Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали панҷуми тилоии Дилшод Назаров дар қаҳрамонии Осиё


Дилшод Назаров (аз чап) ва Суҳроб Хоҷаев (аз рост).
Дилшод Назаров (аз чап) ва Суҳроб Хоҷаев (аз рост).

Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар пойтахти Қатар – шаҳри Давҳа – дар гурзандозӣ соҳиби медали тило гардид. Ин панҷумин нишони тиллои ӯ дар қаҳрамонии Осиё ба шумор меравад.

Дар рақобатҳои ниҳоии гурзандозӣ, ки шоми чоршанбеи 24-уми апрел дар варзишгоҳи марказии Давҳа – Khalifa Stadium - доир гардид, 11 варзишгар аз 9 кишвар – Қатар ва Чин дунафарӣ, Тоҷикистон, Узбекистон, Кувайт, Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Ҷопон ва Туркманистон якнафарӣ - ширкат дошт.

Дилшод Назаров, ки 6-уми май 37-сола мешавад, гурзро ба дурии 76 метру 14 сантиметр ҳаво дода, ҷойи аввалро касб намуд. Ашраф Амқад Ал-Сайфии 24-сола аз Қатар бо натиҷаи 73 метру 76 сантиметр ҷойи дуюро соҳиб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ бо натиҷаи 72 метру 85 сантиметр насиби зодаи Тоҷикистон Суҳроб Хоҷаев гардид, ки 21-уми май 26-сола мешавад. Ӯ, ки дастпарвари варзиши Тоҷикистон аст, феълан дар Узбекистон ба сар мебарад ва дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ин кишварро намояндагӣ кард. Ин аввалин медали Суҳроб дар қаҳрамонии Осиё ҳисоб меёбад.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир гардид, дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз шуда буд.

Ҳамин тариқ, қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров панҷ бор (солҳои 2009, 2013, 2015, 2017 ва 2019) ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шуда, дар мусобиқоти қитъавӣ ду бор (солҳои 2005, 2007) соҳиби медали нуқра ва як маротиба (соли 2003) барандаи медали биринҷӣ гардидааст.

Ба иттилои Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё, дар мусобиқоти қаҳрамонии қора оид ба варзиши сабук, ки дар Давҳаи Қатар аз 21-ум то 24-уми апрел баргузор шуд, ҳудуди 1000 варзишгар аз 43 кишвар ширкат дошт.

Ба ҷуз Дилшод Назаров, варзишгарони дигари тоҷик - Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа), Одилшоҳ Исматов (давидан ба масофаи 800 метр), Алишер Пулотов (давидан ба масофаи 400 метр бо монеа), Григорий Дерипаскин (давидан ба масофаи 400 метр) ва Гулсунбӣ Шарифова (давидан ба масофаи 200 метр) - натавонистанд ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо карда, барои медал мубориза баранд.

Дар мусобиқоти 23-юми қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук дар шаҳри Давҳаи Қатар аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Баҳрайн бо касби 22 медал (11 тилло, 7 нуқра ва 4 биринҷӣ) ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Мунтахаби Чин бо касби 29 медал (9 тилло, 13 нуқра ва 7 биринҷӣ) ҷойи дуюм ва мунтахаби Ҷопон бо касби 18 медал (5 тилло, 4 нуқра ва 9 биринҷӣ) ҷойи сеюмро гирифтанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тилло ҷойи 13-умро ишғол кард. Умуман, варзишгарони 20 кишвар бо медалҳои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё мукофотонида шуданд.

XS
SM
MD
LG