Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исқоти ҳамли мактабхоне, ки модар ба фоҳишагӣ маҷбураш кард


Дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона хонандаи синфи ҳафт мактаби миёна К.М, ки дар давраи ҳомилагии панҷмоҳа қарор дошт, бо дастури мақомоти маҳаллӣ, аз ҷониби момодоя дар хонааш сақти ҷанин кард. (Дар ихтиёри "Озодлик"-- бахши узбекии Радиои Озодӣ номи деҳа, мактаб, афроди масъул маълум аст, аммо ба далоили ахлоқӣ номҳои онҳо эълон намешавад.)

Кормандон раёсати умури дохилии вилояти Фарғона рӯзи 15-уми август ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар моҳи майи соли ҷорӣ нисбати модари К.М бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии Узбекистон (восита шудан ё ташкили фоҳишахона), парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва ба додситонӣ фиристода шудааст.

Бинобар рӯзгори сахт, модар ду духтарашро ба ивази пул дар ихтиёри мардҳо мегузоштааст.

Дар айбномае, ки муовини аввали додситони вилояти Фарғона имзо карда ва нусхааш ба "Озодлик" расид, "4 нафар, ки ба номуси ин духтари ноболиғ ба таври "анъанавӣ" ва "ғайри анъанавӣ" эҳтиёҷоти ҷинсии худро бароварда кардаанд", айбдор мешаванд.

Духтари ноболиғ исқоти ҳамл шуд

Маъмурияти яке аз мактабҳои Бешариқ баҳори соли ҷорӣ аз адами ширкат надоштани яке аз хонандаҳои синфи ҳафт нигарон шуда, ба хонаи онҳо рафтанд ва духтарро ҳомиладор ёфтанд. Яке аз муаллимони ин мактаб ба шарти ифшо нашудани номаш ба "Озодлик" гуфт, "дар ин вақт аллакай хабарҳо дар бораи "вайрон шудан"-и духтари синфи ҳафт паҳн шуд.

Ин муаллим гуфт, "якҷо бо мушовири корҳо оид ба занони маҳалла ва раҳбари синф ба хонаи духтар рафтем. Сипас ин духтар ва модарашро ба назди муовини раиси ноҳияи Бешариқ оид ба масоили занон ва духтарон бурдем. Вай модари духтарро сарзаниш кард ва бо худи духтар сӯҳбат кард. Баъд вай ба нозири раёсати корҳои дохилии ноҳия хабар дод."

Нозири умури дохила ин мавзӯъро бо мудири мактаб ва раҳбари синфи духтари ноболиғи ҳомила баррасӣ кардааст. Дар хулосаҳои айбнома омадааст, ки модари духтар "аз шармандагӣ тарсида, ба исқоти ҳамли духтараш дар бемористон розигӣ надод".

Исқоти ҳамл бо таблетка

Як табиби бемористони марказии ноҳияи Бешариқ ба "Озодлик" гуфт, бар асоси дастури муовини раиси ноҳия оид ба корҳои занон ва духтарон, ин духтараки мактабхон аз ташхиси генекологӣ гузашта ва ҳаждаҳ ҳафта будани мӯҳлати ҳомилагиаш мушаххас шудааст.

Тибқи хулосаи айбномаи ба "Озодлик" расида, пас аз ташхис ба дастури муовини раиси ноҳия ва мудири мактаб, момодоя ба хонаи духтари ҳомила омада ва барои аз байн бурдани кӯдаки дар батн, чаҳор адад ҳаб (таблетка) додааст.

Дар ин хулоса навишта шудааст, ки тифли батни ин духтари ноболиғ, писар будааст ва ҷасади ӯро модари духтар ба матои сафед печонида дар қабри маҳаллӣ дафн кардааст.

Як корманди бахши тафтишотии раёсати корҳои дохилии вилояти Фарғона ба шарти ифшо нашудани номаш ба "Озодлик" гуфт, дар ин ҳолат ду навъи ҷиноят содир шудааст -- якум, исқоти ҳамл пас аз 12-ҳафта будани муддати ҳомилагӣ, дувум, анҷом додани исқоти ҳамл дар шароити хона.

Як манбаи огоҳ аз ноҳияи Бешариқ мегӯяд, "ба фоҳиша мубаддал кардани духтари синфи ҳафт ва тарс аз овозаи ҳомилагии ӯ бо дастури бархе аз мақомоти ҳукумати маҳаллӣ -- ин ду ҷиноят содир шудааст."

Фоҳишахона дар зери дарахти анҷир

Тибқи таҳқиқоти бахши тафтишоти мақомоти корҳои дохилии вилояти Фарғона, чаҳор марди аз 22 то 36-солаи оиладор ва соҳиби фарзанд ба ин духтараки ноболиғ робитаи ҷинсӣ кардаанд. Бар асоси баёноти ин духтар, ин мардҳо "дар зери дарахти анҷир ба таври зӯрӣ бо ӯ алоқаи ҷинсӣ карданд."

Як фаъоли маҳалла ба "Озодлик" гуфтааст, ки падари ин духтари 14-сола бекор буда, хонавода аз ҳисоби дастмузди модару духтар дар маъракаҳои мардум тавассути шустани косаву табақ, рӯзгори худро пеш мебурданд.

Бинобар рӯзгори сахт, ин пул барои гузоронидани рӯзгор кифоят накарда ва модар ду духтарашро ба ивази пул дар ихтиёри мардҳо мегузоштааст. Бар асоси хулосаҳои айбнома, модар эътироф кардааст, ки ба ивази 30 ҳазор сӯм (муодили тақрибан 30 сомонӣ), духтаронашро дар ихтиёри ҷавонони кишоварз ва як муаллими мактаб гузоштааст.

Сукути мақомот

Радиои Озодӣ дар мавриди ин ҳодиса аз муовини раиси ноҳияи Бешариқ оида ба масоили занон ва духтарон шарҳи бештар хост. Як масъули ҳукумати ноҳия, ки худро ёвари муовини раис муаррифӣ кард, хабари исқоти ҳамли ин духтари чаҳордаҳсоларо тасдиқ кард. Ин фард, ки худро Расулҷон Ҷӯраев муаррифӣ кард, бо посухи "айдорони ин ҳодиса дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт", иктифо кард.

Тибқи иттилои ахире, ки ба "Озодлик" расидааст, модари духтар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Се марди деҳқон, ки дар робитаи ҷинсӣ бо духтар гумонбар ҳастанд, низ боздошт шудаанд. Муаллими забон ва адабиёт, ки гуфта мешавад, дар майдони пахта ба духтар дастдарозӣ кардааст, бо додани забонхат, дар манзилаш қарор дорад.

Кормандони раёсати корҳои дохилии вилояти Фарғона ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки раванди тафтишот анҷом шуда ва парванда дар рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол мешавад.

XS
SM
MD
LG