Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқшинос: "Зайд Саидов ва Муҳаммадрӯзӣ Искандаров шомили афв намешаванд". Чаро? ВИДЕО


Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Зайд Саидов.
Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Зайд Саидов.

Қонуни афв дар Тоҷикистон ба ҳукми иҷро даромад ва дар рӯзҳои аввал беш аз якуним ҳазор зиндонӣ аз маҳбасҳо озод шудаанд. Радиои Озодӣ дар чанд рӯзи ахир аз наздикони зиндониён суолҳои зиёде гирифт. Суоли асосии хешовандони маҳкумшудаҳо ин буд, ки кадом гуруҳи зиндониён шомили афв мешаванд ва кадом гуруҳ аз он берун мемонанд?

Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси тоҷик, рӯзи 29-уси октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ қонуни нави афвро шарҳ дод. Ӯ гуфт, маҳбусоне аслан шомили қонуни афв намешаванд, ки бо моддаҳои зерини Кодекси ҷиноӣ зиндонӣ шудаанд:

  • 104 - одамкушӣ;
  • 179 - терроризм;
  • 138 - таҷовуз ба номус;
  • 139 - ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ;
  • Қисми 4-моддаи 249 - роҳзанӣ;
  • 401 - зархаридӣ;
  • 401, иловаи 1 - ғайриқонунӣ иштирок кардан дар амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди кишварҳои дигар;
  • 186 - бандитизм;
  • 305 - хиёнат ба давлат;
  • 306 - бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият;
  • 310 - таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • қисми 4-и моддаи 319 - гирифтани пора, агар маблағи пора аз 10 ҳазор сомонӣ зиёд бошад;
  • 328 - истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият.

Қонуни афв озод шудани занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гуруҳҳои 1, 2, 3 ва гирифторони бемории силро пешбинӣ кардааст. Аммо ҳуқуқшиноси ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, агар ин гуруҳи маҳбусон бо моддаҳои дар боло зикршуда маҳкум шуда бошанд, пас, шомили афв нахоҳанд шуд.


Шаҳрвандони хориҷӣ низ дар сурати вуҷуд доштани иттиҳомҳои дар боло зикршуда озод намешаванд, ҳарчанд қонун афв озод шудани онҳоро пешбинӣ кардааст.

Суоли дигаре, ки бисёриҳо ба он посух меҷустанд, ин буд, ки оё афроде, ки бо иттиҳомҳои ифротгароӣ ва барангехтани кинаю адовати миллӣ ва мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд, шомили афв мешаванд ё не? Дар панҷ соли ахир дар Тоҷикистон даҳҳо нафар бо ин иттиҳомҳо паси панҷара рафтанaд.

Рӯзи душанбеи 28-уми октябр ҳудуди 500 зиндоние озод шуданд, ки бо иттиҳоми гузоштани "лайк" ё паҳни ақидаҳои ифротӣ дар интернет маҳкум шуда буданд. Аммо ҳуқуқшиноси ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, дигар бахшҳои моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ” ва ифротгароӣ эҳтимол шомили қонуни афв мешаванд. Ба гуфтаи Дилшод Ҷӯраев, мумкин аст, муҳлати ҳабси ин гуруҳи зиндониён кам карда шавад.

Дилшод Ҷӯраев
Дилшод Ҷӯраев

Ҷӯраев гуфт, эҳтимол афроди маҳкумшуда бо ҷурми барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабӣ низ шомили афв шаванд, "аммо танҳо муҳлати зиндонашон кам карда мешавад".

Эълони тарҳи афв ин суолро бори дигар доғ кард, ки оё он зиндониёни ба гуфтаи мухолифин “сиёсӣ” шомили афв мешаванд ё не. Аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров, Зайд Саидов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, масъулони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва Раҷабалӣ Одинаев, молики ширкати “Умед 88”.

Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, "Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Зайд Саидов шомили афв намешаванд". Чун, ба гуфтаи Ҷӯраев, дар парвандаи Искандаров моддаи терроризм ва дар қазияи Зайд Саидов моддаи таҷовуз ба номус ҷой дорад, ки имкони татбиқи қонуни афвро номумкин мекунад. Ҳарчанд Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Зайд Саидов ин иттиҳомотро борҳо рад карда, сохта хондаанд.

Ҳуқуқшинос Дилшод Ҷӯраев қонуни авфро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:04 0:00

Ҳуқуқшиноси ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимоли шомили афв шудани Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, ду вакили зиндонии тоҷик вуҷуд дорад ва мумкин аст чанд сол муҳлати зиндони онҳо кам карда шавад.

Додгоҳ ӯро соли 2017 ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд. Созмонҳои ҷаҳонӣ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостаанд, ки ӯро озод кунанд, аммо мақомот пайваста гуфтаанд, Ёров барои нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ва парвандаи ӯ ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надорад.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, як шарти қонуни афв барои онҳое, ки қазияашон дар таҳқиқ қарор дорад, он аст, ки бояд ӯ ба айби эълоншуда дар нисбаташ, эътироф кунад. Танҳо дар ин сурат, қонуни афв нисбат ба ӯ амалӣ мешавад. Аммо ба гуфтаи Дилшод Ҷӯраев, барои зиндониёне, ки ҳукми додгоҳ дар нисбати онҳо ба ҳолати иҷро даромадааст, иқрор шудан ҳатмӣ нест.

Ба гуфтаи ҳуқуқдон Дилшод Ҷӯраев, мумкин аст Раҷабалӣ Одинаев, молики ширкати “Умед 88” афв шавад, агар зарари расондаашро пурра ҷуброн кунад.

Бо ин вуҷуд Дилшод Ҷӯраев гуфт, дақиқан гуфта наметавон, ки кадом гуруҳи маҳбусон пурра озод мешаванд ва ё муҳлати ҳабси онҳо кам карда мешавад. Зеро ба гуфтаи ҳуқуқшинос, қонуни афв нисбат ба ҳар шахс дар алоҳидагӣ қабул мешавад.

Қарор аст то ду моҳи дигар афроде, ки парвандаҳояшон шомили “қонуни авф” мешаванд, раҳо шаванд. Қонуни афв ҳудуди 20 ҳазор нафарро фаро хоҳад гирифт ва дар маҷмӯъ наздик ба 7 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод мешаванд.

XS
SM
MD
LG