Пайвандҳои дастрасӣ

Сабти беш аз 700 ноболиғи гирифтори ВИЧ дар Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар беш аз 700 ноболиғи гирифтори ВИЧ ё вируси норасоии масунияти бадан ба сар мебаранд. Ба қавли онҳо, бархе аз ин кӯдакон ин бемориро аз волидони худ ба "мерос" гирифтаанд. Мисли духтари Саломат, ки модараш бо ин беморӣ ӯро ба дунё овард.

Феълан дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз шашуним ҳазор мубталои ВИЧ сабт шудаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, инҳо нафароне ҳастанд, ки расман аз ташхис гузашта, сабти ном шудаанд ва теъдоди воқеии сироятёфтаҳо метавонад ба маротиб бештар аз омори расмӣ бошад.

Саломат мегӯяд, дарди худро тақрибан аз ёд бурда, бештар дар ин фикри он аст, ки чӣ гуна ба духтараш бигӯяд, як дарди бедаво аз домони ӯ гирифтаву маълум нест, оё раҳо хоҳад кард, ё не. "Фақат ба ӯ мегӯем, ки агар дору нахӯрӣ, бузург намешавӣ ва ба мактаб ҳам намеравӣ. Ҳоло ӯ хурдсол аст ва фикр мекунам фурсати он нест, ки аз касалиаш огоҳ шавад", - афзуд ӯ.

Ба мисли Саломат даҳҳо падару модари дигар дар Тоҷикистон, ки фарзандонашон бо ангали ВИЧ ба сар мебаранд, аз ошкор кардани ин “сир” ба онҳо ҳарос доранд. Онҳо мегӯянд, дар ин син кӯдакон метавонанд дар бораи беморияшон ба дӯстону ҳамсабақонашон нақл кунанд ва якбора бо табъиз рӯ ба рӯ шаванд.

Севара Комилова
Севара Комилова

Барои кумак ба чунин волидон созмони “Гули сурх” дар якҷоягӣ бо Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид –ЮНИСЕФ аз моҳи марти имсол давраи омӯзишӣ баргузор хоҳад кард. Ин барнома то моҳи сентябр идома карда ва дар ҷараёни он наврасони аз 12 то 18-сола дар робита ба маризияшон маълумот хоҳанд гирифт.

Севара Комилова, раиси ин созмон, рӯзи 17 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамаи ин наврасон дору истеъмол мекунанд, ба назди пизишкон мераванд, вале намедонанд, ки дар ҷисмашон чӣ беморӣ доранд. Барномаи мо “Ошкор кардани маризӣ” ном дорад. Яъне, ин наврас бояд донад, ки гирифтори вируси норасоии масунияти бадан аст ва бояд дар оянда бо он чӣ гуна зиндагӣ кунад.”

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба қавли ин мусоҳиби мо, бо вуҷуди онки тӯли солҳои охир дар робита ба ин беморӣ маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор мешавад, вале муносибати ҷомеа нисбат ба мубталоёни вирус тақрибан иваз нашудааст. Баъзе аз сироятёфтагон мегӯянд, ки то ҳанӯз шаклҳои гуногуни таҳқиру табъизро эҳсос мекунанд, аз ҷумла, ҳангоми муошират, дарёфти кор ва ё гирифтани ёрии тиббӣ. Маҳз бо ҳамин сабаб волидон талош мекунанд, ки бемор будани фарзандонашонро аз ҷомеа пинҳон нигоҳ доранд.

Таҳмина Ҳайдарова, раиси шабакаи занони гирифтори ВИЧ гуфт, “дар кишварҳои дигар чунин таҷрибаи фаҳмондадиҳӣ ба наврасон зиёд истифода мешаванд. Яъне, равоншиносоне, ки дар ин замина фаъолият доранд, талош мекунанд, ки аллакай то 10-солагӣ ба кӯдак дар бораи беморияш маълумот бидиҳанд ва ӯро барои зиндагии баъдӣ омода намоянд. Зеро вақте наврас ва ё ҷавон дар бораи “статус”-и худ маълумот дорад, кӯшиш мекунад, ки ҳаёти каси дигарро зери хатар нагузорад.”

Созмони “Гули сурх” дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ду сол инҷониб дар заминаи кор бо кӯдакон ва занони гирифтори ВИЧ тарҳҳои муштаракро роҳандозӣ мекунанд. Дар моҳи августи соли гузашта бо мусоидати онҳо 21 навраси мубталои ин вирус аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон дар як истироҳтагоҳ ҷамъ оварда шуда, аз беморияшон воқиф гардидаанд.

Хонаводаҳое, ки фарзандони гирифтори ВИЧ доранд, моҳе аз давлат 280 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд. Аммо Севара Комилова мегӯяд, онҳо талош доранд, ҳадди ақалл ин маблағ то 400 сомонӣ боло бурда шавад. Феълан дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 6,5 ҳазор мубталои ин беморӣ сабт шудаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, инҳо нафароне ҳастанд, ки расман аз ташхис гузашта, сабти ном шудаанд ва теъдоди воқеии сироятёфтаҳо метавонад ба маротиб бештар аз омори расмӣ бошад. Бино ба ҳисобҳо, барои табобати як бемор солона 700 доллар зарур аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG