Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон дахлнопазирии додситону "амниятиҳо"-ро бекор кард


Аз ин ба баъд додситонҳо ва маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон бе розигии раҳбарият ба ҷавобгарии маъмурии кашида хоҳанд шуд. Бино ба хабарҳо, Сенати порлумони Узбекистон аз тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳо дар бораи фаъолияти мақомоти додситонӣ, Хадамоти амнияти давлатӣ ва Горди миллии ин кишвар пуштибонӣ кардааст.

Аз ҷумла, бар пояи банди 49 (дахлнопазирии кормандони мақомоти додситонӣ)-и қонуни Узбекистон дар бораи додситонӣ, кормандони додситонӣ бо розигии раҳбарияташон ба ҷавобгарии интизомӣ ё маъмурӣ кашида мешуданд. Вале ҳоло ин банд ҳазф шуда, барои ба ҷавобгарӣ кашидани кормандони додситонӣ розигии раҳбарияти онҳо лозим нест.

Аз банди 37-и қонуни Узбекистон дар бораи Хадамоти амнияти давлатӣ низ қисми кафолати дахлнопазирии хидматчиёни хадамот ҳазф шудааст.

Ба гуфтаи сенаторҳои узбек, тағйироти мазкур масъулияти ниҳодҳои додситонӣ ва амнияти давлатиро боло хоҳад бурд. Вале дахлнопазирии хидматчиёни Горди миллии Узбекистон боқӣ гузошта шудааст. Онҳо ҳангоми адои хидмат бидуни розии додситониҳои шаҳру вилоятҳо боздошт, ҳабс ё ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешаванд.

XS
SM
MD
LG