номи забонамон дар Тоҷикистон барқарор шавад, тоҷикони берун аз сӯи Тоҷикистон аз назари фарҳангӣ ҳимоят шаванд. Забони мо ба курсӣ биншинад. Барои ба курсӣ нишастан ва расмӣ шудани забони мо банда ҳам талошҳои зиёд кардам. Аз ҷумла устод Шакурӣ, устод Муъминшоҳ, устод Лоиқ ва чанд нафари дигар ба ман ин гапро гуфтанд. Яке аз масъалаҳое, ки роҳбарони Тоҷикистонро водор кард, забони моро расмӣ эълом кунанд, ин мактубе буд, ки ман таҳия кардам ва имзои 50 нафар аз бузургтарин нависандагони Шӯравиро гирифтам ва ба унвони масъулони вақти кишвар расондам ва матни онро дар рӯзномаҳои “Коммунист Таджикистана” ва “Ҷумҳурият” ба чоп расонидам. Дар ин мактуб таъкид шудааст, ки дар Тоҷикистон забони расмӣ бояд забони тоҷикӣ бошад. То ин вақт медонед, ки забони расмии мо русӣ буд...”

МАСЪАЛАИ ЗАБОНРО ЧӢ ГУНА МЕШАВАД ҲАЛ КАРД?

Радиои Озодӣ: Солҳои ахир нигарониҳо аз вазъи забон зиёд аст. Чанд маротиба имло иваз шуд, аммо ҳамон дарҳам барҳамӣ то кунун мондааст. Фикр мекунед, чаро ин ҳолат пеш омад ва роҳи ҳаллаш чӣ аст?

Ин раванд барномарезии дуруст мехоҳад. Мисли Сталин нестем, ки бо як ишораи бурут бигӯем, ки фардо ин хатро бас кунед.

Сафар Абдуллоҳ: “Роҳи ҳаллаш осон аст. Агар раиси ҷумҳури муҳтарами мо тавонанд, як нафар донишмандро масъул кунанд ва иҷозат диҳанд, ки чанд нафарро ҳамроҳ бигиранд ва шуруъ кунанд ба дуруст кардани имло. Ин як роҳи ҳал. Роҳи ҳалли дигар ин бо як дастури кӯчаки раиси ҷумҳур метавонад, номи забон барқарор шавад. Мо забоне бо номи “тоҷикӣ” надоштем, забон форсӣ ном дошт. Забони тоҷикиро агар дар қарни 19 ягон ҷойе истифода карда бошанд, ба унвони муродиф ё синоними забони форсӣ истифода кардаанд. Дар тӯли ҳазор сол ва бештар аз 3 ҳазор сол номи забон форсӣ буд, порсӣ буд ва ин як нуктаи муҳим аст. Барои он ин корро бояд бикунем, ки ҳамин ҳозир ҳамсояҳои мо узбекҳо ба ҷойи онки забони ниёкони моро ба ҳурмати ҳамсоягӣ “тоҷикӣ” гӯянд, қасдан “форсӣ” мегӯянд. Зеро забони моро дар дарозои таърих форсӣ хондаанд! Дар оғози қарни бист ва ҳатто пас аз даврони Шӯравӣ ҳам забони маҷалла ва рӯзномаҳоро “форсӣ” гуфтаанд. Ҳол онки китобҳо дар Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд ва ё Фарғона навишта шуда, ин китобҳо ҳамааш забонаш форсӣ буд. Дигар инки мо агар хатро барқарор кунем, ин як раванди кӯтоҳ нест, ҳудуди 20 сол зарур аст, ки оҳиста-оҳиста ба ин марҳила бирасем. Ин чӣ медиҳад ба мо? Аз як сӯ он мероси бузургу беназири катбиро, ки ҳеч миллате ба андозаи мо чунин мероси гаронсанге надошта аст, онро бароҳатӣ мехонем. Дуввум нуктаи муҳим ин аст, ки мо бо тамоми форсизабонони дунё робитаи мустақим пайдо мекунем. Сеюм ин аст, ки тамоми адабиёти ҷаҳонро, ки ба форсӣ аз забонҳои асл тарҷума шудааст, мехонем. Хулоса забони мо ба маҷрои худ бармегардад.”

Радиои Озодӣ: Масъалаи бозгашт ба хати форсӣ солҳост, ки идома дорад ва тарафдорон ва ҳам мухолифони худро дорад.

Сафар Абдуллоҳ: “Табиист, ки тарафдорон ва мухолифон дорад. Онҳое, ки хуб медонанд, ки забон як аст ва хуб медонанд ки ин кор ба суди мост, вале азбаски худашон ин хатро хуб намедонанд, шармандавор намехоҳанд, ки дигарон ҳам бидонанд халал мерасонанд...”

Радиои Озодӣ: Далели мухолифони бозгашт ба хати форсӣ ин аст, ки ин кор як бори дигар мардумро бесавод мекунад.

Сафар Абдуллоҳ: “Ин ҳарфи бемаъно аст. Ҳамту чизе нест. Ин раванд барномарезии дуруст мехоҳад. Мисли Сталин нестем, ки бо як ишораи бурут бигӯем, ки фардо ин хатро бас кунед. Ин кор набояд ин тавр шавад. Аз синфи аввал шуруъ кунем, то 11 соле, ки дарс мехонанд, боз 5 сол донишгоҳ мехонанд. Тамом карданд, ин ҷурӣ бояд кард. Ин раванд дар як давраи бузурги аз 5 то 25 сол бояд анҷом шавад. Ҳеч зараре намебинад ва ҳеч кас ҳам бесавод намешавад, баръакс босавод мешаванд.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG