Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон қонуни мубориза бо тундгароиро ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ мекунад


Дар Тоҷикистон қонуни нави мубориза бо тундгароӣ таҳия мешавад, ки ба гуфтаи мақомот, усулҳои тозаи мубориза бо ин падидаро дар назар дорад. Қарор аст тарҳи нав то се моҳи дигар дар ихтиёри ҳукумат ва порлумон қарор гирад.

Абдураҳим Абдулҳасаниён, сардори Раёсати муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизми Додситонии кулл рӯзи 29-уми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи нави қонун дар бораи мубориза бо ифротгароӣ бо дастури президент дар ҳоли таҳия аст.

Абдулҳасаниён афзуд, қонуни феълии мубориза бо ифротгароӣ ба талаботи ҳозира пурра ҷавобгӯ нест ва ба ин хотир зарурати таҳияи қонуни нав ба миён омадааст.

Мақомот дар Тоҷикистон, ки ба ифротгроӣ аз ҷумла бар асоси мизони ҷинояткорӣ баҳо медиҳанд, мегӯянд, талошҳои онҳо дар амри мубориза бо ин падидаҳо натиҷа медиҳад.

Ба қавли Абдураҳим Абдулҳасаниён, "тағйироти асосӣ пеш аз ҳама ба санадҳои ҳуқуқиии байналмилалӣ, аз ҷумла, ба қарордодҳои Шӯрои амнияти СММ ва дигар ташкилоти байналхалқӣ ҷавобгӯ будани мафҳумҳое, ки дар қонуни нав ҷой мегиранд, рабт мегиранд". Ин масъули Додситонии кул афзуд, дар бораи тарҳи ниҳоӣ сӯҳбат кардан ҳоло барвақт аст, чун гурӯҳи корӣ ба тозагӣ корашро шурӯъ кардааст.

Дар бораи таҳияи қонуни нави мубориза бо тундгароӣ президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Маҷлиси олӣ масъалагузорӣ карда буд. Раисҷумҳур гуфта буд, мақомот бояд тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ифротгариро дар қонунгузорӣ такмил кунанд.

"Риш, шалвори кӯтоҳ: нишонаи як салафӣ чист?"

Абдураҳим Абдулҳасаниён, сардори Раёсати муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизми Додситонии кул.
Абдураҳим Абдулҳасаниён, сардори Раёсати муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизми Додситонии кул.

Мақомот ба хотири ниҳоӣ нашудани тарҳи нави қонуни мубориза бо тундгароӣ шарҳи бештар намедиҳанд. Аммо як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомӣ, ки аз ҷараёни таҳияи қонуни нав огоҳ аст, гуфт, пешниҳодҳои зиёде дар баррасӣ ҳастанд, ки дар сурати тасвиб, тағйироти чашмрасеро дар мубориза бо ифротгароӣ сурат хоҳад гирифт.

Ба қавли ин манбаъ, ки нахост номаш нашр шавад, як пешниҳоди аслӣ дар баррасии гурӯҳи корӣ, ин дақиқан тафсир кардани шахсияти нафари гумонбар дар ифротгароӣ мебошад.

Ӯ гуфт, "масалан, ҳоло шахси салафӣ тафсири муайян надорад. Агар як шахси миёнсол риш монда, шалвори кӯтоҳ пӯшад ва намозашро ба тариқи дигар гузорад, ӯро "салафӣ" мегӯянд. Ҳастанд нафароне, ки ба хотири дигар хел хондани намоз боздошт мешаванд ва ба хотири тарғиби ақида ҳабс мешаванд. Бояд дар қонунгузорӣ дақиқ шавад, ки ақидаи ифротгароӣ кадом аст ва оё даъват ба гаравидан ба як ақида то куҷо ҷинояти хатарнок аст",-гуфт манбаъ.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, пешниҳоди дигар ин аст, ки шаҳрвандон дар сурати таблиғ накардани ақоиди мамнӯъ танҳо ба хотири чанд нишона ба ифротгароӣ маҳкум нашаванд. Бо ин ҳама, манбаъ афзуд, ин танҳо пешниҳод аст ва маълум нест, ки то куҷо гурӯҳи корӣ дар лоиҳаи нав онро ба назар мегиранд.

"Сафир: Магар роҳе ба ҷуз зиндонӣ кардан нест?"

Шеваи мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон қаблан аз сӯи бархе дипломатҳои ғарбӣ интиқод шудааст. Аз ҷумла, Ҳолгер Грин – собиқ сафири Олмон дар Душанбе соли 2016 аз шеваи муборизаи мақомоти тоҷик бо ифротгароӣ интиқод ва суол карда буд, ки "оё Тоҷикистон ба ҷуз аз зиндонӣ кардани гумонбарон дар ифротгароӣ роҳи дигаре надорад?"

Ҳолгер Грин – собиқ сафири Олмон дар Душанбе.
Ҳолгер Грин – собиқ сафири Олмон дар Душанбе.

Ҳолгер Грин гуфта буд, ки мақомоти тоҷик гумонбарон ба ифротгароиро асосан ба зиндон кашида, барои аз ин роҳ баргардондани онҳо аз шеваҳои дигар истифода намекунанд. Вай гуфт, дар Олмон, 3 миллион мусалмон зиндагӣ доранд. Теъдоди салафиҳо бошад, ба 10 ҳазор нафар баробар аст. Аммо дар ин кишвар барои экстремизм ҷавобгарӣ ва ҷазо пешбинӣ нашудааст, танҳо барои амалҳои террористӣ ҷазо татбиқ мешавад.

Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон эроди Ҳолгер Гринро нодуруст хонда буданд.

Коршинос: "Ифротгаро метавонад бо шапка бошад"

Ифротгароӣ барои Тоҷикистон яке аз мушкилиҳои умдае мебошад, ки аз соли 2015 ба ин тараф мақомот мубориза бо онро пурзӯр кардаанд. Тибқи омори расмӣ, аз он сол то имрӯз наздики 1400 нафар бо иттиҳоми терроризм ва экстремизм дар Тоҷикистон боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Ҳамин тавр, наздики 1900 шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ пайвастанд. Коршиносон мегӯянд, мубориза бо тундгароӣ дар кишвар ба усулҳои тоза ниёз дорад ва бар асоси чанд нишона ба тундгароӣ муттаҳам кардани шахс, шубҳаангез аст.

Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар гузоришҳои худ шеваи мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистонро борҳо интиқод карда гуфтаанд, ки дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандон ба хотири "шеваи намозхонӣ", "тарзи либоспӯшӣ", "баҳсҳои мазҳабӣ" ва дигар амалҳое муттаҳам шудаанд, ки бештар хусусияти зоҳирӣ дошта, ҳеҷ рабте ба созмону гурӯҳҳои аз назари мақомот мамнӯъ ва хатарноки мазҳабӣ надоранд.

Саидаҳмад Қаландаров, коршиноси масоили мазҳабӣ.
Саидаҳмад Қаландаров, коршиноси масоили мазҳабӣ.

Саидаҳмад Қаландаров, коршиноси масоили мазҳабӣ гуфт, шинохти ифротгароӣ аз рӯи аломатҳои зоҳирӣ хеле мушкил аст. Ба таъкиди коршинос, ифротгароӣ метавонад дар ҳар шакл зуҳур кунад ва як шахси тундрав метавонад риш надошта бошад ва шапка пӯшад. Чизеро ҳамчун нишона дар шинохти ифротгароӣ донистан кори мушкил аст.

"Чанд сол пеш мегуфтанд, ашхосе, ки ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, шахсони бедониш ва бемаърифат ҳастанд. Вале баъдан собит шуд, ки дар миёни онҳо ашхоси огоҳ ва ҳатто кормандони ниҳодҳои қудратӣ, ки аз ҳама зинаҳои санҷиш гузаштаанд, низ буданд. Аммо дар ниҳоят ифротгаро шуданд",-таъкид кард коршинос.

Ба таъкиди ин коршиноси тоҷик, роҳи ягонаи пешгирӣ аз ифротгароӣ дар ҷомеа, бахусус миёни ҷавонон, баланд кардани маърифати динию дунявии онҳо мебошад, ки ҳанӯз бояд аз мактаб шуруъ шавад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик дар амри мубориза бо ифротгароиву мазҳабишавии ҷомеа таҳсили мазҳабии ҷавонони то 18-соларо манъ карда, ҳама гуна фаъолиятҳои диниро таҳти назорат қарор додаанд.

Чунин вазъ, ба қавли бархе мунаққидон, ноогоҳоии диниро афзоиш медиҳад ва метавонад натиҷаи баръакс диҳад. Ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ва бекорӣ дар ҷомеа як роҳи муассири мубориза бо ифротгароӣ аст, мегӯяд ин гурӯҳ.

Вале мақомот дар Тоҷикистон, ки ба ифротгроӣ аз ҷумла бар асоси мизони ҷинояткорӣ баҳо медиҳанд, мегӯянд, талошҳои онҳо дар амри мубориза бо ин падидаҳо натиҷа медиҳад ва дар соли гузашта ин падида тамоюли пастравӣ дошт. Тибқи омори расмӣ, дар соли 2018 ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстримистидошта 29 дарсад коҳиш ёфтааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG