Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди афви 20000 нафар дар Тоҷикистон. Афви нав киро фаро мегирад? ВИДЕО, САДО


Раҳоии маҳбусон. Моҳи ноябри соли 2014. Акс аз бойгонӣ

Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – рӯзи 16-уми октябр тарҳи қонун "Дар бораи афв"-ро ба порлумон фиристод. Мақомот гуфтанд, қарор аст, қонун то ҷашни 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки рӯзи шашуми ноябри имсол таҷлил хоҳад шуд, мавриди иҷро қарор гирад.

Вале маълум нест, оё ин афв ба афроде, ки ба гуфтаи пайвандонашон ва созмонҳои байналмилалӣ бо ангезаҳои сиёсӣ ва ҳимояташон аз мухолифин дар зиндон ҳастанд, дахл дорад, ё не. Баъзе аз ҳуқуқшиносон бо таваҷҷуҳ ба таҷрубаҳои пешина тахмин мезананд, ки "эҳтимол чанд моҳ ё чанд сол аз ҳукми онҳо кам карда шавад".

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе гуфт, "қонун дар бораи афв ба беш аз 20 ҳазор гумонбарон, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад".

Ба гуфтаи манбаъ, фарқи афви нав нисбат ба маъракаҳои пешина он аст, ки "шумораи афвшавандаҳо имсол зиёд будааст".

Киҳо шомили қонуни афв хоҳанд шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00
Линки мустақим

Бар асоси тарҳи нави афв, беш аз 7 ҳазор нафар аз зиндонҳо озод шуда, беш аз 5 ҳазор нафар аз ҷазоҳои дигар муоф мегарданд. Инчунин, мӯҳлати ҳабси як гурӯҳ аз зиндониён коҳиш дода мешавад, аммо мақомот теъдоди онҳоро ошкор накарданд.

Мақомот мегӯянд, қонуни афв нисбат ба беш аз 2 ҳазор нафаре татбиқ мешавад, ки парвандаҳои онҳо дар баррасии мақомоти тафтишотӣ ё додгоҳҳо қарор доранд. Мувофиқи тарҳи нав, занон, ноболиғон, мардони аз 55-сола боло, маъюбони гурӯҳи 1, 2, 3, гирифторони шуморе аз бемориҳо, аз ҷумла сил, аз зиндонҳо озод карда мешаванд.

Бар пояи ин тарҳ, онҳое, ки дар ҷанги кишварҳои бегона иштирок кардаанд; онҳое, ки аз беэҳтиётӣ даст ба ҷиноят задаанд ва онҳое, ки бори аввал ҷиноятҳои начандон сангин ва миёна содир кардаанд, низ шомили афв мешаванд.

Онҳое, ки бо иттиҳомҳои, ифротгароӣ, узвият дар гурӯҳҳои мамнӯъ, барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд, бар асоси қонуни афв озод намешаванд ва танҳо мӯҳлати адои ҷазояшон кам карда хоҳад шуд. Солҳои ахир бар асоси ин моддаҳо даҳҳо нафар дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд, ки дар миёнашон фаъолони гурӯҳҳои сиёсӣ низ буданд.

Ҳамзамон мӯҳлати адои ҷазои онҳое низ кам мешавад, ки бо ин айбҳо зиндонӣ ҳастанд:

  • куштор,
  • ба худкушӣ расондан,
  • қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ,
  • сироят кардан ба СПИД,
  • одамрабоӣ,
  • хариду фурӯши одамон,
  • таҳқири оммавии президент ё тӯҳмат кардан ба ӯ,
  • таҷовуз ба номус,
  • ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ,
  • терроризм,
  • ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ,
  • ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба лавозимоти ҷангӣ.

Эълон шудани тарҳи афв ин суолро дубора доғ кард, ки оё ин қонун фаъолони мухолифин ва бархе аз вакилони дифоъро ба монанди Бузургмеҳр Ёров, ки солҳо боз зиндонианд ва наздиконашон ҳукми онҳоро беасос меноманд, фаро хоҳад гирифт ё не?

Як ҳуқуқшиноси тоҷик, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, “ин дақиқ аст, ки тарҳи афв Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ду муовини собиқи раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро фаро намегирад.” Чун, ба гуфтаи ҳуқуқшинос, “ин ду нафар аз ҷониби додгоҳ ба ҳабси абад маҳкум шудаанд ва қонуни афв ин гуна афродро фаро намегирад.”

Ба ин тартиб, мумкин аст, Ғаффор Мирзоев, раиси пешини оҷонси зидди маводи мухаддир низ аз қонуни афв бебаҳра монад.

20 ҳазор тоҷикистониро афв мекунанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Баъзе аз ҳуқуқшиносон эҳтимоли то чанд сол кам шудани ҳукми Бузургмеҳр Ёров ва Зайд Саидовро пешбинӣ мекунанд. Вале Абдуқаюм Юсуфов, вакили мудофеи тоҷик, гуфт, қонуни афв як нозукии дигар дорад, ки афроди зиндонӣ танҳо дар сурати иқрор шудан ба гуноҳ бахшида мешаванд.

“Яке аз шартҳои авф эътирофи гуноҳ ва бахшиши гуноҳ аст. Дар ҳама ҳолат шахси маҳкумшуда агар ба гуноҳаш иқрор набошад, меъёрҳои қонун дар бораи авф нисбат ба ӯ татбиқ намешавад. Бояд шахс ба гуноҳаш иқрор ва дар содир кардани ҷиноят худро гунаҳкор эътироф намояд,” – шарҳ дод Абдуқаюм Юсуфов.

Ин дар ҳолест, ки бародари Бузургмеҳр Ёров ду ҳафта қабл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин вакили мудофеи зиндонӣ то ҳол ба бегуноҳиаш пойфишорӣ дорад. Ҷамшед Ёров рӯзи 3-юми октябр гуфт, “ҳатто аризаи тайёрро ба номи Эмомалӣ Раҳмон овардаанд, имзо кунад ва афв хоҳад шуд. Бузургмеҳр Ёров розӣ нашуд. Ёров аз аввал то охир дар як ақида аст, ки "бегуноҳ ҳастам" ва бояд озод шавам.”

Тибқи муқаррарот, "Қонуни афв" баъди баррасӣ ва тасвиб шуданаш дар порлумони Тоҷикистон бояд дар муддати ду моҳ амалӣ шавад. Дар Тоҷикистон дар солҳои истиқлол 15 дафъа қонуни афви маҳбусону боздоштшудаҳо қабул шудааст.

Охирин қонуни афв дар Тоҷикистон моҳи августи соли 2016 ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон қабул шуда буд, ки бар асоси он 12 ҳазор маҳбусу афроди гумонбар ба содир кардани ҷиноятҳои мухталиф ба назди пайвандонашон баргаштанд.

Соли 2012 мақомоти Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки ҳангоми татбиқи афви ҳамон сол беш аз 100 маҳбус "бо истифода аз асноди қалбакии бемории сил афв шудаву аз маҳбасҳои Тоҷикистон озод гаштаанд". Бархе аз сокинон мегӯянд, ин хавф ҳанӯз ҳам ҳаст, вале мақомот мегӯянд, ин ҷараёнро ҷиддӣ назорат мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (38)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG