Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзилаи пуршиддате дар Покистон сабаби марги 22 ва ҷароҳати садҳо нафар шуд


25 сентябр, Мирпур
25 сентябр, Мирпур

Дар шарқи Покистон дар паи зилзилае ба шиддати 5,8 дараҷа аз рӯи ҷадвали Риҳтер дасти кам 22 нафар кушта ва беш аз 300 тан маҷрӯҳ шуданд. Мақомот гуфтанд, ки тапиши замин инчунин дар пойтахти Ҳинди ҳамсоя – Деҳлии нав ҳам эҳсос шуд. Бар асосии Таҳқиқоти геологии ИМА, маркази зилзила надик ба шаҳри Мирпури минтақаи Кашмири таҳти маъмурияти Покистон будааст.

Вазири иттилооти Кашмир Муштаф Минҳос гуфт, ки дар зилзила 22 нафар, аз ҷумла занҳову кӯдакон кушта шуданд. Аксари онҳо дар паи хароб ва ба замони рехтани бому деворҳо кушта шуданд. Минҳос гуфт, ки мақомот осебдидаҳои зилзиларо бо “хайма, ғизо ва дигар маводи зарурӣ таъмин мекунанд”.

Роҷа Қайсар, як мақоми дигар дар Кашмир гуфт, ки роҳи марказии Мирпур хеле сахт хароб шуда, боиси сар задани садамаҳо ва ҳам хароб шудани мошинҳо мешавад. Низомиён мегӯянд, ки дар макони офатҳо нирӯҳои ҳавоӣ ва ҳам ходимони тиб кор мекунанд.

Сокинони Исломобод, ки ҳамчунин тапиши заминро эҳсос карданд, аксаран дар беруни манзилҳояшон ин лаҳзаҳоро пушти сар карданд.

XS
SM
MD
LG