Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон дубора ҷӯёи кумак ба қазоқтаборони Шинҷон шуданд


Наздики 10 одам рӯзи 30 октябр назди намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар шаҳри Алмато омаданд ва хостанд, ба пайвандонашон, ки дар "урдугоҳҳои бозтарбияи сиёсӣ" дар Шинҷони Чин мондаанд, кумак расонида шавад.

Карлигаш Сагатова, яке аз ин афрод гуфт, хеши ӯ Балкаш Маркупулиро моҳи декабри соли 2018 боздошт ва ба урдугоҳ фиристоданд.

"Чаро ӯро фавран ба боздоштгоҳ фиристоданд, намедонем. Хабаре аз вай нест. Вазъи сиҳатии модараш бад шудааст. Ҳатто модараш, ки дар Чин зиндагӣ дорад, аз сарнавишти писараш бехабар аст. Мо наметавонем, бо наздиконамон, ки дар Чин ҳастанд, ошкоро суҳбат кунем. Робита бо онҳо қатъ шудааст",-гуфт Карлигаш Сагатова.

Сагатова ва 40 зани дигар, ки наздиконашон дар урдугоҳҳои Шинҷон ҳастанд, номае ба президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва вазири корҳои хориҷии ин кишвар навиштанд.

"Мо озодии наздиконамонро аз урдугоҳҳо ва зиндонҳо талаб мекунем. Аз мақомоти дахлдор хоҳиш мекунем, ки инро аз мақомоти Чин, Шинҷон талаб кунанд. Талаб кунанд, ки Шинҷон сиёсати зиддибашариро қатъ намояд, гунаҳкоронро ҷазо диҳад, ҳуқуқи инсонро риоя кунад",-омадааст дар нома.

Номаи занҳоро намояндаи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар шаҳри Алмато қабул кард.

Расонаҳо аз мавҷудияти урудгоҳҳои Шинҷон аз соли 2017 ба ин тараф хабар медиҳанд. Расонаҳои Ғарб менависанд, ки дар ин урдугоҳҳо ақалиятҳои қавмӣ, аз ҷумла уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, тоторҳо ва ғайра, ки пайрави ислом ҳастанд, нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои СММ, дар соли 2018 дар урдугоҳҳои мазкур бештар аз 1 миллион одам нигаҳдорӣ мешуд.

XS
SM
MD
LG