Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори набераи Ислом Каримов ба ҳукумати ҳозираи Узбекистон


Имон Каримова, духтари Гулнора Каримова

Боз як мурофиаи паси дарҳои бастаи Гулнора Каримова, духтари калонии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, дар шаҳри Тошканд оғоз шуд. Грегуар Манжа, вакили швейтсарии Каримова, рӯзи 16-уми сентябр дар ин бора дар "Твиттер" хабар дод.

Ҳамон рӯз Имон Каримова, духтари Гулнора Каримова низ ба ҳукумати Шавкат Мирзиёев ҳушдор дод, ки "рӯзҳои наздик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Узбекистон чанд далели махфӣ дар бораи коррупсия дар кишварро ошкор хоҳад кард".

Каримоваи хурдӣ дар Лондон зиндагӣ мекунад. Вай дар саҳифаи худ дар Инстаграм мурофиаи додгоҳии модарашро "сирки сиёсӣ" номид. Ба назари ӯ, "чунин рафтори мақомот ҳарчи бештар тасдиқ мекунад, ки дар кишвар ба ҷуз аз шиорҳо ва тағйироти косметикӣ пешравии дигаре нашудааст."

"Дар чанд рӯзи оянда ба додгоҳҳои байналмилалӣ ва созмонҳои машҳуре, ки ба таҳқиқи ҳолатҳои коррупсионӣ машғуланд, санадҳо фиристода хоҳад шуд. Ин танҳо як бахшаш хоҳад буд", -- навишт Имон Каримова.

Духтари Гулнора Каримова дар номаи худ аз касе ном набурда, вале гуфтааст, ин далелҳо даст доштани мансабдорони кунунии Узбекистонро дар коррупсия тасдиқ мекунад.

Мақомоти Узбекистон дар ин бора чизе нагуфтаанд. Вале моҳи гузашта Додситонии кулли Узбекистон зидди Гулнора Каримова, духтари раиси ҷумҳури пешини Узбекистон парвандаи нав кушод ва ӯро ба "дуздии амволи давлатӣ", "созиш алайҳи манфиатҳои давлат" ва "азхудкунии моли дигарон" муттаҳам кард.

Ба навиштаи вакили швейтсарӣ, дар рӯзе, ки ҳушдори Имон Каримова нашр шуд, нафари зери ҳимояти ӯро аз бинои додгоҳи ноҳияи Яшнобод "ба самти номаълум бурдаанд". Ба қавли вакили мудофеъ, мақомоти Узбекистон духтари Гулнора Каримоваро ба мурофиа роҳ надоданд.

Вакили швейтсарӣ мегӯяд, ду ҳафта пеш барои иштирок дар мурофиаи додгоҳӣ дархостӣ расмӣ дода буд, вале то ҳанӯз натиҷааш маълум нест.

Аз ин пеш, моҳи декабри соли 2017 додгоҳи вилояти Тошканд Гулнора Каримоваро 10 сол аз озодӣ маҳрум кард. Моҳи июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд ва дар ҳабси хонагӣ буд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Узбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 миллиард доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи Амрико низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Шарҳҳоро бинед (2)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG