Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Аҳмади Дониш то Акбар Турсон


Ҳафиз Бобоёров

Расонаҳо хабар медиҳанд, ки 1-уми октябр Акбар Турсон, файласуф, кайҳоншинос ва фарҳангшиноси тоҷик зодрӯз дорад. Аз худи ӯ ва ҳалқаҳои наздикаш ҳеч гоҳ дар бораи ин рӯзи саид нашунидаам, чун ба қавли худаш, мехоҳад зодрӯзашро дар танҳоӣ гузаронад, ба беша равад ва ё ба лаби уқёнус, то фурсате дошта бошад, ки ба як соли гузаштаи умр нигарад ва аз худ бипурсад, чӣ кореро анҷом додааст ва чӣ ояндаеро интизор дорад.

Ба ин донишманд, ки нури хирадаш фазои тираи кайҳони ҷисмонӣ ва ақлониро рӯшан кардааст, умри дароз ва баракати бардавоми эҷодӣ мехоҳам. Дар партави як мақолааш дар ҷустори шахсият ва осори Аҳмади Дониш матлабе навишта будам, ки ин ҷо нашр мекунам.

Ҳафиз Бобоёров

Андешае дар разолатҳои вафодорӣ

Мардумеро аз андеша кардан маҳрум карданд, ки фарҳанги бомдодиаш андешаро нахустин гавҳари офариниш медонист. "Эшон [Машӣ ва Машёна] чун ба роҳ афтоданд, нахустин кунише, ки карданд ин (буд, ки) биандешиданд” (Бундаҳишн, саҳ. 51).

Бо фармони амири кӯрдил - Нӯҳ ибни Аҳмади Сомонӣ мардумеро ба ҷурми озодфикрӣ дар як ҳафта қатли ом ва хунашро дар ҷӯйҳои Бухоро ҷорӣ карданд. Ва ин мардум дигар донишмандеро намешунид. Чунки донишмандони бисёре ҳам дар ин сӯиқасд бар зидди озодандешон иштирок доштанд. Вагарна Аҳмади Дониш намегуфт, ки худам менависаму худам мехонам ва мегирям, чун гӯши шунаво нест. Чун роҳу чораи дигар нест.

Аҳмади Донишро ҳамзамононаш нашуниданд ва нашинохтанд. Ончунон ки лозим буд, қадр накарданд, то аз роҳнамоии ӯ баҳраманд мешуданд. Неруи асосие, ки ҳамзамононро идора мекард, Тарс буд. Тарсе, ки инсонро гузаштагаро мекунад. Тарсе, ки ӯро маҷбур мекунад аз Имрӯз ба Гузашта паноҳ барад: қасдашро аз шоҳони ситамкори Шоҳнома бигирад, аламашро бо марги Сиёвушу Суҳроб бинолад ва умедашро бо нагунии Рустами Дастон ба гӯр супорад. Ҳамзамонон Аҳмади Донишро нодида мегирифтанд, чунки аз Амири Манғит бим доштанд. Тамоми баҳси Дониш дар робита ба Истеъдод аз ҳамин қадрношиносӣ сарчашма мегирад. Инро донишманди ҳамзамони мо Акбар Турсон дуруст дарёфтааст.

Акбар Турсон мақолаи мондагоре навиштааст, ки на фақат мушкилоти ҳамзамонони Аҳмади Донишро дар мақолаи худ («Ахмад Дониш: Штрихи к портрету «первого джадида» Центральной Азии». Сарчашма: Central Asian Analytical Network. 26.10.2017) баррасӣ намудааст, балки дар зеҳни хонандаи худ, ҳамзамони худ саволҳои зиёдеро бармеангезад. Ҳамзамонон дар асри 19 Аҳмади Дониш ва дар асри имрӯз Акбар Турсонро фаромӯш кардаанд. Ин мардуме, ки аз Тарс андешаро бохтааст, гузаштагонеро мепарастанд, ки андешамандонро қатли ом карда буданд.

Кори эҷодӣ бештар саволгузорӣ мекунад, андешаҳои хуфтаро бедор мекунад, то худ ба саволҳо ҷавоб ҷӯяд: Чаро маҳз одамони боистеъдод аз ин кишвар ва аз ин ҷаҳон мераванд, бе он ки ҳамзамонон аз хирад ва ҳунари онҳо баҳраманд шаванд? Агар Ислом бартарин дин бошад, пас чаро илм на дар байни мусулмонон, балки дар байни аҳли “куфр” рушд кардааст? Оё мушкилӣ дар худи сохтмони “илоҳӣ” нест, ки на фақат пеши рушди илмро гирифтааст, балки инчунин системаи сиёсӣ ва иҷтимоии давлатро бар пояҳои зулму ситам бунёд кардааст? Дониш мехоҳад мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ-сиёсиро ба масъулияти муқаддаси муъмин табдил диҳад. Оё ин роҳи ҳал аст? Ӯ аз муъминон даъват мекунад, ки шоҳу вазирро, ки мардум “олампаноҳ” меноманд, вале дар асл бадтар аз “ҳайвони гумроҳ” ҳастанд, бо зӯрӣ аз сари қудрат дур кард. Инро ӯ на исён ва хилофи дин, балки фарз медонад. Магар Аҳмади Дониш зулму ситамро ба давлати динӣ бегона мешуморад? Магар Аморати Бухоро ба Шариати исломӣ устувор набуд?

Саволе, ки бевосита ба зиёиён рабт дорад: Оё мешавад зиёиёнро бо “боистан” аз ҳама фасодҳои ахлоқиашон озод кард? На. Балки офаридани системаҳои фикрӣ ва ҳунарӣ метавонад инсонро озод кунад. Танҳо инсони озод аз фасоди ахлоқӣ ва интеллектуалӣ вораста аст. Вагарна чаро муъминон аз ҳама бештар фасодкоранд?

Мақола дар зеҳн саволи дигареро меангезад: Воқеан чаро аз замони Сомониён (ва албатта то Сомониён ҳам) то даврони Манғитиён ва аз замони Шӯравӣ то имрӯз ҳукуматдорон ва солорони сипоҳ аз ҳисоби бардагону ғуломон (ҳам аз назари баромади иҷтимоӣ ва махсусан аз назари ҳолати равонӣ) баргузида мешаванд? Сомониён хизматгорони Аббосиён буданд, Ғазнавиён ғуломони Сомониён, Аёз чокари Маҳмуд, Ёқубқушбегӣ ғуломи Манғитиён ва ғайра. Ҳама хизматгорону ғуломон ва чокарон вазиру сипаҳсолор ва надим шуданд.

Дар ин ҷо ҳеч муаммое нест. Сабаб: вафодории ин ғуломон ба хоҷагонашон, ки гоҳо хиёнат ҳам мекарданд. Сабаби аз байн рафтани бисёре аз шоҳигариҳо, хилофатҳо, аморатҳо ва ҷумҳуриҳо дар Осиёи Марказӣ на далерии душман, на исёни мардум ва на эътирози хирадманд, балки хиёнати чокарони надим буда. Дар системаи сиёсии осиёимарказӣ ғуломпарварӣ ба хотири хоҷапарастӣ аст, на ба хотири чизи дигар. На аз барои инсондӯстӣ! Балки чокарони надим ба ҳар минвол таҳқиру масхара ва бешараф мешуданд. Маҳз талаби вафодорӣ аст, ки дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша аҳмақу дун ва разилу ношуд соҳиби вазифа мешаванд. Чун инсони хирадманд ва бошараф (касе, ки қадри худро медонад ва ба хотири манфиат худро паст намегузорад) ба хотири манфиатҳои ночиз ва ба зарари манфиатҳои умумимардумӣ ва умумимиллӣ вафодори ҳукуматдорони золим, худхоҳ ва ҳарис намешаванд.

Барои он ки давлатдорӣ аз ин шумиҳо раҳо ёбад, бояд усули шоистасолорӣ ҷои вафодориро бигирад. Барои шоистасолорӣ шарти аввал тағйирпазирии ҳукуматдорон аст. Табиист, ки ҳукуматдороне, ки зиёд дар давлат мондаанд, дар атрофи худ надимони вафодорро ҷамъ меоранд. Дар чунин системаи гандида ва пӯсида шахс ҳар чӣ қадар аҳмақтар бошад, ҳамон қадар вафодортар мешавад. Инсоне, ки ба хотири манфиатҳои ночиз таҳқиру бешарафиро мепазирад. Аммо буғсҳо дар дилаш ҷамъ мешаванд ва рӯзе ба хоҷааш ҳатман хиёнат мекунад. Нитше ин ҳолати ғуломро бо консепсияи ресентимент баён карда буд.

Камбудии дигари системаи вафодорӣ он аст, ки ҳукуматдорони бо ҳам аҳдбаста дар асл аз якдигар метарсанд. Акбар Турсон аз забони Аҳмади Дониш меорад, ки ҳукуматдорони Мовароуннаҳр дар ихтиёр мулки бузург надоранд, вале ҳар кадоме орзу мекунад ва агар ғайраташ расад, даъво мекунад, ки ақаллан ба мулки худ (чун Хуқанд, Кошғар, Хоразм ва Бухоро) ва ҳатто ба вилояти кӯчаки худ (чун Ҳисор, Масчо ва Кӯлоб) подшоҳ бошад. Ин худхоҳӣ дар ҳолест, ки ҳар кадоми он ва ҳатто худи Амир аз якдигар меҳаросанд ва бо тарси абадӣ ҳукумат мекунанд. Ин буздилон ҳамеша тарс дар дил доранд, ки хоҷа ӯро аз вилояташ маҳрум мекунад ва ё амир дар дил бим дорад, ки волӣ ба ӯ хиёнат мекунад. Ҳамин гуна амирону надимон ва ҳокимони маҳаллии онҳо садсолаҳо мезистанд, ҳукумат меронданд, худро бахшояндаву вафодор вонамуд карда, ба якдигар хиёнат мекарданд.

Хосияти систмеаи вафодорӣ чунин аст: ҳамин ки дар уфуқ (горизонт) қудратмандтаре аз хоҷааш (амир, шоҳ, президент...) пайдо шуд, зердаст хиёнат мекунад ва ба қудратманди нав аҳди вафодорӣ мебандад. Ҳамин аст тафсири ҳама пирӯзиҳои кӯчак ва шикастҳои бузурги ҳукуматдорони Осиёи Марказӣ дар гузашта ва имрӯз.

Маҳз системаи вафодорӣ аст, ки табақаи надимон ба вуҷуд меояд. Надимон аз сабаби робитаи наздик ба ҳукуматдор (ҳатто бо хонавода ва ҳарими хусусии ӯ) ба боварии шахсии ӯ даромада, давлатро аз пушти парда идора мекунанд. Онҳо Шуъбаи кадрҳои Ҳукумат ҳастанд. Аз сояи донишмандоне чун Аҳмади Дониш ва Акбар Турсон метарсанд, ки мабодо ба Хоҷаашон қарибӣ ёбанд ва Хоҷа аз аблаҳию разилии надимонаш бохабар шавад. Аммо ин ҳадси Аҳмади Дониш аз ноумедист. Дар асл, Амир худаш сабабгори дур кардани Аҳмади Дониш аз давлатдорӣ буд, чун аз ӯ вафодорӣ надид. Чун Аҳмади Дониш шарафи инсонии худро ҳадяи бозиҳои сиёсӣ накард. Барои Амир ва системаи вафодориаш чунин шахс на фақат лозим набуд, балки хатарнок ҳам буд. Ин гуна шахс эффекти домино дорад: неруҳои эътирозӣ, ки дар дохили ҳукумат, дар байни зиёиён ва дар ҷомеа ниҳонанд, ба ҳаракат меоянд.

Хушбоварии Дониш, яъне эътимод ба иродаи озоди ҳукуматдор аз нашинохтани системаи иҷтимоӣ реша мегирад. Ин гуна хушбоварӣ вижагии таърихии рӯшанфикрони тоҷик будааст. Ҳатто Садриддин Айнӣ ҳам чунин хушбовар буд. Ӯ ин ҳолаташро дар “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” (1918) тасвир мекунад. Вақте ки ӯро 72 чӯб мезаданд, дар зеҳнаш мегузашт: Чӣ дареғо, Амир (Олимхон) аз ин аҳвол, ки бедалел ва золимона шиканҷа мешавам, хабар надорад. Эй кош, Амир огоҳ мешуд ва адаби надимонашро медод!

Агар ҳукуматдор огоҳ бошад, чӣ дигаргунӣ ва ё беҳбудӣ мешуд? Бовар дорам, Амир аз ин зулм огоҳ буд, балки бо амри ӯ чунин фишору шиканҷа ба роҳ монда шуда буд. Ин савол бевосита ба таърихи муборизаҳои адолатталабӣ ва озодихоҳии тоҷикон рабт дорад. Ба ҳамаи муборизоне рабт дорад, ки ба беайбӣ ва муқаддасии шоҳу амиру халифа... бовар доштанд ва ҳатто ба Абӯмуслими Хуросонӣ, ки қурбони ин хушбоварӣ шуда буд. Ин савол ба имрӯзиён низ дахл дорад: Оё ҳанӯз ба шахси ҳоким хушбоваред ва пайваста умедвори шафоату меҳрубонӣ ва бахшиши ӯ ҳастед? Ҳатто ба хотири як пора хоки гӯр?

Дар партави ин ҳама саволҳои беҷавоби таърих, боз саволи дигаре ба зеҳн мерасад: Нуқс ва фасоди ахлоқии инсон, аз ҷумла зиёӣ магар аз ҳамин системаи вафодорӣ реша намегирад, то аз “метафизикаи сиришти одамӣ”? Навъи башари мовароуннаҳрӣ ба он андозае аз назари ақлӣ рушд накардааст, ба он андозае кунҷков нест, ки чун Аҳмади Дониш ва Акбар Турсон ҳақиқатро берун аз системаи вафодорӣ дар олами метафизикӣ ҷустуҷӯ кунад.

Агар чунин нест, пас, чаро Бухорои шариф ба мулки Лот ва Фиръавн (ба ифодаи Дониш) табдил ёфт? Чаро дар ин сарзамин, ки тӯли садсолаҳо Шариати исломӣ ҳукмфармо буд ва бузургонаш нафсро ба ҳар гунае мазаммат мекарданд, ҳукуматдорон ҳарамсароҳо доштанду чокари нафси хокии худ гашта буданд? Балки мушкилии аслӣ дар ҳамин метафизикаи Лоту Манут ва Фиръавн нуҳуфтааст. Яъне инкор ва шармсор кардани нафси хокии инсон (чун дӯст доштану лаззат ёфтан аз ҷинси муқобил). Метафизикаи сиришти одамӣ тафсири дигаре надорад: нафсро инкор кардӣ, пасту дун шумурдӣ, аз ту қасд мегирад ва чокари худ месозад. Аз зердаст вафодории тамому кӯр хостӣ, ҳатман рӯзе хиёнат мекунад. Бешубҳа, надимону чокарон хоҷаи худро ба ғуломи хостаҳои худ табдил додаанд. Магар қавми хиёнаткортареро дидаед? Қавме, ки духтарҳояшонро ба Амир тортуқ мекарданд. Қавме, ки дар қиморбозӣ хонаву чорво, хоҳару зану духтар ва ҳатто писарро мебохтанд. Қавме, ки ба хоҷагонаш писарашро барои бачабозӣ мефурӯхт ва иҷора медод. Қавме, ки баъди Курӯш то имрӯз сарзаминашро пора-пора ба гарав мегузоранд ва мефурӯшанд. Қавме, ки даъвои ҷаҳонгирӣ дораду бо султонҳои усмонии турк менозад.

Қавме, ки аксарияташ хомӯш аст. Аксарияти авоме, ки якрӯза базму тарабро, ки аз ҳисоби гадоӣ дар хони хоҷа меёбад, аз соли дароз бе обу бе нон, бе чароғу бе гармӣ ва бе саводу бе табобат мондани фарзандонаш бартар мешуморад. Авоме, ки намедонад хоҷа аз ҳисоби ғорати молу ҳоли онҳо ҳар рӯз базм меорояд ва устухоне ҳам ба ӯ мепартояд. Қавме, ки Амираш дар кишвари худ мактабу беморхона намесозад, вале дар Қрими Рус, барои тоторҳои “ҳамдин” беҳтарин беморхона месозад ва бунёди молиявиеро барои маблағгузории мактаббачагони мусулмон, ки аз рӯи барномаи таълимии Ҳукумати Рус таълим мегирифтанд, таъсис медиҳад.

Қавме аз азал худбохта ва бадбахт, қавме як умр гирифтори ҳокимони золим ва заҳҳокдӯш...

Аз Идора. Матолибе, ки дар гушаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Таҷлил аз солрӯзи Раҳим Масов, нигорандаи "Таърихи табартақсим"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:02 0:00
XS
SM
MD
LG