Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти ҳазорон нафар бо умеди истиқлоли Шотландия аз Бритониё


Никола Стерҷен
Никола Стерҷен

Ҳазорон нафар бо тарафдорӣ аз пешниҳоди истиқлоли Шотландия аз Бритониё рӯзи 2-юми ноябр ба кӯчаҳо баромаданд.

Никола Стерҷен, раиси ҳукумат ва раҳбари ҳизби миллии Шотландия гуфт, тақрибан бист ҳазор нафар ҷамъ шудаанд ва ҳадафашон "ҷудоӣ аст".

Вай афзуд, рӯзи 12-уми декабр дар Бритониё раъйдиҳии миллӣ баргузор мешавад ва "ин интихоботи муҳимтарин барои Шотландия дар тамоми зиндагии мост". Стерҷен пеш аз баргузории тазоҳурот низ дар изҳороте навишт, "ҳеч шубҳа нест, ки Шотландия дар чорроҳа истодааст ва истиқлоли он назар ба ҳар вақти дигар наздиктар аст."

Баҳси истиқлоли Шотландия аз Бритониё баъд аз он доғ шуд, ки Лондон талош дорад худро аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо берун кашад.

Дар раъйпурсии соли 2014 бисёриҳо ба зидди истиқлоли Шотландия аз Бритониё овоз дода буданд.

Дар ҳамин ҳол, Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, умед дорад, ки дар интихоботи моҳи декабр ҳизби муҳофизакорон пуштибонии кофии мардумро ба даст хоҳад овард, то тавонад ба воситаи порлумон созиши ҷудоӣ аз Иттиҳоди Аврупоро амалӣ кунад.

XS
SM
MD
LG