Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили дифоъро нагузоштанд бо Гулнора Каримова мулоқот кунад


Манжа дар саҳифаи Твиттери худ ин аксро чоп карда гуфт, ки Гулрух Каримова, раиси зиндони Зангиота ба ӯ иҷоза надод бо Гулнора Каримова мулоқот кунад
Манжа дар саҳифаи Твиттери худ ин аксро чоп карда гуфт, ки Гулрух Каримова, раиси зиндони Зангиота ба ӯ иҷоза надод бо Гулнора Каримова мулоқот кунад

Раҳбарияти зиндони Зангиотаи Узбекистон ба вакили дифои Гулнора Каримова иҷозаи мулоқот бо зерҳимояашро надод. Ҳуқуқшиноси швейсарии духтари калонии президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов гуфт, ки рӯзи чоршанбе тахминан шаш соат пушти дари зиндони занонаи воқеъ дар канораҳои Тошканд мунтазир монд, вале ба ӯ иҷозаи мулоқот бо Каримова дода нашуд. Грегуар Манжа, вакили Гулнора Каримова рӯзи панҷшанбе ба бахши Узбекии Радиои Озодӣ (Радиои Озодлик) гуфт, ки баҳонаи расмии роҳ надодани ӯ ба дохили зиндон ин буд, ки гӯё ӯ бояд иҷозатномаи додситонии Швейсарияро ҳам нишон медод.

Манжа гуфт, ки мақомоти Зангиота тамоми талошро ба харҷ доданд, то ки ӯ бо зерҳимояш мулоқот накунад. Манжа гуфт, ки мулоқоти ӯву Каримоваро раиси зиндон Гулрух Каримова рад кард. Манжа гуфт, ки бовар дорад манъ шудани ҳаққи мулоқоти ӯ бо Гулнора Каримова ба бад шудани саломатии ӯ вобаста аст. Манжа навишт, ки дар ҳузури ӯ чанд мошини ёрии таъҷилӣ вориди зиндони занона шуд ва як манбаи мӯътамад ба ӯ гуфт, ки дар яке аз ин мошинҳо худи Гулнора қарор дошт.

Радиои Озодлик менависад, ки талошҳои гирифтани назари мақомоти Зангиота ва ҳам ВКД ва додситонии Узбекистон бенатиҷа буд. Гулнора Каримова соли 2017 ба 10 соли зиндон маҳкум ва соли 2018 панҷ соли ҳукмаш ҳазф шуд. Аз моҳи март ба ин сӯ ӯ на дар шароити ҳабси хонагӣ, балки дар зиндони занона нигаҳдорӣ мешавад.

Охири моҳи июн додситонии кулли Швейсария гуфт, ки бозгардони 130 миллион франк пулҳои Гулнора Каримова ба Узбекистонро шурӯъ мекунад, вале чанде баъд гуфт, ки 555 миллион доллари ин пулҳо масдуд мешавад. Вакили Каримова гуфт, ки чунин тасмим бо бад шудани саломатии зерҳимояаш вобаста аст ва талаби онҳо ин аст, ки ҳуқуқи ӯ ҳимоят шавад.

XS
SM
MD
LG