Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бархӯрдҳо ба тарҳи нави қонуни афв дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Хайрулло Мирсаидов

Пешниҳоди қонуни нави афв ба порлумони Тоҷикистон бисёриҳоро барои озодии наздиконашон аз зиндон ва ё қатъи парвандаи онҳо умедвор кардааст. Хайрулло Мирсаидов, хабарнигор ва раҳбари пешини КВН-и Тоҷикистон, ки як сол боз берун аз кишвар зиндагӣ мекунад ва таҳти ҷустуҷӯи мақомот аст, аз тарҳи қонуни афв ситоиш кард.

Манобеи Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, моддаҳое, ки бар асоси он Мирсаидов гунаҳкор шудааст, шомили қонуни афв хоҳад буд. Худи ӯ мегӯяд, ки ба ҳеч гуна афв зарурат надорад, чун худро пурра бегуноҳ меҳисобад.

Хабарнигори тоҷик таъкид кардааст, ки дар фурсатҳои наздик бегуноҳии худро ба воситаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид исбот хоҳад кард. "Афв ба ҳазорон маҳкумшуда дар Тоҷикистон рабт мегирад, ки бисёре аз онҳо комилан бегуноҳ ҳастанд. Афв ба онҳо зарур аст, то озод шаванд. Бо ин ҳол, бисёре аз бегуноҳон паси панҷара хоҳанд монд", -- гуфт ӯ.

Хайрулло Мирсаидов, ки соли 2018 бо ҷурми "азонихудкунӣ ва исрофкории маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ва "пахши маълумоти бардурӯғ" маҳкум шуда ва сипас бо пардохти ҷарима аз зиндон озод шуд, ба Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ муроҷиат кардааст. Ӯ дар яке аз кишварҳои аврупоӣ зиндагӣ мекунад ва дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, чораи дигар барои исботи бегуноҳиаш намондааст.

"Аз замони озодии ман як сол гузашт. Дар ин муддат ҳамаи зинаҳои додгоҳиро дар Тоҷикистон гузаштем, то бегуноҳии ман собит шавад. Додгоҳҳои Тоҷикистон дар натиҷаи ғайриҳирфаӣ будан ва муносибати муғризона ба ман ҳукми аввалро тағйир надоданд. Ба ин далел, вакилони мудофеи ман ба хулосае расиданд, ки санадҳои заруриро омода карда, ба Кумитаи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат кунанд", -- афзуд ӯ.

Дар пайи талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмону кишварҳои байналмилалӣ, Додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 22-юми августи 2018 Мирсаидовро шартан аз зиндон озод кард, вале доғи судиро аз номи ӯ набардошт. Хайрулло Мирсаидов инчунин ба пардохти 78 ҳазор ҳазор сомонӣ ҷарима ва ду сол корҳои ислоҳӣ муваззаф шуд.

Ӯ охири соли 2018 барои табобат ба Гурҷистон рафт ва Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Мирсаидовро ғоибона ба 8 моҳи зиндон маҳкум кард ва рӯзи 11-уми феврали имсол таҳти ҷустуҷӯ қарор дод. Ин дафъа мақомот ӯро “ба сарпечӣ аз корҳои ислоҳӣ” ва “тарки маҳалли зист бе огоҳ кардани мақомот” айбдор карданд.

Баъзе аз ҳуқуқдонҳо мегӯянд, қонуни афв танҳо нисбат ба он маҳкумшудаҳое татбиқ мегардад, ки ба гуноҳи худ эътироф кардаанд. Хайрулло Мирсаидов ба бегуноҳии худ исрор меварзад, вале вакили мудофеаш Бахтиёр Насруллоев дар ин бора назари дигар дорад.

"Бо ҳукми нави додгоҳ Хайрулло ба 8 моҳи зиндон маҳкум шуд. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон ин ҷинояти вазнин ҳисобида намешавад ва азбаски мӯҳлати ҷазо чандон зиёд нест, бар асоси Қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод карда мешавад", -- шарҳ дод ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бо шарти зикр нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Хайрулло Мирсаидов “тибқи моддаҳои 245, 346 ва 340-и Кодекси ҷиноӣ айбдор ва маҳкум шудааст. Ҳамаи нафарони маҳкумшуда аз рӯйи ин моддаҳо мавриди афв қарор мегиранд, вале доғи судиашон монда, вазифадоранд, ки зарари моддии расонидаро ҷуброн кунанд”.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 16-уми октябр тарҳи қонун “Дар бораи афв”-ро ба порлумон фиристод. Мақомот гуфтанд, қарор аст, қонун то ҷашни 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки рӯзи шашуми ноябри имсол таҷлил хоҳад шуд, мавриди иҷро қарор гирад.

Вале маълум нест, оё ин афв ба афроде, ки ба гуфтаи пайвандонашон ва созмонҳои байналмилалӣ бо ангезаҳои сиёсӣ ва ҳимояташон аз мухолифин дар зиндон ҳастанд, дахл дорад, ё не. Баъзе аз ҳуқуқдонҳо бо таваҷҷуҳ ба таҷрубаҳои пешина тахмин мезананд, ки "эҳтимол чанд моҳ ё чанд сол аз ҳукми онҳо кам карда шавад".

20 ҳазор тоҷикистониро афв мекунанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе гуфт, "қонун дар бораи афв ба беш аз 20 ҳазор гумонбарон, айбдоршавандаҳо, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад".

Ба гуфтаи манбаъ, фарқи афви нав нисбат ба маъракаҳои пешина он аст, ки "шумораи афвшавандаҳо имсол зиёд будааст". Аммо аз ҳоло ин нигарониҳо вуҷуд дорад, ки эҳтимол одамонро интихобӣ афв кунанд. Мақомоти Оҷонси зиддифасод соли 2012 гуфта буданд, ки ҳангоми татбиқи қонуни афв сад нафар аз он ғайриқонунӣ истифода кардаанд.

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG