Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон гуфт, аз Гулнора Каримова маблағе нагирифтаанд


Вазорати молияи Узбекистон хабари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи онро ки гӯё духтари калонии президенти пешини ин кишвар Гулнора Каримова 1,2 млрд доллари амрикоиро ба давлат баргардондааст, шарҳ дод.

"Тайи соли гузашта ва нимаи аввали соли 2019 даромаде дар ҳаҷми маблағи мазкур ба будҷаи давлат ворид нашудааст",-омадааст дар иттилоияи Вазорати молияи Узбекистон.

Духтари Гулнора Каримова - Имон 23 июн муроҷиати модари худро ба президенти Узбекистон дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм нашр кард, ки аз мусодира шудани амволашон дар ин кишвар хабар медиҳад.

"Ман мехоҳам эълом кунам, то кунун дороии шахсии ман дар ҳаҷми $1,2 млрд доллар, ки дар ҳудуди Узбекистон буд, аз ман гирифта шуда ва барои буҷаи кишвар даромад меоранд",-гуфтааст Гулнора Каримова.

Додситонии кулли Швейтсария низ 24 июн хабар дод, ки 133 миллион доллари аз суратҳисоби духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов мусодирашударо ба Тошканд бармегардонад.

XS
SM
MD
LG