Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба варзиши сабук, ки рӯзҳои 21-24-уми апрел дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа - доир мегардад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои Созмони варзиши сабуки Осиё, дар ин мусобиқоти қитъавӣ ширкати ҳудуди 1000 варзишгар аз 45 кишвари қора дар назар аст. Варзишгарон аз рӯи 21 навъи варзиши сабук миёни мардону занон, инчунин эстафетаи омехта, ки бори аввал ба барномаи ин мусобиқоти қитъавӣ ворид шудааст, рақобат мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар шаш варзишгар дохил шудааст: Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 400 метр ва 400 метр бо монеа), Одилшоҳ Исматов (давидан ба масофаи 800 метр), Алишер Пулотов (давидан ба масофаи 400 метр бо монеа), Григорий Дерипаскин (давидан ба масофаи 400 метр) ва Гулсунбӣ Шарифова (давидан ба масофаи 200 метр).
Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, моҳи июли соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир гардид, дар гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз шуд.
Қаҳрамони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Дилшод Назаров чаҳор бор (солҳои 2009, 2013, 2015 ва 2017) ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст.
Зари зарафшонам бишуд афсонаи буду наблу Аз зари кухистони худ як гушворам ОРЗУСТ!!!!!
Ман ба мардуми точик хайронам. Дар давлати диктатори зиндаги дорем. Бад аст, хуб аст давлат сарвар ва элита-оилаи хукмфармо дорад. Хохед сиёсатбози кунед, аз шароитхои автократия нагз бохабар шуда, шарту шароитро дидабаьд кор кунед. Вагарна пушаймони суд надорад. Бо усули давлатхои демократи сиёсатбози дар давлати автократи ин худаш як аблахи. Бесаводи бошад, тарсу вахм бошад, чазонбинии гуломи бошад???? Намедонам..., лекин бачои калларо кор фармуда, озиста озиста давлату давлатдоронро ислох ва зери рамкаи камтар адолатона даровардан, мардуми мо факат ба Худо месупоран. Худои бузург ба мо тану чон дод, барои илмомузиву хаётомузи шароит дод. Мо бояд аз ин имкониятхояш истифода бурда чамьиятро обод ва одилона кунем. Харакату муборизахои босаводона кунем. Илму фарханг, дину маданияти диниро нагз аз худ кунем, баьд Худо хам харакатхои моро дида мункин зиндагиву чамьияти сазоворро ба мо ато кунад. А так дар дахон носу, дар курпача нишаста лак лак мекунем. Аксарият саводи элементари надоранд... чи хел мо пешрафта мешавем. Танхо нолишу нолиши харгушкхои дупо......(((((
Тиллову пул аз Афгонистон. Значит аз они шахрвандони Точикистон нест. Хакки хизматро гиред ва кори афгонхоро буд кардан гиред. Чи проблема? Сохиби он ки аст? Чи аст? Барои мо чи фарк дорад? За транзит услуга гиред тамом.
Кореяи шимоли пешво доранд. Мо низ бо пешво буданро ФАХР мекунем. Солхои 92 чи буд хозир чигуна.
Интиқод не интиқол мешавад, ислоҳ карда монед.