Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруснашинии 5 зиндонӣ дар Узбекистон зидди шиканҷа


"Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба қазияи шиканҷа ва бадрафторӣ бо зиндониёни маҳбаси № 64/4 дар Қизилтеппаи вилояти Навоӣ фавран бояд дахолат кунад",-омадааст дар изҳороти Анҷумани ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ (AHRCA), ки мақарраш дар Фаронса аст.

Ба огаҳии анҷуман, панҷ маҳбус дар вилояти Навоии Узбекистон ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ 10 октябри соли равон гуруснанишинӣ эълом карданд.

Даҳ зиндонии маҳбаси № 64/4, ки дар корхонаи хиштбарорӣ кор мекарданд, аз маъмурияти зиндон дархост кардаанд, ба онҳо дастпӯш ва пояфзолҳои нав диҳанд.

"Сардори маҳбас В.Ю. Рустамов дар посух онҳоро бо чӯбдаст сахт латтукӯб карда, ба утоқи ҷаримавӣ интиқол додааст. Панҷ тани онҳо 10 октябр бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи худ даст ба гуруснанишинӣ задаанд",-навиштааст сомонаи AHRCA.

Ба иттилои AHRCA, дар корхонаи хиштбарории маҳбаси 64/4 дар се баст - ҳаштсоатӣ кори шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст ва он дар як шабонарӯз 400 ҳазор дона хишт истеҳсол мекунад.

"Дар ин корхона маҳбусоне ҳам кор мекунанд, ки вазифадор нестанд, ба ҷониби ҷабрдида ҷуброн пардозанд. Кор фармудани маҳбусон дар он хилофи уҳдадориҳои байналмилалиест, ки Узбекистон дар бахши ҳуқуқи инсон бар зимма гирифтааст",-афзудааст анҷуман.

XS
SM
MD
LG