Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "сархуш будан ё набудан" дар парвандаи Кабир Кабиров


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба муҳокимаи дигарбораи парвандаи Кабир Кабиров, писари Аваз Кабиров -- молики бозори "Султони Кабир" -- оғоз карда, масъалаи сархуш будан ё набудани ӯро ҳангоми садама баррасӣ намуд.

Кабир Кабиров дар моҳи марти имсол дар хиёбони марказии Душанбе бо худрави тамғаи "Лексус-450" ба садама дучор шуд. Дар ин садама ду нафар ҷон бохтанд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи июли имсол Кабир Кабировро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукм норозигии пайвандони қурбониёни садамаро ба бор овард ва онҳо аз рӯи ҳукм ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят карданд. Додгоҳи пойтахт парвандаро барои бознигарӣ ба дубора ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристод.

Пайвандони Некзод Саҳобиддинзода, яке аз қурбониёни садама, ҳукми пешинаи Кабир Кабировро сабук дониста, талаб доранд, ки ба ӯ ҷазои сахттар ва ҳукми тӯлонитари зиндон дода шавад. Вакили мудофеи Кабир Кабиров баръакс ҳукми нафари зери ҳимояташро сангин медонад ва ӯ низ барои бозбинии пешинаи ҳукм талош дорад.

Дар мурофиаи рӯзи 30-юми сентябр дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт масъалаи маст будан ё набудани Кабир Кабиров ҳини сар задани садама баҳс шудааст.

Вакили мудофеъ ва наздикони Кабир Кабиров сархуш будани ӯро ҳангоми рондани мошин рад мекунанд. Султон Кабиров, амаки Кабир Кабиров, рӯзи 1-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бародарзодааш "аслан шароб наменӯшад".

Аммо Миҷгона Маҳсиддинова, модари Некзод Саҳобиддинзода, яке аз қурбониёни садама мехоҳад бо ҷалби шоҳидон исбот кунад, ки Кабир Кабиров ҳангоми рондани мошин маст будааст ва бояд ҷазои сахттар гирад. Маҳсиддинова ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиаи рӯзи душанбе чаҳор шоҳид даъват шуда буд, вале ҳеҷ кадом аз онҳо маст будан ва ё бо суръати баланд рондани писари раиси бозори “Султони Кабир”-ро тасдиқ накардаанд.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, "ду шоҳид нарколог буданд ва ду нафари дигар дар маъракаи пеш аз садамаи Кабир Кабиров ҳузур доштаанд".

Миҷгона Маҳсиддинова аз додрас хостааст, ду шоҳиди асосиеро, ки ба гуфтаи ӯ, аз маст будани Кабир Кабиров хабар доранд, ба мурофиа даъват кунад. "Яке аз ин шоҳидон пешхидматест, ки арақро дар зарфи афшура (сок) андохта, ба хотири нафаҳмидани дигарон ба назди Кабир Кабиров овардааст. Шоҳиди дигар ҷавонест, ки ӯ низ аз асли воқеа хабар дорад".

Ба гуфтаи Саодат Тӯраева, вакили дифои хонаводаи Некзод Саҳобиддинзода, додрас дархости онҳоро дар бораи даъвати шоҳидони нав пазируфт ва дар назар аст, онҳо дар мурофиаи навбатӣ ҳозир шаванд.

Даъвати шоҳидони нав ба ин мурофиа барои исботи маст будани Кабир Кабиров дар ҳолест, ки ба қавли Саидмаҳмуд Шарифов, адвокати Кабиров, пештар ташхисҳо иддаои нӯшидани шароб ва маст будани нафари зери ҳимояти ӯро собит накардааст.

Дар ҳукми пешинаи додгоҳ, ки дастраси Радиои Озодӣ гардид, гуфта шудааст, маст будани ӯ зимни баррасии парванда исботи худро наёфт. Миҷгона Маҳсиддинова иддао дорад, ки ташхисҳо барои ошкор сохтани ҳолати мастии Кабир Кабиров гӯиё "тақаллубӣ ва сохтакорона сурат гирифтаанд".

Масъалаи дигаре, ки дар ин қазия мавриди баҳси ҷонибҳо қарор дорад, суръати ҳаракати мошин аз сӯи Кабир Кабиров мебошад. Дар ҳукми пешинаи додгоҳ навишта шудааст, ки мошини ӯ дар ҳолати хуби техникӣ қарор дошт ва мошинро аз ҳадди муқарраршуда зиёдтар, яъне бо суръати тахминан 100-120 километр дар соат меронд. Дар ҳукм гуфта шудааст, аз сабаби хеле баланд будани суръати ҳаракат, Кабир Кабиров аз ӯҳдаи идораи он набаромадааст.

Мурофиаи навбатии Кабир Кабиров дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми октябр гузошта шуд.

Писари молики бозори "Султони Кабир" шаби 23-юми март дар хиёбони марказии Душанбе бо худрави тамғаи "Лексус-450" ба садама дучор шуд. Дар натиҷаи он ду нафар аз ҳамроҳонаш - Саидов Саидҷаъфар ва Саҳобиддинзода Некзод, ки ҳарду 19-сола буданд, ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти Раёсати корҳои дохилии Душанбе он замон гуфтанд, Кабир Кабиров "бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, аввал ба девори бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанӣ бархӯрдааст".

Ҳодиса дар маркази Душанбе ва начандон дур аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар дили шаҳр рух дод. Кабир Кабирови 19-сола донишҷӯи соли якуми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Солҳои охир чанде аз садамаҳо бо иштироки фарзандони мақомоти тоҷик ва афроди шинохтаву сарватманд рух додааст. Пурсарусадотарини он садамаи Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, раҳбари пешини идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2013 буд.

Дар ин садама се нафар ҷон бохтанд, аммо мақомот гуфтанд, ҳарчанд мошин мутааллиқ ба Расули Амонуллоҳ буд, дар вақти садама каси дигаре бо номи Умар Шарифов ронандагӣ мекард.

Дар соли 2016 дар натиҷаи садамаи Фаромуз Саидов, писари муовини нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ду нафар ҷон бохтанд. Мақомот мегӯянд, аксари ин садамаҳо аз беэҳтиётӣ сар задаанд. Мунтақидон мегӯянд, ки ин ҳодисаҳо бештар ҳангоми "пойга" ё суръати аз ҳад баланди мошин рух медиҳанд ва на ҳамеша гумонбарон ҷазо мегиранд.

Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва ҳазорон нафари дигар захмӣ ва маъюб мешаванд. Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG