Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Гулнора Каримова хост, ки модараш раҳо шавад


Раёсати зиндонҳои Вазорати умури дохилии Узбекистон мегӯяд, аз 7 то 10 июли соли равон ба набераи президенти пешини ин кишвар Имон Каримова иҷозат дода шуд, ки дар зиндон бо модараш мулоқоти тӯлонӣ анҷом диҳад.

Имон Каримова низ пас аз вохӯрӣ бо модараш дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев муроҷиат кард. Вай дар "Инстаграм" навишт, ки вазъи саломатии модараш дар зиндон рӯз то рӯз бад мешавад.

Набераи президенти пешини Узбекистон аз Шавкат Мирзиёев дархост кард, ки модарашро озод кунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, Гулнора Каримова ба ҷароҳии фаврӣ ниёз дорад.

Имон Каримова дар охир аз ҳамаи узбекистониҳое, ки ба тақдири модараш бетараф нестанд, даъват кард, то ба маъракаи талаби раҳоии Гулнора Каримова аз зиндон бипайванданд.

XS
SM
MD
LG