Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолон аз ҳукумат хостанд, бо Гулнора Каримова созиш накунад


Гуруҳе аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Узбекистон бо муроҷиат ба вазоратҳои адлия, додситониҳо ва ҳукуматҳои Швейтсария, Фаронса, ИМА, Гибралтар ва Узбекистон талаб карданд, ки парвандаи Гулнора Каримова одилона таҳқиқ шавад. Ва сарнавишти амволи ғайриқонунии вай рушан гардад.

Муаллифон мегӯянд, баъди баргардонии дороиҳои Гулнора Каримова бояд парвандаи вай ва ҳаммаслаконаш дар Узбекистон аз сари нав баррасӣ шавад. "Ҳукуматҳои Швейтсария, Фаронса ва дигар кишварҳо, ки дороиҳои Каримова онҷо қарор доранд, мебояд на танҳо ба қонунгузории зидди фасод, балки ба ҳуқуқи инсон ҳам таваҷҷуҳ кунанд",-навиштаанд муаллифон.

"Мушкили аслии мо он аст, ки дар Узбекистон миёни вакили мудофеи Гулнора Каримова ва мақомоти кишвар гуфтугӯи махфӣ ҷараён дорад. То ҷое мо медонем, Каримова соли 2014 ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Соли 2017 ӯро ба зиндони занона интиқол доданд. Охири моҳи июн ӯро дубора ба ҳабси хонагӣ оварданд. Ва бори дигар дар оғози моҳи марти соли ҷорӣ ба зиндон фиристода шуд. То ҷое мо огоҳ ҳастем, дар ивази баргардонии маблағҳо аз Швейтсария ба Узбекистон талаб карда мешавад, ки Гулнора аз зиндон озод ва кишварро тарк кунад",-омадааст дар муроҷиати фаъолон.

"Мо ҳоло дақиқ намедонем, ки оё ҳукумати Узбекистон ин шартро мепазирад ё не, вале Каримова дубора ба ҳабси хонагӣ интиқол дода хоҳад шуд. Ҳама гуна созиш бо вай бояд фасодкорӣ унвон шавад. Ин гуна созиш ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ созгор нест ва хилофи манфиати мардуми Узбекистон аст",-навиштаанд муаллифон.

Тафтишот мегӯяд, Каримова аз ширкатҳои мобилии хориҷӣ барои роҳ додани онҳо ба бозори Узбекистон наздики 1 миллиард доллар пора гирифтааст. Вай қисме аз ин маблағҳоро дар бонкҳои хориҷ пинҳон ва бо қисми дигари онҳо дар кишварҳои аврупоӣ амволи ғайри манқул харидааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG