Пайвандҳои дастрасӣ

Зани олуда ба HIV: Шукри худо, чор фарзанди солим ба дунё овардам


Дар вилояти Хатлон даҳҳо волидони гирифтори вируси норасоии масунияти бадан ба сар мебаранд, ки танҳо баъди таваллуди фарзанди солим умеди тозае барои зиндагӣ пайдо кардаанд.

Яке аз онҳо Гулнози 35-сола ва ҳамсари собиқ муҳоҷираш аст, ки дар ноҳияи Вахш зиндагӣ мекунанд. Вуҷуди вирус дар ҷисми ин зан 13

Писарамро аз ташхис гузарондем, доруҳоро ман сари вақт мехӯрдам. Ба ман гуфтанд, ки кӯдаки солим ба дунё меояд. Худоро шукр, ки сиҳат будааст. Хело хушҳолам. Ман дар дунё ҳамин писар ва Худоро дорам, ки бо ман ҳастанд.

сол пеш, замоне ошкор шуд, ки аз арӯсиаш чор моҳ гузашта буд. Як рӯзи моҳи декабри соли 2004 бояд варақаи шахсии ҳомиладориро барои фарзанди аввалинаш дар бунгоҳи тиббӣ пур мекард. Мегӯяд, вақте хулосаи табибонро шунид, дунё дар назараш торик шуд. Ёд дорад, ки ба шавҳараш ба Русия телефон кард, гуфт, ки бо дигар зистан намехоҳад.

Мегӯяд, аз як сӯ ҳукми бемории марговар, аз сӯи дигар, ҷони тифли дар батнашбуда ӯро шадидан азият мекард. Шавҳараш баъди шунидани хабари шум ба хона баргашт ва дигар ба Русия нарафт. Баъдан дар хуни ҳамсараш ҳам ин вирус тасдиқ шуд. Мегӯяд, талош мекунанд имрӯз ҳам дар бораи роҳи интиқолёбии вирус ба бадани шавҳар ҳарф назананд, чун дарк мекунад, ки ин мавзӯъ метавонад мояи нороҳатии наву беҳуда шавад. Вай гуфт:

"Коре, ки аввал кардам ба шавҳарам занг задам, ба ӯ гуфтам, ки дар бораи беморӣ чӣ медонӣ? Аз тарс буд, аз чӣ буд, "намедонам" гуфт. Ман ҳам метарсидам, хеле дилсард будам. Се маротиба хостам худкушӣ кунам, чун ба модари беморам гуфта наметавонистам. Аммо бародарам ва духтурон дар ин ин лаҳзаҳо канори ман буданд, баъдан шавҳарам омад".

Ҳамон замон дар зиндагии Гулнозу шавҳараш духтурҳо нақши муҳимро бозӣ карданд. Онҳо гуфтанд, ки ба ҳеҷ сурат ба исқоти ҳамл роҳ надиҳад, чунки шонси солим ба даст гирифтани фарзандаш зиёд аст. Умеди таваллуди кӯдаки солим умеди зиндагии Гулноз шуд.

Гулноз мегӯяд, фарзанди аввалинаш дар батнаш панҷмоҳа буд, ки ба табобат, алалхусус истифодаи доруҳои зиддивирусӣ оғоз кард. Шавҳараш низ табобатро оғоз намуд ва ҳамин тавр аввалин фарзандашонро бидуни ин вирус ба дунё оварданд:

"Зиндагиам тағйир ёфт. Шукри Худованд, ба дарде, ки додааст, соҳиби чаҳор фарзандам кард ва онҳо солиманд. Ҳамин чаҳор фарзанд умеди ман ба зиндагӣ ва шавҳарам ҳастанд. Дар хона бо фарзандонам сари як табақ ҳастем, вале эҳтиёт мекунем, ки ба хуни мо даст нарасонад. Ду писари бузургам аз бемории ман огаҳ ҳастанд, ду духтарам, ки ҳоло хурдсол ҳастанд, чизе намедонанд, вале ба онҳо дар оянда мефаҳмонем."

«Соат занг мезанад, падарҷон»

Истеъмоли доруҳои зиддивирусӣ барои гирифторони HIV бояд дар як соати муайян сурат бигирад. Ду писари бузург вақти занг задани соати хонагӣ фурсати истеъмоли доруҳоро ба волидон ёдовар мешаванд. Яке оби ҷӯшомада ва дигаре аз ҷевони хона дору меорад.

Гулноз дӯзанда аст. Агарчи замистон муштариёнаш кам мешавад, вале тобистон даромади хуб дорад. Се фарзанди мактабхонашро аз пули кораш таъмин мекунад. Шавҳараш тибқи қонунҳои Русия, ки гирифтори HIV аст, дигар ба муҳоҷират рафта наметавонад. Ба ин далел дар шаҳри Қурғонтеппа кирокаш аст ва даромади зану шавҳар дар як моҳ наздики 1000 сомониро ташкил медиҳад.

Шавҳари Гулноз мегӯяд, ба зиндагӣ бо вируси норасоии масуният одат кардааст. Ҳамсарон мегӯянд, эҳсос мекунанд, ки воқеан ҳам масуният ё истодагарии орагнизмашон дар баробари соддатарин бемориҳо заъиф аст, зуд-зуд сармо мехӯранд. Вале назар ба соли аввали ошкоршавии беморӣ, ба гуфтаашон, ҳоло вазъашон хеле беҳтар аст. Мегӯянд, дар сурати гирифтор шудан ба бемориҳои дигар, мисли сулфазанӣ, сармохӯрдагӣ ва ё эҳсоси ҳарорати бадан, фавран ба духтур муроҷиат мекунанд.

Фарзанди калонии Гулноз 17 сол дорад. Вай бо иҷозати волидон бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард. Ин наврас гуфт, дар амри кӯмак ба волидон худ як «бародари шафқат» шудааст. Аз сӯи дигар, волидон ҳам ҳамеша аз сиҳҳатии ӯву додару хоҳаронаш андеша мекунанд: «Албатта, ман дар бораи бемории онҳо огоҳ ҳастам, маълумоти зиёд дорам, худам низ роҳҳои гузаришашро медонам ва эҳтиёт мекунам."

«Рӯи ҷойнамоз "Худо" мегуфтам, ки солим бошад»

Гулнисои 30-сола, сокини шаҳри Қурғонтеппаро ҳамсараш ба ин вирус олуда кард, аммо зиндагии ӯ аз дигар занони гирифтори HIV фарқ мекунад. Шавҳарашро бахшида натавонист ва аз ӯ талоқ гирифт. Дар хонаи падар бо фарзанди яксолааш, ки охирин ташхиси сиҳҳатиашро дар даст дорад, ба сар мебарад.

Гулнисо мегӯяд, моҳи ноябри соли 2016, ки тоза аз олуда будан ба HIV хабардор шуд, ҳомиладор буд, фарзандашро бо буриши қайсари ё кесарево сечение ба дунё овард. Ҳамакнун табобат мегирад, то фарзандаш сиҳҳат бошад.

Гулнисо ҳангоми сӯҳбат бо мо дар назди равоншиноси маркази бемориҳои HIV СПИД қарор дошт ва аз сиҳатии фарзандаш хушҳол ба назар мерасид:

"Писарамро аз ташхис гузарондем, доруҳоро ман сари вақт мехӯрдам. Ба ман гуфтанд, ки кӯдаки солим ба дунё меояд. Худоро шукр, ки сиҳат будааст. Хело хушҳолам. Ман дар дунё ҳамин писар ва Худоро дорам, ки бо ман ҳастанд. Шукр мекунам. Ҳамеша ба Худованд умед мекардам, ки фарзандам солим бошад, дар болои ҷойнамозам дуо мекардам."

Гулнисо мегӯяд, ҳамеша аз интернет дар бораи зиндагии гирифторони HIV маълумот пайдо мекунад. Хӯрдани доруро, ки ба онҳо умри дароз мебахшад, сари вақт анҷом медиҳад. Ташхиси солимии кӯдаконе, ки аз занони гирифтори HIV ба дунё меояд дар се марҳила анҷом мегирад.

Омори фарзандони солим аз афроди гирифтори HIV ё вируси норасоии масунияти баъдан дар ҷануби Тоҷикистон дақиқ нашудааст, вале кӯдаконе, ки бо ин вирус дар Хатлон ҳастанд, 241 нафар гуфта мешаванд.

Акрам Давлатов, роҳбари Маркази мубориза бар зидди бемориҳои HIV СПИД дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, кӯдакони олуда ба ин вирус дар назорати пизишкон қарор мегиранд. Ба гуфтаи вай, ин кудакон кумакпулӣ низ дарёфт мекунанд: "Дар се моҳ 100 сомонӣ мегиранд. Занони бемор буриши қайсарӣ ё таваллуди фарзандро дар беморхонаҳо ройгон мегузаронанд, тамоми табобат ва истифодаи доруҳо бепул аст."

Тибқи иттилои раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон дар шаҳру навоҳии ин минтақа ташхис ва хизматрасонии пизишкон, хусусан равоншиносон барои нафарони гирифтори HIV, ройгон аст. Созмонҳои ҷаъмиятӣ низ бо беморон аз лиҳози равонӣ кор мекунанд ва машварати ҳуқуқӣ медиҳанд.

Равонишносоне, ки дар созмонҳои иҷтимоӣ бо гирифторони HIV кор мекунанд, мегӯяд, аксари занон аз роҳи алоқаи ҷинсӣ аз шавҳаронашон, ки дар муҳоҷират будаанд, ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 264 нафар сокини вилояти Хатлон бори аввал ин бемориро дар худ ошкор кардаанд. Ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 нафар бештар будаас.

Аммо дар маҷмӯъ шумораи беморон дар вилояти Хатлон 2480 нафарро ташкил медиҳад, ки бештари онҳо мардҳо ҳастанд. Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар беш аз 700 ноболиғи гирифтори HIV зиндагӣ мекунад, ки дар назорати пизишкон қарор доранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG