Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мошинашро мешӯянд, пул намедиҳад". Баҳси соҳибкор бо маъмурони милиса то додситонӣ рафт. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нисбати як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон барои фаро рафтан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Абдураҳим Бобоёрзода, муфаттиши Додситонии Шоҳмансур рӯзи 6-уми декабр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, парванда нисбати Раббонӣ Давлатов, корманди шӯъбаи пулиси ноҳияи Рӯдакӣ-2, дар пай шикояти як соҳибкори тоҷик бо номи Хуршед Саидов сурат гирифтааст.

Бобоёрзода таъкид намуд, ки нисбати корманди пулис тибқи моддаи 316, қисми 3, банди "а"-и Кодекси ҷиноӣ, ки “баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ”-ро дар назар дорад, парванда боз намудаанд. Ин меъёри қонун дар сурати исботи худро ёфтан, бештар аз 50 то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ солро пешбинӣ намудааст.

Худи соҳибкор Хуршед Саидов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар баробари Раббонӣ нисбати Даврон Имомов, корманди дигари шӯъбаи пулиси ноҳияи Рӯдакӣ-2 низ шикоят намудааст, ки аз хадамоти мошиншӯии ӯ истифода карда, пайваста аз пардохти ҳаққи хидмат саркашӣ мекунанд.

Шикояти соҳибкор аз шиканҷаи афсарони милиса
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00



Ин соҳибкор дар нӯҳкилометрии шарқи шаҳри Душанбе як коргоҳи шустушӯи мошинҳо ва ошхонае дар ихтиёр дорад. Ба қавли ӯ, Раббонӣ ва Даврон-ду корманди пулиси Рӯдакӣ-2 ба коргоҳи онҳо омада, бо дағалгуфторию зургӯӣ коргаронашро маҷбур месозанд, то мошинҳояшонро ройгон шустушӯ намоянд.

Абдураҳим Бобоёрзода, муфаттиши парванда мегӯяд, феълан аллайҳи Даврон Имомов, корманди дигари пулис парванда боз нашудааст, вале омӯзиши шикояти соҳибкор ҳанӯз идома дорад. Бобоёрзода ба манзури халал нарасонидан ба сири тафтишот, аз гуфтани ҷузъиёти бештар худдорӣ намуда, танҳо таъкид кард, ки шикояти соҳибкор дар доираи қонун ва мунсифона баррасӣ мешавад.

Як корманди шӯъбаи пулиси Рӯдакӣ-2, ки нахост номаш бурда шавад, рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шикояти расмии соҳибкор нисбат ба амали кормандонашон хабар дорад, вале тафтишот маълум хоҳад кард, ки онҳо дар асл чӣ амали ғайриқонуние нисбат ба соҳибкор анҷом додаанд. Ҳамсӯҳбатамон, бо таваҷҷӯҳ ба шикояти соҳибкор таъкид намуд, ки бовар надоранд, ки ҳамкоронашон бо сӯистифода аз ваколотҳои хидматӣ коре карда бошанд: “Ин ду ҳамкорамон ҳоло аз вазифа озод нашуда, сари кор ҳастанд”

Ба қавли ҳамсӯҳбатамон, Раббонӣ Давлатов ва Даврон Имомов кормандони пулис ҳини бозпурсӣ дар додситонӣ шикояти соҳибкорро беасос хондаанд. Рӯзи 7-уми январ дар шӯъбаи пулиси Рӯдакӣ-2, Раббонӣ ҳозир нашуд бо мо ҳамсӯҳбат шавад.

Даврон Имомов дар як сӯҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, шикояти соҳибкор алайҳи ӯ дар мавриди баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва ё бо истифода аз мақоми корияш саркашӣ аз пардохти ҳаққи шустушӯи мошин асос надорад.

Дар ҳамин ҳол соҳибкор Хуршед Саидов мегӯяд, ин ду корманди пулис бо зургӯиву дағалгуфторӣ борҳо аз коргарони ӯ хостаанд, ки мошинҳояшонро ройгон шустшӯй намоянд ва аз пардохти 20 сомонӣ ҳаққи хизматрасонӣ (мошиншӯӣ) саркашӣ мекардаанд. Ба қавли ӯ, ахиран, як моҳ қабл се тан аз коргаронаш, пас аз он ки шустушӯи ройгони мошини корманди пулисро рад кардаанд, аз сӯи Раббонӣ, корманди пулис мавриди латукӯб қарор гирифтанд. Ӯ афзӯд, ташхисҳои пизишки қонунӣ захмҳои бардоштаи зердастонашро рӯи даст дорад, ки ҷароҳати бардоштаи онҳоро тасдиқ мекунад.

Хуршед Саидов таъкид намуд, ки таҷрибаи 10-солаи соҳибкорӣ дорад ва ба назари ӯ, чунин бархурди бархе аз кормандони ниҳодҳои умури дохилӣ дили соҳибкоронро сард намуда, боиси барҳамхурии коргоҳашон мешавад.

Вай афзӯд, ҳоло кормандони пулис ба ҳар роҳу восита талош доранд худро бегуноҳ нишон диҳанд ва баъзе аз афроди наздик ба онҳо аз ӯ талаб доранд, аз шикояташ даст кашад.

Шикояти ин соҳибкор аз зургӯию дахолати ду кормандони пулис ба кораш дар ҳолест, ки масъулони блоки иқтисодии Тоҷикистон пайваста такрор мекунанд, ки рушди соҳибкориро дар кишвар яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додаанд.

Ҳарчанд сӯистифодаи кормандони пулис аз мақоми худ ва даст задани онҳо ба озору азияти соҳибкорон дар доираи коршиносону афроди огоҳ аз бахши хусусӣ садо медиҳанд, вале кам ҳолатҳое ба назар мерасад, ки соҳибкорон алайҳи мансабдорон ошкоро шикоят баранд.

Дар нӯҳ моҳи соли 2019 дар Тоҷикистон 260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ кори худро қатъ кардаанд. Ба иттилои Ожонси омори Тоҷикистон ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 ёздаҳ дарсад бештар аст. Ҳарчанд мақомоти кишвар борҳо таъкид намудаанд, ки тоб наовардани соҳибкорон ба шароити феълии иқтисоди бозаргонӣ яке аз сабабҳои аслии қатъи корашон аст, вале коршиносони мустақил ҳар гуна дахолату санҷишҳои беҳуда нисбат ба соҳибкорон ва молиёт ё андози гарону миёншиканро сабаби қатъи фаъолияти соҳибкорон медонанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG