Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров: Ман дар ҳолати “шок” ҳастам. ВИДЕО, САДО


Дилшод Назаров
Дилшод Назаров

Дилшод Назаров – гурзандози машҳури тоҷик ва қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро – гуфт, аз он ки ӯро ба истифодаи допинг гумонбар ва аз иштирок дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Қатар маҳрум карданд, дар ҳолати "шок" аст.

Ӯ рӯзи 25-уми сентябр дар паёме ба Радиои Озодӣ гуфт, "бо тамоми масъулият эълон мекунам, ки ҳамаи ҷоизаҳоро дар натиҷаи муборизаҳои ҳақиқӣ ба даст овардаам."

The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук, рӯзи 24-уми сентябр номи Дилшод Назаровро ба рӯйхати варзишгароне шомил кард, ки дар истифодаи допинг муттаҳаманд.

Ба навиштаи созмон, тафтиши дубораи допинг дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 дар Кореяи Ҷанубӣ "дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболи даҳонӣ (metaboliteof oralturinabol)-ро ошкор кард."

Дилшод Назаров мегӯяд, тамоми талоши худро ба харҷ хоҳад дод, то ҳамаи гумонҳо нисбат ба ӯ рафъ шавад ва барои ин кор як вакили машҳури аврупоиро ҳам ҷалб кардааст.

"Умед дорам, ба зудӣ номи неки худро барқарор мекунам ва бори дигар парчами ватанро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боло мебардорам. Барои пуштибонӣ ва дарки шумо умед дорам. Ин танҳо чизест, ки ҳоло гуфта метавонам", -- афзуд ӯ.

Дилшод Назаров феълан дар Қатар қарор дорад.

Созмони мустақили The Athletics Integrity Unit, ки номи гурзандози тоҷик ва барандаи бозиҳои олимпии соли 2016-ро дар феҳрасти гумонбарон дар истеъмоли допинг шомил кард, мегӯяд, Дилшод Назаров бояд ба таври ҳатмӣ муқаррароти худдорӣ аз иштирок дар мусобиқаҳоро иҷро кунад.

Дафтари матбуоти ин созмон дар шарҳи қарор рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ навишт, "дар сурате ки варзишгар тавонад собит кунад, ки нақзи муқаррароти зиддидопингӣ бо истеъмоли маҳсулоти олуда бастагӣ мегирад, ин қарор бекор мешавад. Вале ин тасмим ба қарори муваққатан аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шудани варзишгар дар паи истеъмоли маводи олуда таъсир надорад ва бозбинӣ намешавад".

Дар Тоҷикистон ба иддаои ин созмон бо шубҳа менигаранд. Муҳаммадшо Абдуллозода, раиси Созмони миллии зиддидопингии Тоҷикистон гуфт, Дилшод Назаров пас аз ширкат дар Олимпиадаи соли 2016 аз ташхиси допинг гузашт ва "покиза" баромад.

Ӯ гуфт, "рӯзи 19-уми августи соли 2016 намояндагони Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) пешоби Дилшод Назаровро ташхис карданд. Бар асоси қоидаҳои WADA агар ташхис нишон медод, ки варзишгар маводи мамнӯъро истеъмол кардааст, ба ӯ дар муддати даҳ рӯз хабар медоданд ва ӯ муҷозот мешуд."

Абдуллоев афзуд, дар ин муддат касе аз WADA ба Дилшод Назаров ва созмонҳои варзишии марбута занг назадааст ва ё номаи расмӣ нафиристодааст: "Ин маънои онро дорад, ки Дилшод Назаров аз ташхиси допинг бо сарбаландӣ гузаштааст ва мо бовар надорем, ки ӯ аз маводи барои варзишгарон мамнуъ истифода карда бошад.”

Моҷарои допинг ё истеъмоли маводи дорувории барои варзишгарон мамнуъ вақтҳои охир дар расонаҳои хабарии ҷаҳон ба мавзӯи доғ табдил шудааст. Бисёре аз варзишгарони маъруфи ҷаҳон барои истеъмоли маводе, ки онҳоро Оҷонси байналмилалии зидди допинг (WADA) ба феҳристи доруҳои мамнӯъ дохил кардааст, муҷозот шудаанд.

Дилшод Назаровро муваққатан аз иштирок дар бозиҳо маҳрум карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00
Линки мустақим

Дар гузашта баъзе варзишгарони тоҷик барои истифодаи допинг муҷозот шуда буданд. Аз ҷумла Умед Ҳасанбеков, узви дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон барои истеъмоли допинг ё маводи дорувории барои варзишгарон мамнуъто 6-уми феврали соли 2023 - аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ маҳрум шудааст.

Аз ин пеш хабари истеъмоли маводи мамнуъ аз ҷониби ду варзишгари Тоҷикистон – Хуршед Бекназаров, узви мунтахаби ҷавонони футболи кишвар ва Зелимхон Юсупов, узви мунтахаби гуштии озод, расонаӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG