Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонун “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” тасвиб шуд


Рӯзи 2 январ презинти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи муқовимат ба экстремизм”-ро имзо кард. Вебсайти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ин қонун ба хотири пешгирӣ аз экстремизм равона шудааст. Тарҳи қонуни нави муқовимат бо ифротгароӣ бори аввал январи соли 2019 дар парлумони Тоҷикистон таҳияву баррасӣ шуд ва муаллифони он – мақомоти додситонии кулл ва аъзои парлумон гуфтанд, ки ҳадафи асосии ин қонун ба талаботу чолишҳои замони имрӯз мутобиқ кунонидани қонун ва ҳам мутобиқ кардани он ба қонуну муқаррароти байналмилалии мубориза бо ифротгароӣ мебошад.

Як манбаи Радиои Озодӣ он замон дар шарҳи мӯҳтавои қонуни нав гуфт, ки як вижагии он дар тафсири диқиқтари шахсияти нафари гумонбар дар ифротгароӣ мебошад. Ин шахс гуфт: "Масалан, ҳоло шахси салафӣ тафсири муайян надорад. Агар як шахси миёнсол риш монда, шалвори кӯтоҳ пӯшад ва намозашро ба тариқи дигар гузорад, ӯро "салафӣ" мегӯянд. Ҳастанд нафароне, ки ба хотири дигар хел хондани намоз боздошт мешаванд ва ба хотири тарғиби ақида ҳабс мешаванд. Бояд дар қонунгузорӣ дақиқ шавад, ки ақидаи ифротгароӣ кадом аст ва оё даъват ба гаравидан ба як ақида то куҷо ҷинояти хатарнок аст", - гуфта буд манбаи Радиои Озодӣ.

Ҳанӯз тарҳи қонуни нав нашр нашудааст.

Қабули ин қонун дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ва ҳам бархе дипломатҳои ғарбӣ мақомоти Тоҷикистонро барои осон ва бидуни таҳқиқи ҳамаҷониба бо иттиҳоми ифротгароӣ ба зиндон андохтани мардум, танҳо барои изҳори назар дар интернету шабакаҳои иҷтимоӣ маҳкум шудани даҳҳо нафар шаҳрвандон интиқод кардаанд. Яке аз даъватҳои мунаққидон ин аст, ки барои ифротгароӣ ҷазоҳои сабуктар ва орӣ аз зиндонӣ кардани инсон пешбинӣ шавад.

Тибқи омори расмӣ, соле дар Тоҷикистон наздики 1400 нафар бо иттиҳоми терроризм ва экстремизм боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва дар ҳолатҳои зиёд маҳкумшудаҳо ба бегуноҳии худ пойфишорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG