Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии ҷаҳон бе Дилшод Назаров. САДО


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки аз 27-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад, ширкат намеварзад. Ӯ ки ба гумони истеъмоли допинг муваққатан аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шудааст, наметавонад дар Доҳа барои медал ва роҳхати олимпӣ мубориза кунад.

Се рӯз қабл як созмони мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук (The Athletics Integrity Unit) Дилшод Назаров, гурзандози маъруфи тоҷик ва қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилияро ба рӯйхати варзишгароне шомил кард, ки дар истифодаи допинг муттаҳам мешаванд.

Ба навиштаи ин созмон, тафтиши дубораи допинг дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 дар Кореяи Ҷанубӣ "дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболи даҳонӣ (metaboliteof oralturinabol)" пайдо кардааст.

Созмони мустақили The Athletics Integrity Unit, ки исми гурзандози тоҷик ва барандаи бозиҳои олимпии соли 2016-ро дар феҳристи гумонбарон дар истеъмоли допинг шомил кард, мегӯяд, Дилшод Назаров бояд ба таври ҳатмӣ муқаррароти худдорӣ аз ширкат дар мусобиқаҳоро иҷро кунад.

Дафтари матбуоти ин созмон дар шарҳи қарор рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ навишт, "дар сурате, ки варзишгар тавонад собит кунад, ки нақзи муқаррароти зиддидопингӣ бо истеъмоли маҳсулоти олуда бастагӣ мегирад, ин қарор бекор мешавад. Вале ин тасмим ба қарори муваққатан аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шудани варзишгар дар паи истеъмоли маводи олуда таъсире надорад ва бозбинӣ намешавад".

Дилшод Назаров: Ҳақ ба ҷониби ман аст
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:45 0:00
Линки мустақим


Дар посухи дафтари матбуоти The Athletics Integrity Unit шарҳи аз ин беш оварда нашудааст.

Дилшод Назаров, ки аз Доҳа ба Душанбе баргаштааст, аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ кард. Ӯ шоми 26-уми сентябр дар сафҳаи Фейсбукиаш навиштааст, "ман дар қаҳрамонии ҷаҳон рақобат карда наметавонам, зеро ки маро дар истеъмоли маводи мамнуъ муттаҳам кардаанд. Хоҳишмандам, ба ман каме фурсат бидиҳед, то ин ки ман андешаҳоямро баён намоям. Ман намехоҳам эҳсосоти худро нишон диҳам, ман мехоҳам далелҳо пешниҳод намоям. Ба зудӣ ман изҳороти худро нашр мекунам. Ҳақиқат ба ҷониби ман аст."

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Доҳаи Қатар иштироки ҳудуди 2000 варзишгари беш аз 200 кишвар дар назар аст. Мусобиқот аз рӯи 27 навъи рақобатҳо миёни мардону занон сурат мегирад.

Баъд аз маҳрум шудани Дилшод Назаров аз ҳаққи иштирок акнун Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон танҳо як варзишгар – Гулсунбӣ Шарифова – намояндагӣ мекунад. Ӯ дар давиш ба масофаи 200 метр ширкат меварзад.

Бояд гуфт, ки ин варзишгари 21-солаи тоҷик имсол дар якчанд мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, ба натиҷаҳои баланд ноил шудааст. Чунончи, Гулсунбӣ дар ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Алматии Қазоқистон ва Бишкеки Қирғизистон дар давиш ба масофаҳои 200 ва 400 метр чаҳор медали тилло ба даст овард. Инчунин ӯ моҳи август дар Ҷоми бози Узбекистон дар шаҳри Тошканд дар сабқати занон дар давиш ба масофаи 400 метр ва эстафетаи чаҳор ба 400 метр миёни занон ҳамроҳи Лолахон Ҷумъаева, Нодира Мирзоева ва Кристина Пронженко бо медали тилло мукофотонида шуд.

Варзишгароне, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Доҳаи Қатар дар рақобатҳои инфиродӣ меъёрҳои муқарраркардаи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF)-ро иҷро мекунанд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.

Дар қувваозмоиҳо оид ба эстафета бошад, ҳашт ҷойи аввали ҳар қувваозмоӣ имкони ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020-ро доранд.

Ҳамчунин, IAAF барои варзишгароне, ки то ҷойи 8-умро ишғол мекунанд, ҷоизаи молӣ муқаррар кардааст:

Рақобатҳои инфиродӣ
1. 60 000 доллари ИМА
2. 30 000 доллари ИМА
3. 20 000 доллари ИМА
4. 15 000 доллари ИМА
5. 10 000 доллари ИМА
6. 6 000 доллари ИМА
7. 5 000 доллари ИМА
8. 4 000 доллари ИМА

Эстафета
1. 80 000 доллари ИМА
2. 40 000 доллари ИМА
3. 20 000 доллари ИМА
4. 16 000 доллари ИМА
5. 12 000 доллари ИМА
6. 8 000 доллари ИМА
7. 6 000 доллари ИМА
8. 4 000 доллари ИМА

Инчунин, варзишгароне, ки рекорди нави ҷаҳонро мегузоранд, дар ҳаҷми 100 000 доллари ИМА ҷоизаи молии иловагӣ мегиранд.
Бояд тазаккур дод, ки дар муддати 28 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук ҳамагӣ 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) ба даст овардаанд.

Ду медали тиллоро Андрей Абдувалиев дар гурзандозӣ солҳои 1993 (Штутгарт, Олмон) ва 1995 (Ҳётеборг, Шведсия) соҳиб шудааст. Медали нуқра ба Дилшод Назаров марбут аст. Ӯ соли 2015 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекини Чин дар гурзандозӣ сазовори медали нуқра гаштааст.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG