Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Уралские авиалинии": Ҳавопаймои Маскав-Кӯлоб бо сабабҳои техникӣ дар Тошканд нишаст


Дафтари намояндагии "Уралские авиалинии" дар Душанбе гуфт, "бо сабабҳои техникӣ" ҳавопаймои хатсайри Маскав-Кӯлоб субҳи 30-юми октябр дар Фурудгоҳи шаҳри Тошканд нишасти изтирорӣ анҷом дод.

Умедҷон Лолаев, намояндаи ширкати ҳавоӣ дар Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабаби мушкил барои онҳо ҳам феълан мушаххас нест, вазъият мавриди таҳқиқ қарор дорад ва каме дертар тафсилоти ин ҳодиса маълум мешавад. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки "сабабҳои техникӣ" оё ба ҳолати ҳавопаймо рабт дорад? – гуфт, ин масъала таҳқиқ мешавад ва феълан чизе гуфтан барвақт аст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймое, ки аз Маскав парвоз мекард, тахминан соатҳои 8:30 ба вақти Тошканд дар Фурудгоҳи пойтахти Узбекистон нишаст кард ва феълан маълум нест, ки кай ба парвозаш ба самти Кӯлоби Тоҷикистон идома мекунад.

Лолаев гуфт, шумори мусофироне, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, феълан дақиқ нест, вале ин ҳавопаймо навъи аэробус мебошад.

Ҳавопаймо дар соати 7:20 ба вақти маҳаллӣ бояд фуруд меомад. Феълан маълум нест, ки ҳавопаймо кай ба Кӯлоб мерасад. Дар Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ба онҳо низ сабаби таъхири ҳавопайморо нагуфтаанд ва танҳо медонанд, ки нишасти изтирорӣ бо сабабҳои техникӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол матбуоти русӣ хабар дод, ки нишасти ҳавопаймои навъи А-321-и ширкати "Уральские авиалинии" "аз ночорӣ" дар Тошканд нишаст анҷом дод ва сабабаш метавонад "туман" бошад, ки дар Фурудгоҳи Кӯлоб мушоҳида мешавад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Кӯлоб гуфт, ки воқеан ҳам шабона дар фазои шаҳри Кӯлоб туман мушоҳида мешуд, вале ҳоло ҳаво софу офтобӣ мебошад.

"Ҳавопаймо ба макони амн бурда шудааст ва интизори парвоз мебошад. Мусофирон дар дохили ҳавопаймо интизори парвоз мебошанд”, гуфтааст як масъули ширкати "Уральские авиалинии" ба РИА Новости. Дар хабари "Уральские авиалинии" гуфта мешавад, ки "мусофирон бо тамоми хадамоти зарурӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ таъмин шудаанд".

XS
SM
MD
LG