Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар. Чӣ тағйир кардааст?


Дар раддабандии нави "Doing Business – 2020", ки Бонки Ҷаҳонӣ омода кардааст, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари ҷаҳон ворид шуд. Соҳибкорону сармоягузорон мегӯянд, ки шароити бизнес дар кишвар чандон тағйир надидааст ва ҳамоно пур аз мушкил аст.

Бонки Ҷаҳонӣ раддабандии нави "Doing Business – 2020" ва ё Пешбурди тиҷоратро рӯзи 24-уми октябр муаррифӣ кард. Тоҷикистон дар раддабанди нав бо касби 61,3 хол дар мақоми 106-ум аст. Дар раддабандии гузашта Тоҷикистон дар ҷойи 126-ум буд.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, Тоҷикистонро асосан барои гузаронидани се ислоҳот дар даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари сол ворид кард:

  • Додани рақами ягонаи иҷтимоӣ (СИН) ҳангоми сабти номи ширкати нав дар шаҳодатнома. Қабл аз ин, муассисонро зарур буд, ки баъд аз сабтиноми ширкат дубора онро дар ниҳоди ҳифзи иҷтимоӣ ба қайд гузоранд.
  • Беҳтар кардани дастрасии бизнес ба қарзҳои бонкӣ аз ҳисоби таъсиси махзани ягонаи гаравҳо. Бар асоси он ширкатҳо метавонанд моликияти ғайриманқули худро ба гарав гузошта, аз бонкҳо қарз гиранд.
  • Сабук кардани расмиёти гумрукӣ барои содироти маҳсулоти зудвайроншаванда. Гумруки Тоҷикистон як зумра чораҳоро рӯйи даст гирифтааст, ки “содироти маҳсулоти ғизоии зудвайроншавандаро метезонад”.

Бархе аз соҳикборону коршиносон мегӯянд, эҳтимол Тоҷикистон баъзе аз қоидаву қонунҳоро ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мувофиқ кардааст, то обрӯи худро ҳифз кунад, вале шароити бизнес дар кишвар ҳамоно нигаронкунанда аст. Соҳибкорон тафтишҳои паёпай, ҷаримаҳои ҳангуфт, андози баланду даромади кам ва фишори мақомоти расмиро аз монеаҳои кори худ медонанд.

Оҷонси омори Тоҷикистон ҳам мегӯяд, дар нӯҳ моҳи соли 2019-ум 260 ҳазор соҳибкори инфиродӣ кори худро қатъ кардаанд. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад бештар будааст.

Дар раддаи аввали даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгари сол дар "Doing Business – 2020" имсол Покистон қарор гирифт. Дар ин даҳгона ҳамчунон Арабистони Саудӣ, Урдун, Того, Баҳрайн, Кувайт, Чин, Ҳиндустон ва Нигерия ҷой доранд.

Ян Петер Олтерс, мудири дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар изҳороте гуфтааст, "дар пасманзари ҳадафҳои баландпарвозонаи рушд ва пайдо шудани имконоти тиҷорӣ, Тоҷикистон дарк кард, ки беҳтар намудани фазои корӣ барои корхонаҳои хурду миёна калиде барои навоварӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби сармояҳо аст."

Бонки Ҷаҳонӣ гуфтааст, дар ояндаи наздик Тоҷикистон бояд рӯи ислоҳот дар дастрасии бизнес ба барқ, муфлисшавӣ, пардохти андоз ва гирифтани иҷозаи сохтмон диққат диҳад. Мавқеи Тоҷикистон дар ин арсаҳо дар раддабандӣ чандон баланд нест.

Раддабандии "Doing Business" ҳар сол аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ таҳия мешавад. Мақоми ҳар кишвар дар ин гузориш аз рӯи 10 шохис – сабти номи корхона, иҷоза гирифтан барои сохтмон, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, дастрасӣ ба нерӯи барқ, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарзҳои бонкӣ, ҳимояи сармоягузорон, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, муфлисшавӣ ва монанди инҳо – муайян мешавад.

Гузориши Бонки Ҷаҳонӣ беҳтарин шароитро барои пешбурди соҳибкориву тиҷорат дар Зелендияи Нав, Сингапур, Дания, Кореяи Ҷанубӣ, Бритониё, Амрико, Шветсия, Норвегия ва Финландия мушоҳида кардааст.

Шарҳҳоро бинед (1)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG