Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкории хурду миёна. Пешравие ҳаст?


Мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, талош доранд, ки барои соҳибкорон ва беҳбуди фазои сармоягузорӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам оранд, вале омори расмӣ аз ногувор шудани шароити кор дар ҷумҳурӣ қисса мекунад. Коршиносон дар ин таҳдидҳо ба иқтисоди миллиро мебинанд, вале намояндаҳои тиҷорати хурду миёна вазъи худро дар бозор гуногун арзёбӣ мекунанд.

Санҷишҳои озордиҳанда

Раҳимбой Қодиров, намояндаи муқаррарии тиҷорати хурду миёнаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд аст. Ӯ беш аз 15 сол боз ба омода ва паҳн кардани ширинӣ сару кор дорад ва ба гуфтаи худаш саривақт андозу пардохтҳои дигари давлатиро месупорад.

“Вале ҳар рӯз ё намояндаи андоз ё милиса ва ё кадом ниҳоди дигар омада, мавзӯи бепояро баҳона мекунанд ва пул мехоҳанд. Ҳоло намояндаҳои шабакаҳои барқии шаҳр меоянд. Онҳо талаб доранд, ки ноқили 60 кВт-ро ба 100 кВт иваз намоям, ҳарчанд таҷҳизоти ман ҳамагӣ барои 40 кВт мебошад. Ду ҳазор сомонӣ талаб доранд ва дар сурати надодан таҳдид мекунанд, ки мушкил пеш меояд”, - нақл кард соҳибкор.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ин гуна пардохтҳои расмиро зарур мешавад ба кормандони болонишин бисупоранд, то онҳо ҷилави зердастонашонро бикашанд, вале рӯз то рӯз шумораи онҳо зиёдтар мешавад.

“Шояд то охири сол ва ё аввали соли оянда тиҷоратро қатъ мекунем, зеро дигар имкони кор кардан нест. Бе ин ҳам фоида бисёр ночиз аст, аммо моро мисли гов медӯшанд”, -- шикоят кард Қодиров.

Раванди беинтиҳо

Чанд сол аст, ки дар кишвар раванди кам шудани шумораи субъектҳои тиҷорати хурд мушоҳида мешавад. Оҷонси омори Тоҷикистон хабар дод, ки то якуми октябр 260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ кори худро қатъ кардаанд.

Ин коҳиш дар пасманзари суханрониҳои раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди дастгирии соҳибкорон ва иҷрои ҳадафи чаҳоруми стратегӣ ё саноатӣ кардани кишвар, ки сатҳи баланди ҷаззобияти сармоягузориро талаб менамояд, сурат мегиранд.

Розиҳо ҳам ҳастанд

Зимнан, миёни соҳибкорон онҳое ҳам ҳастанд, ки шароит дар Тоҷикистонро барои пешбурди тиҷорати хурду миёна мутаносибан мусоид медонанд. Шодӣ Рашидбеков муҳандиси барномасоз аст ва ба сохтани вебгоҳ (сайт) барои корхонаҳои гуногун машғул аст ва ҳамчунин молики як хобгоҳ (хостел) барои гардишгарон дар шаҳри Хоруғ мебошад.

“Дар ибтидо ҳамчун соҳибкори инфиродӣ фаъолият мекардам, баъдан хидматрасониҳо бештар шуд ва мо “ҷамъияти масъулияташ маҳдуд”-ро номнавис кардем. 6 дарсади андози соддакардашуда месупорем”, -- мегӯяд Рашидбеков. Вай ба кори худ бо хушбинӣ менигарад ва мегӯяд, мушкили ҷиддиеро ҳис намекунад.

“Ниҳодҳо тиҷоратро шикор мекунанд”

Албатта намешавад гуфт, аз 260 ҳазор соҳибкоре, ки корашонро қатъ кардаанд, ҳамагӣ ба соҳибкорӣ машғул буданд ва дарҳол тиҷорати худро қатъ намуданд. Фикр мекунам, аксари инҳо бо патент ё шаҳодатнома кор мекарданд, вале дар тиҷорат фаъол набуданд. Омили ихтиёран бастани тиҷорат метавонад дархости супоридани андоз бошад. Вале ин бозгӯкунандаи он нест, ки тиҷорат таҳти фишор набошад”, -- мегӯяд шореҳи иқтисодӣ Абдуманнон Шерлиев.

Ба гуфтаи ӯ, ниҳодҳои санҷишгар ба тиҷорат ҳамчун гург ба оҳу менигаранд ва мехоҳанд аз тиҷорати тоза бозшуда суд (ҳақ) бигиранд, ки “ин як омили кушандаи тиҷорат мебошад”.

Мушкили андозбандӣ дар Тоҷикистон ҳамеша дар расонаҳо аз сӯйи соҳибкорони хусусӣ ва доираҳои коршиносӣ интиқод мешавад. Соли ҷорӣ дар тадқиқоти "Paying Taxes 2019" (Андозбандӣ дар соли 2019), Тоҷикистон дар шумули даҳгонаи кишварҳое қарор гирифт, ки баландтарин сарбории андозро доранд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дарсад дар бар мегирад, ки шомили сарбории андоз ва дигар пардохтҳо нисбат ба фоидаи ширкатҳо мебошад.

Имтиёзҳо ва нуқтаҳои заъф

Бояд гуфт, ки дар кишвар мораторияи дусолаи санҷиши соҳибкорон амал мекунад, ки Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 бо мақсади эҷоди шароити мусоид барои соҳибкорӣ эълон намуд. Он замон ӯ гуфта буд, ки дар Тоҷикистон 78 ниҳоди санҷишгар мавҷуд аст, ки вазифаҳои якдигарро дунбол мекунанд. Дар мулоқоти ахир бо намояндагони бахши саноат президент аз номуассир воқеъ шудани имтиёзҳои додашуда ба корхонаҳо изҳори нигаронӣ кард ва аз ҳукумат талаб намуд, ки корро дар ин самт ҷоннок кунад.

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ба ин назар аст, ки низоми мавҷуда муассирии моратория эълоншударо коҳиш медиҳад ва корхонаҳоро на ба таври мустақим, балки тавассути ширкатҳои дигар месанҷанд.

“Масалан парвандаи маъмурӣ бо гумони содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ нисбат кадом як корхонаи дигар боз мекунанд. Метавонанд санҷишро ба далели вайрон кардани муқаррароти хос бигузаронанд, барои мисол, ба далели мақсаднок истифода накардани бинои иҷорагирифташуда. Ва дар доираи он, масалан санҷиши ғайринақшавӣ мегузаронанд. Дар ин ҳолат, тафтишоти маъмурӣ – ҳамагӣ як баҳона аст. Моратория тиҷорати хурдро аз ҷавобгарӣ озод намекунад”, -- шарҳ медиҳад коршинос.

Ӯ таъкид кард, ки ба ҷуз ин санҷишҳо ҳамчунин баъзе пулҷамъкуниҳо барои ҷашнҳои гуногуни шаҳрӣ, сохтмон ва таъмири ҳудудҳои хос ва ғайра низ вуҷуд доранд.

Интизориҳо ва воқеият

Моҳи августи имсол андозсупорандагони тоҷик беш аз 200 пешниҳоди худро ба гуруҳи кории Вазорати молия, ки Кодекси нави андози Тоҷикистонро коркард мекунад, фиристоданд. Завқибек Шодиён, сардори Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии вазорати молияи Тоҷикистон он замон дар мусоҳиба ба Радиои Озодӣ гуфта буд, аз ҳама бештар пешниҳодҳо ба коҳиши ҷаримаҳо, кам кардани санҷишҳо, пойин овардани ҳаҷми андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши изофашуда, низоми соддакардашудаи андозбандӣ дахл доранд.

Ҳоло маълум нест, ки ин пешниҳод мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд ё не, вале дар ҷаласаи рӯзи 23-юми октябри порлумон ҳамагӣ он ислоҳоте ворид карда шуд, ки ба сармоягузорони бахши сарватҳои зеризаминӣ дахл дошт, ки онҳоро аз супоридани ҳаҷмии умумии “подписной бонус” пеш аз шурӯи кор озод мекунад. Дар мавриди дигар тағйироти нав дар Кодекси андоз ҳанӯз иттилоъ дода нашудааст.

“Вазъ бозгӯкунандаи динамикаи мусбат нест”

Муовини пешини вазири иқтисоди Тоҷикистон Каримҷон Аҳмадов, ки ҳоло дар Канада зиндагӣ мекунад, гуфт, тақвияти соҳибкории хурду миёна барои нигоҳ доштани суботи иҷтимоӣ дар кишвар бисёр муҳим аст, вале ба ин ки ҳукумати феълӣ метавонад ин мавзуъро ҳал кунад, бо шубҳа менигарад. “Ин як модели мавҷудаи омезишёфтаи сиёсиву иқтисодист, ки мутаасифона як доираи норавшан аст. Дар кишвар муҳити корие, ки лозим аст, вуҷуд надорад. Сармоягузорони ҷиддӣ дақиқан медонанд, ки дар кишвар чӣ мегузарад. Дар кишвар амалан дар тамоми бахшҳои иқтисод аллакай сохторҳои тиҷоратии марбут ба шахсони раҳбарияти болои кишвар амал мекунанд ва ҳама гуна сармоягузорӣ пеш аз ҳама на ба манфиати иқтисоди миллӣ, балки бо назардошти манфиатҳои ин сохторҳои тиҷоратӣ карда мешавад. Шароити сохташуда барои рушди тиҷорат дар кишвар дар маҷмуъ ба манфиатҳои стратегии миллӣ посухгӯ нест”, - мегӯяд Аҳмедов.

Ба таъкиди ӯ бо эҷоди комиссиюн ва шӯроҳо мушкил ҳал намешавад ва зарурати ислоҳоти решаии мудирияти давлатӣ вуҷуд дорад.

Бо ин вуҷуд, Тоҷикистон дар марҳилаи иҷроӣ кардани Стратегиеяи миллии рушд барои соли то 2030 қарор дорад, ки аз сӯйи порлумон дар соли 2016 пазируфта шуд. Коршиносон он замон ин барномаро бештар баландпарвозона хонданд.

Дар ҳоли ҳозир дар кишвар 553,1 ҳазор соҳибкори инфиродӣ номнавис шудааст.

Шарҳҳоро бинед (8)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG