Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исқоти ҳамли аз 15 то 19-солаҳо. Иштибоҳи ошиқона ё безурётии абад?


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дар як соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 14 ҳазор зан исқоти ҳамл кардаанд, ки ҳазор нафари онҳо аз 15 то 19-сола будаанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин рақам дар муқоиса ба соли 2017 "камтар аст", аммо "ҳанӯз нигаронкунанда мемонад". Ба гуфтаи пизишкон, исқоти ҳамл дар ин синну сол барои ояндаи духтарон хатарнок аст ва тадбирҳои иловагӣ зарур аст, то исқоти ҳамл камтар шавад.

Сабабҳои чунин рафтори духтарону занон расман эълон нашудааст. Коршиноосн мегӯянд, равобити маҳрамона пеш аз арӯсӣ ва махсусан барои ноболиғон дар ҷомеаи Тоҷикистон "айб дониста мешавад" ва зоҳиран модарони ҷавону хонаводаҳо талош кардаанд, "бо исқоти ҷанин аз шармсорӣ пешгирӣ кунанд".

Азиза номи мустаори яке аз даҳҳо духтари ноболиғ аст, ки соле пеш дар пайи як "иштибоҳ" аз ҷавоне, ки гӯиё ошиқаш буд, ҳомила шуд ва аз тарс кӯдакро сақти ҷанин кард. Навраси 16-сола мегӯяд, замоне аз тифли батнаш хабар ёфт, ки дар мактаб хонандагони синфҳои болоиро аз ташхиси тиббӣ гузарониданд.

Волидони Азиза аз ҳам ҷудо шудаанд ва ӯ дар яке аз мактабҳои махсуси ноболиғону ятимон тарбият мегирифт. Худаш мегӯяд, аз тарси ояндаи кӯдак ва шармсорӣ дар назди атрофиён аз тифли батнаш даст кашид: "Дар синфи 9 таҳсил мекардам, имкони ба дунё овардан набуд, чун хона надоштем. Модарам дар хонаи шавҳари дуюмаш зиндагӣ мекард. Ҷанини 14-ҳафтаинаро исқоти ҳамл кардам. Агар ин корро намекардам, ҳама медонад, ки дар ҷомеаи мо таваллуди тифл бе никоҳ шармсорӣ дониста мешавад", -- гуфт ӯ.

Айб мешуморанд, ва...

Дар Тоҷикистон доштани равобити маҳрамонаи пеш аз арӯсӣ барои духтарон айб дониста мешавад ва дар сурати вуқӯи ин кор волидон ё худи духтар талош мекунанд, ки ҳодиса пинҳон монад. Барои барпо кардани оила барои як духтари суннатӣ дар Тоҷикистон бокира будан муҳим аст ва ҳолатҳое будааст, ки духтарон баъди иртиботи ҷинсии қабл аз издивоҷ худкушӣ кардаанд.

Исқоти ҳамл то 18-ҳафтаина будани ҷанин гузаронда мешавад. Исқоти худсаронаи ҳамл дар шароити хона ҳам дар Тоҷикистон дида шудааст, ки паёмадҳои баде барои занон дорад. Табибон иллати исқоти ҳамлро дар ноогоҳии духтарон аз оқибатҳои иртиботи ҷинсӣ мегӯянд.

Раҷабгул Ятимова, пизишки занонаву кӯдакона, ки таҷрибаи 40-солаи кор дорад, гуфт, ҳарчанд дар доираи барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ба хонандагон дар бораи оиладориву тарбияти ҷинсӣ маълумот медиҳанд, ҳамоно ҳолатҳои исқоти ҳамл дар байни духтарон ба чашм мерасад.

Вай мегӯяд: "Ин гурӯҳи наврасону духтарон саводи репродуктивӣ надоранд, аз ташхис намегузаранд, бепарастор ва аз оилаҳои носолим ҳастанд. Онҳо дар марҳилаи аввали ҳамл ба духтур муроҷиат мекунанд. Вақте ташхис мешаванд ва дар батни онҳо ҷанин мушоҳида мешавад, баъд мефаҳманд, ки ҳомилаанд."

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ғолибан чунин духтарон аз тарси волидону шарми атрофиён кӯшиш мекунанд, бидуни муроҷиат ба таваллудхонаҳо ва ё марказҳои репродуктивӣ пинҳонӣ аз ҷанин раҳо шаванд. Ҳарчанд ба онҳо мефаҳмонанд ки исқоти ҷанин хатари хеле ҷиддӣ дорад ва метавонад, духтарро ба безурётӣ ва ё ба бемориҳои дигар мубтало созад.

Ба гуфтаи Ятимова, "кафолати дубора ҳомила шудан намемонад. Ҳангоми исқоти ҷанин ғадуди сипаршакл зарар мебинад ва хунравӣ пайдо мешавад. Ҳамин тавр, агар саривақт табобат накунанд, онҳо бо гузашти синну сол ба саратони бачадон гирифтор мешаванд."

Пизишкони амрози занона мегӯянд, тибқи қонунгузории Тоҷикистон исқоти ҳамли наврасон ва духтарони то 18-сола бе ризояти волидонашон мумкин нест, аммо дар чунин ҳолатҳо ҳам баъзан духтарон аз тарси волидонашон бо машварати дӯстони худ аз роҳҳои ғайрирасмӣ кор мегиранд.

Онҳо мегӯянд, аксари чунин духтарон бино ба ноогоҳиашон баъзан муҳлати исқоти ҳамл (аборт)-ро гузаронда, дар мавридҳои кӯшиши раҳо шудан аз тифли батнашон худ ба ҳалокат мерасанд. Табибони занон мегӯянд, дар ин маврид мактаб нақши муҳим дорад ва дониши ҷинсӣ дар ин син ба духтарон ва писарон маҳз бояд дар мактабҳои миёна хуб ба роҳ монда шавад, то аз чунин ҳодисҳо ҷилавгирӣ ба амал ояд.

Талош барои боло бурдани маърифати ҷинсӣ, вале бенатиҷа?

Мунира Ғанизода, мудири Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар саросари кишвар бештар аз бист маркази машваратдиҳии репродуктивӣ барои наврасону ноболиғон фаъол аст.

Ӯ ҳамчунин гуфт, Вазорати маориф дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ дар мактабҳо соатҳои дарсӣ таъйин шудааст, ки барои хонандагони синфҳои болоӣ амалӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд: "Хонандагон дар синфҳои 3 ва 4 дар барномаи “Тарзи ҳаёти солим” аз ҳисоби соати тарбиявӣ, синфҳои 8 ва 9 аз ҳисоби соатҳои биология, синфҳои 9 аз ҳисоби дарси анатомия ва синфҳои 10 ва 11 дар дарси “Маърифати оиладорӣ” доир ба мавзӯи репродуктивӣ соатҳои алоҳида дарс мехонанд."

Аммо мисли солҳои гузашта дар мактабҳо ба ин мавзӯъҳо аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд ва муаллимон суҳбат дар бораи иртиботи ҷинсӣ ва роҳи ҷилавгирӣ аз ҳамлро мухолиф ба урфу анъанаҳо дониста, ба шогирдон дарс намегӯянд. Як омӯзгор аз ноҳияи Шаҳринав ба Радиои Озодӣ гуфт, толибилмон дар дарси оила бояд роҳҳои пешгирӣ аз ҳамлро ҳам биёмӯзанд. Ӯ гуфт: "Дар дарсҳои тарбиявӣ муаллимаҳо ба духтарон ва муаллимҳо ба писарон бояд ин масъалаҳоро фаҳмонанд, вале бо назардошти ахлоқи шарқии мо ин корро намекунанд, ки хуб нест."

Азиза, қаҳрамони гузориши мо, ки бе издивоҷ обистан шуда, исқоти ҳамл кардааст, ҳоло афсӯс мехӯрад. Мегӯяд, агар роҳи ҷилавгирӣ аз обистан шуданро медонист, азоби даст кашидан аз тифл азобаш намедод. Исқоти ҷанин, ки дар батни модар 12 ҳафта рушд карда ва инкишофи хуб дорад, дар Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад. Моддаи 124-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба исқоти ғайриқонунии ҳамл то 2 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG