Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулнора Каримова ҳамкориро бо мақомот барои баргардонидани $133 млн қатъ кард


Набераи президенти нахустини Узбекистон Имон Каримова 2 июл дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" ҷузъиёти муносибатҳои кунунии модараш Гулнора Каримова бо мақомоти ин кишварро шарҳ дод. Духтари Гулнора Каримова навиштааст, ки вазъи сиҳатии модараш дар зиндони Зангиотаи вилояти Тошканд рӯз то рӯз бад мешавад.

"Мардуми Узбекистон ба хотири як нафар эҳтимол аст, пулҳои боқиро аз даст диҳанд. Модарам як моҳ пеш раванди баргардонидани пулҳо ва аз байн бурдани тамоми монеаҳои мавҷударо дар ин замина оғоз карда буд",-навишт Каримова.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз "бо айбҳои сохта" баргардонидани Гулнора Каримова ба зиндон дар моҳи марти соли 2019 Гулрух Каримова низ ба мақоми раҳбарии зиндони Зангиота бо маъмурияти махсус - фишор овардан ба модари Имон баргаштааст. Дар ҳоле ки дар давраи раҳбарии ӯ дар соли 2018 панҷ зан, аз ҷумла як кӯдак бо сабабҳои номаълум ҷон бохта буданд ва ӯ барканор шуда буд.

Вакили дифои швейтсарии Гулнора Каримова - Грегуар Манжа моҳи гузашта хабар дода буд, ки вазъи сиҳатии шахси зери ҳимояаш дар зиндон то рафт бад мешавад ва ӯ кумаки зарурии тиббиро дарёфт намекунад. Духтари Каримова додситонӣ ва раҳбари зиндон Гулрух Каримоваро ба он айбдор кард, ки барои модараш шароити сахтеро эҷод карда, ба вай фишори равонӣ меоранд.

Имон Каримова мегӯяд, ба онҳо тавсия шудааст, ки агар ин фишорҳо зидди модараш қатъ нашаванд ва вазъии сиҳатии вай беҳтар нагардад, муваққатан мусоидат ба ҳукумати Узбекистонро барои бозпас овардани пулҳои марбут ба Гулнора Каримова қатъ кунанд.

Набераи президенти пешини Узбекистон гуфт, модараш ҳамкорӣ бо мақомоти Узбекистонро барои баргардонидани пулҳо қатъ мекунад.

Дар ҳамин ҳол баъзе аз манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар доданд, ки 28 июн шаш зан аз зиндони Зангиота афв ва озод шуданд ва дар рӯйхат номи Гулнора Каримова низ ҳаст.

Вале мақомот ному насаби афвшудаҳоро расман эълом намекунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди кумаки муҳоҷирон ба кӯдакони чаҳор деҳаи бе мактаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG