Ширкати Фейсбук гуфт, ки се шабакаи марбут ба 200 корбарро бекор кард, чун онҳо талош доштанд ба умури дохилии ҳашт кишвари африқоӣ дахолат кунанд. Ин корбарон ба соҳибкорони наздик ба Кремлин рабт дошта дар интихоботи соли 2016-и президентии ИМА ҳам дахолат кардаанд. Шабакаҳо аз саҳифаҳои дурӯғин ваё рахнашуда истифода карда, ба корбарони Фейсбуку Инстаграм дар Камерун, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Кот Девуар, Ҷумҳурии демократии Конго, Либия, Мадагаскар, Мозамбик ва Судон таъсир гузоштаанд. Фейсбук рӯзи 30 октябр гуфт, ки тамоми шабакаҳо ба соҳибкор Евгений Пригожин рабт доштаанд, ки ӯро дар ИМА як масъули ташкили харобкориҳои интернетӣ дар замони интихоботи президентии ин кишвар меноманд. Пригожин, ки инчунин бо лақаби «Ошпази Путин» ҳам маъруф аст, дар гузашта ҳама гуна иттиҳомотро рад кардааст. Фейсбук мегӯяд, ки маъракаи пахши хабарҳои дурӯғин дар Африқо ба таҳаввулоти дохилии ин кишварҳо ва масолии геополитикӣ рабт дорад ва аз роҳи нашру таблиғи маводи марбут ба расонаҳои давлатии русӣ сурат мегирад. Онҳо инчунин барои таблиғот 90 ҳазор доллар сарф кардаанд.