Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров ба финали қаҳрамонии Осиё роҳ ёфт


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик, ба даври ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки имрӯз, 24-уми апрел, дар пойтахти Қатар – шаҳри Доҳа – баргузор мешавад, роҳ пайдо кард.

Дар рақобатҳои муқаддамотии гурзандозӣ, ки шоми сешанбеи 23-юми апрел доир гардид, 17 варзишгар аз 11 кишвари Осиё ширкат дошт. Дилшод Назаров бо натиҷаи 71 метру 46 сантиметр ҷойи дуюмро касб намуд.

Ашраф Ал-Сайфӣ аз Қатар бо натиҷаи 74 метру 92 сантиметр ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ба ин тартиб, 12 гурзандоз ба ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ, ки шоми имрӯз, 24-уми апрел, доир мешавад, мушарраф гашт.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир гардид, дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз шуда буд.

Қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров чаҳор бор (солҳои 2009, 2013, 2015 ва 2017) ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шуда, дар мусобиқоти қитъавӣ ду бор соҳиби медали нуқра (2005, 2007) ва як маротиба барандаи медали биринҷӣ (2003) гардидааст.

Ба иттилои Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиё, дар ин мусобиқоти қитъавӣ ҳудуди 1000 варзишгар аз 45 кишвари қора ширкат дорад.

Ба ҷуз Дилшод Назаров, варзишгарони дигари тоҷик - Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа), Одилшоҳ Исматов (давидан ба масофаи 800 метр), Алишер Пулотов (давидан ба масофаи 400 метр бо монеа), Григорий Дерипаскин (давидан ба масофаи 400 метр) ва Гулсунбӣ Шарифова (давидан ба масофаи 200 метр) - натавонистанд ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кунанд.

XS
SM
MD
LG