Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Қазоқистон баъди суханҳои Тоқаев ба вазорати хориҷии Украина даъват шуд


Сафири Қазоқистон дар Киев Самад Ордобоев 5 декабр ба Вазорати корҳои хориҷии Украина (ВКХ) даъват шуд. Ҷониби Украина дар робита ба мавқеи Қазоқистон нисбат ба "талошҳои Русия барои ғасби нимҷазираи Қрим" изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд. "Ҳар ду тараф ҷонибдории худро аз усули эҳтироми дуҷониба ба истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳо таъйид кардаанд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Украина.

Ёдрас мешавем, президенти Қазоқистон рӯзи 4 декабр дар мусоҳиба бо Deutsche Welle гуфт, ҳаводиси моҳи марти соли 2014-ро, ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобад. "Мо он чиро ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобем. Он чи ки гузашт, гузашт. Ғасбкорӣ - дар нисбати Қрим таъбири тундтар аст", - гуфт Тоқаев.

Вай ҳамчунин дар посух ба суоли ин ки оё Қазоқистон аз ҳаводиси дар Украина рух дода тарс хӯрдааст, гуфт, ҳеҷ тарсе мавҷуд нест. "Мо бо Русия муносиботи комилан боэътимод ва ҳусни ҳамсоядорӣ дорем. Аз ҳамон оғоз мо ба хирад ва наҷобати роҳбарияти Русия бовар доштем", - афзуд Тоқаев.

Расссоми қазоқ Асат Аҳмадяров 5 декабр дар даст лавҳае бо навиштаи "Ба ҷои ӯ узр мепурсам" ва тасвири сари хар ба назди сафорати Украина дар Нурсултон рафт. Аҳмадяров ба рӯзноманигорон гуфт, ки ба назди сафорат рафтааст, то барои суханҳои Тоқаев узр пурсад.

Русия Қримро дар моҳи марти соли 2014 дар натиҷаи ба ном "раъйпурсӣ" ғасб кард. Дар ин раъйпурсӣ ба ҷонибдорӣ аз пайвастан ба Русия 96,77 дарсади сокинони Қрим ва 95,6 дарсади сокинони Севастопол овоз доданд.

Созмонҳои байналхалқӣ ғасби Қримро ғайриқонунӣ баҳо ва амалкарди Русияро маҳкум карданд. Кишварҳои ғарбӣ зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуданд. Украина ҳамоно Қримро ҳудуди худ меҳисобад, ки муваққатан ғасб шудааст.

XS
SM
MD
LG