Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъдоми як нафар ба гуноҳи ҳамкорӣ бо "Моссад" дар Эрон 


Мақомоти Эрон як нафарро дар вилояти Сиистону Балуҷистон ба гуноҳи иртибот бо ниҳодҳои хориҷӣ, аз ҷумла "Моссад", идораи истихбороти Исроил, эъдом кардаанд.

Ба гузориши Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, аз 16-уми декабри имсол ҳувияти ин шахс, ҷузъиёт ва замони боздошти ӯ мушаххас нест.

Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки “вай дидаву дониста маълумоти махфӣ гирд оварда, ба мақомоти хориҷӣ, бахусус идораи истихбороти Исроил пешниҳод кардааст”.

Тасдиқи он аз манобеи мустақил имконпазир нест.

Давлати Эрон дар солҳои гузашта иддао кардааст, ки даҳҳо нафарро ба гумони ҷосусӣ дастгир кард.

XS
SM
MD
LG