Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари молики "Султони Кабир" ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум шуд


Додгоҳ Кабир Кабиров, писари Авазхон Кабиров, молики бозори "Султони Кабир"-ро ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум кард. Кабирови 19-сола ба садамае гунаҳкор дониста мешавад, ки бо марги ду нафар анҷомид.

Як манбаъ дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳ чанд рӯз пеш содир шуд. Ба гуфтаи манбаъ, наздикони Кабир Кабиров фурсат доранд, ки аз ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд.

Парвандаи Кабир Кабировро Раёсати корҳои дохилии Душанбе таҳқиқ карда ва авоили моҳи июл ба додгоҳ супурд. Нисбат ба Кабир Кабиров бо иттиҳоми "вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ" парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Писари молики бозори "Султони Кабир" шаби 23-юми март дар хиёбони марказии Душанбе бо худрави тамғаи "Лексус-450" ба садама дучор шуд. Дар натиҷаи он ду нафар аз ҳамроҳонаш - Саидов Саидҷаъфар Бахтиёрович ва Саҳобиддинзода Некзод Мисриддин, ки ҳарду 19-сола буданд, ба ҳалокат расиданд. Як ҳамроҳи дигараш бо захмҳои гуногун дар бемористон гардид.

Мақомоти Раёсати корҳои дохилии Душанбе гуфтанд, Кабир Кабиров "бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, аввал ба девори бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанӣ бархӯрдааст".

Ҳодиса дар рӯ ба рӯи бинои сохтмонаш нотамоми Хадамоти алоқа ва дар наздикии бинои порлумони Тоҷикистон рух дод. Кабир Кабирови 19-сола донишҷӯи соли якуми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Солҳои охир чанде аз садамаҳо бо иштироки фарзандони мақомдорони тоҷик ва афроди шинохтаи кишвар рух додааст. Пурсарусадотарини он садамаи Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, раҳбари пешини идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2013 буд.

Дар пайи ин садама се нафар ҷон бохтанд, аммо мақомот гуфтанд, ҳарчанд мошин мутааллиқ ба Расули Амонуллоҳ буд, дар вақти садама каси дигаре бо номи Умар Шарифов ронандагӣ мекард.

Дар соли 2016 дар натиҷаи садамаи Фаромуз Саидов, писари муовини нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ду нафар ҷон бохтанд. Инчунин чанд садамаи дигари маргбор бо иштироки нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ва мақомоти дигар рух додааст.

Мақомот мегӯянд, аксари ин садамаҳо аз беэҳтиётӣ сар задаанд. Мунтақидон мегӯянд, ки ин ҳодисаҳо бештар ҳангоми "пойга" ё суръати аз ҳад баланди мошин рух медиҳанд ва на ҳамеша гумонбарон ҷазо мегиранд.

Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва ҳазорон нафари дигар захмӣ ва маъюб мешаванд. Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG