Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Украина созишномаи интиқоли гази табиӣ ба Аврупоро имзо карданд


Русия ва Украина тавофуқи панҷсолаи интиқоли гази Русия ба Аврупоро бо ҳам имзо карданд.

Ин созишнома ҳафт миллион доллари амрикоӣ арзиш дорад.

Ширкати давлатии “Газпром”-и Русия бо нашри як эъломия ва Владимир Зеленский, президенти Украина дар шабакаҳои иҷтимои ин хабарро тасдиқ карданд.

Қарор буд созишномаи қаблӣ миёни ду кишвар дар ин замина рӯзи 31-уми декабр ба поён бирасад.

Агар созишнома тамдид намешуд, интиқоли гази Русия дар зимистон ба Аврупои Ғарбӣ ба мушкил рӯ ба рӯ мешуд.

XS
SM
MD
LG