Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афв ва баҳси "одамкушону бандитҳо" дар барномаи Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Тарҳи қонуни афви 20 ҳазор нафар дар Тоҷикистон бисёриҳоро ба озод шудани наздиконашон аз маҳбас умедвор кардааст. Чанде аз корбарон пурсидаанд, ки оё наздикони маҳкумшудаи онҳо низ шомили афв хоҳанд шуд ё не? ​Ин афв бахшида ба 25-солагии қабули Қонуни асосии Тоҷикистон сурат мегирад.

Нафаре бо номи "Эшони Тоҷ" дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, “касонеро ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят карда ва дар маҳбас нишастаанд, озод кунанд. Одамкушону бандитҳоро ҳаволаашон ба Худо.”

"Ҳаволаи одамкушону бандитҳо ба Худо"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:53 0:00


Баъзе аз сокинон мегӯянд, афроди маҳкумшуда бояд то замони адои ҷазо дар зиндон монанд, чун аз як тараф боиси руҳафтодагии оилаҳои ҷабрдида мешаванд ва аз сӯи дигар мақомот барои таъмини онҳо бо ҷойи кор омода нест.

Шаҳром Юсуфов, корбари дигар гуфтааст, “ба ақидаи ман, 90 дарсади авфшавандагон ислоҳ шудаанд".

"Онҳо муддати зиёд дар муассисаҳои ислоҳӣ буданд. Муҳлати ҷазоҳои махсусан вазнинро низ камтар кунанд, хуб мешавад, чунки баъзеи онҳо аз беэҳтиётӣ ё бори аввал даст ба ҷиноят задаанд”,--навиштааст ӯ.

Ҷонона ҳам гуфтааст, “шояд баъди нишастан дар маҳбаси тираву торик андешаи шоиста зиндагӣ кардан ба сарашон омада бошад, то меҳнати ҳалол намуда, оромии ҷомеаро дигар халалдор насозанд.”

Хурсанд гуфтааст, “аз ин кори нек хонаводаҳо хурсанд мешаванд. Аммо бадбахтиаш дар он аст, ки ҷое ҳуҷҷат пешниҳод кардӣ ва доғи судӣ дорӣ ба кор қабул намекунанд.”

Корбаре бо номи "Shukrilo24" дар саҳифаи Инстаграми Радиои Озодӣ мегӯяд “дар Тоҷикистон ин қадар маҳбаси бисёр чӣ даркор. Мардуми мо аз реша ҷинояткор нестанд. Онҳо имруз аз бекорӣ ҷиноят мекунанд.”

Ҳоло нигоҳҳо ба сӯи ин афв дӯхта шудааст. Бисёриҳо аз он метарсанд, ки ин маърака бо фасод олуда нашавад.

Навиштани шарҳу фиристодани видеоҳои ҷолибро фаромӯш накунед.

Рақамҳо барои тамос:

(+992) 980 15 10 10

(+420) 607 900 808;

(+420) 724056681;

(+420) 724053959

XS
SM
MD
LG