Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зану се мардро дар Эрон ба қатл расонданд


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Мақомот дар Эрон як зан ва се мардро ба гуноҳи ҷосусӣ ба фоидаи "Моссад", хадамоти истихборотии Исроил, эъдом (қатл) кардаанд.

Ҷумҳурии Исломӣ ва Исроил солҳо боз дар мухолифат ҳастанд. Душмании онҳо дар пайи идомаи ҷанг дар Навори Ғазза миёни Исроил ва "Ҳамос" (аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ дониста шудааст) шиддат гирифт. Теҳрон аз "Ҳамос" пуштибонӣ мекунад.

"Мизон", нашрияи вобаста ба қувваи қазоияи Эрон, рӯзи 29-уми декабр навишт, ки ҳукми Вафо Ҳанора, Ором Умрӣ, Раҳмон Парҳозу ва Насим Намозӣ дар моҳи феврали имсол баромада, нав иҷро шуд.

Ба иттилои манбаъ, чор нафар расман ба "душманӣ бо Худо” ва "фасод дар рӯйи замин" гунаҳкор дониста шудаанд.

Шабакаи Ҳуқуқи Башари Курдистон мегӯяд, ҳукми эъдом дар ҳоле иҷро гардид, ки вакилони мудофеъ барои баррасии дубораи парванда ба додгоҳ ва Кумисюни афв муроҷиат карда буданд.

Эъдомҳо дар Эрон дар пасманзари эътирозҳои густурда, ки марги Маҳсо Аминӣ дар моҳи сентябри соли 2022 барангехт, ба таври чашмрас афзудааст.

Ҳуқуқи Башари Эрон мегӯяд, то моҳи декабри соли 2023 дар Эрон зиёда аз 700 нафар ба қатл расонда шуданд.

Созмони Афви Байналмилал ҳам гузориш дод, ки ҳукумати Эрон дар соли 2023 бештар аз ҳар кишвари дигар, ба истиснои Чин, муттаҳамонро қатл кардааст.

XS
SM
MD
LG