Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар миёни 20 кишваре, ки "шароити соҳибкориро беҳтар кардаанд". Чӣ гуна?


Акс аз бойгонӣ

Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба феҳрасти 20 кишваре ворид кард, ки шароити пешбурди соҳибкориро дар як соли ахир беҳтар кардаанд. Дар ин бистгона ба ҷуз аз Тоҷикистон, Узбекистону Қирғизистон, Чин, Озарбойҷон ва кишварҳои африқоие ба монанди Того шомиланд.

Бо вуҷуди ин пешрафтҳо, мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии Doing Business, ки ҳар сол аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ таҳия мешавад, хуб нест. Дар раддабандии охири “Doing Business-2019” ва ё “Пешбурди тиҷорат” мавқеи Тоҷикистон аз 123 ба 126 поин омада буд.

Рӯйхати бистгонае, ки Бокни Ҷаҳонӣ рӯзи 30-юми сентябр нашр кард, ҷузъе аз раддабандии Doing Business нест. Раддабандии нави “Doing Business 2020” рӯзи 24-уми октябри 2019 муаррифӣ хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, бисёре аз соҳибкорони тоҷик аз андози зиёд, шеваҳои печидаи молиётсупорӣ ва тафтишҳои пайвастаи кормандони мақомоти гуногун шикоят мекунанд ва ҳамаи инро далели ривоҷ наёфтани тиҷорати худ медонанд.

Ба ҳисоби мақомот дар шаш моҳи аввали имсол беш аз 13 ҳазор соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд. Коршиносон ин рақамро мояи нигаронӣ медонанд, вале мақомот мегӯянд, ба ҷои ин ширкату корхонаҳои нав кушода шудаанд ва ҷойе барои ташвиш нест.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ низ навиштаанд, пешрафти Тоҷикистон дар як соли охир “аз осон кардани оғози соҳибкорӣ иборат аст”.

Сабукии аввал, ба назари онҳо, ин будааст, ки ҳангоми сабти номи ширкати нав дар Тоҷикистон он якбора дар ниҳоди ҳифзи иҷтимоӣ ба қайд гирифта мешавад. Қабл аз ин, муассисонро зарур буд, ки баъд аз сабтиноми ширкат дубора онро дар ниҳоди ҳифзи иҷтимоӣ ба қайд гузоранд.

Дувум, ба навиштаи Бонки Ҷаҳонӣ, Тоҷикистон махзани ягонаи гаравҳоро таъсис дод, ки бар асоси он ширкатҳо метавонанд моликияти ғайриманқули худро ба гарав гузошта, аз бонкҳо қарз гиранд. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, “таъсиси махзан дастрасии соҳибкоронро ба қарзҳои бонкӣ бештар мекунад”.

Дар ниҳоят, ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, ниҳоди гумруки Тоҷикистон як зумра чораҳоро рӯи даст гирифтааст, ки “содироти маҳсулоти ғизоии зудвайроншавандаро метезонад”.

Айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудааст ва саҳми бахши хусусӣ дар иқтисоди миллӣ аз 70 дарсад бештар гуфта мешавад.

Вале солҳои ахир баъзе аз соҳибкорон бо сабаби ба гуфтаи онҳо баланд будани андоз, фазои номусоиди соҳибкорӣ, мушкилоти молӣ ва санҷишҳои ба такрори мақомот фаъолияти худро қатъ мекунанд.

Бархе аз ин соҳибкорон талош мекунанд, ки соҳибкории худро дар Қирғизистон ва ё Туркияву кишварҳои дигар идома диҳанд.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG