Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар як калисои Техас ва ҳалокати ду нафар


4 августи соли 2019 баъди як тирандозии хунин дар Техас мардуми маҳаллӣ дар ҳақи қурбониҳо дуо карданд
4 августи соли 2019 баъди як тирандозии хунин дар Техас мардуми маҳаллӣ дар ҳақи қурбониҳо дуо карданд

Дар як калисои Техас рӯзи 29 декабр ҳамлагари номаълуме ду нафарро кушта ва се нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Ҳодиса соати 10:57-и субҳи якшанбе ҳангоме рух дод, ки дар дохили калисо шумори зиёди мардум барои намозгузорӣ омада буданд. Дар ниҳоят, як нафаре, ки зоҳиран ба ҳайси муҳофизи калисо кор мекард, бо тири туфанги худ ҳамлагарро хунсо кард.

Шоҳидон гуфтанд, ҳамлагар риши сохта ва дар чашм айнак дошту пеш аз он ки ба сӯи мардум оташ кушод, ҳамроҳ бо дигар намозгузорҳо дар маросими ибодат иштирок кард. Таҳқиқи ҳамла аз ҷониби Бюрои федеролии тафтишот шурӯъ шудааст ва ҳанӯз далелҳои аслии оташ кушодани ҳамлагар маълум нест. Соли 2019 дар Техас ҳодисаҳои зиёди кушторҳои инсонҳо сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG