Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди худкушии сокини Қазоқистон дар эътироз ба мушкили манзили зист


Як сокини шаҳри Нурсултон рӯзи 12-уми сентябр дар эътироз ба мушкили норасоии манзили зист дар пойтахти Қазоқистон ба болои пули мошингузар баромада, таҳдид кард, ки худро ба замин хоҳад партофт.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ин мард ба навбатпоиҳои тӯлонӣ барои дарёфти манзили зист эътироз баён карда, дархости мулоқот бо шаҳрдори пойтахти Қазоқистонро кардааст.

Пуле, ки сокини Нурсултон ба он баромада буд, дар наздикии бинои маъмурияти президенти Қазоқистон ҷойгир аст.

Ба маҳалли ҳодиса муовини шаҳрдори Нурсултон Елнур Бейсенбоева ҳозир шуда, ба хотири ором кардан аз сокини шаҳри Нурсултон даъват кард, ки "фикри фарзандҳояшро бикунад" ва "мушкили норасоии хона ҳал хоҳад шуд". Мард ҳудуди як соат дар баландии 10 метр аз замин қарор дошт ва дар ниҳоят наҷотдиҳандагон дар натиҷаи гуфтугӯ тавонистанд, ӯро ба замин фароранд.

Равоншинос Гулим Жамиева, ки бо марди эътирозгар гуфтугӯ кард, мегӯяд, ӯ солим аст ва танҳо мехост, ки садояшро шунаванд. "Вай ҳаёти худу наздиконашро қадр мекунад", - афзуд ӯ.

Кормандони пулис мардро пас аз фаромаданаш ба замин бо худ бурданд. Сардори пулиси ноҳияи Есил Мадиёр Ойтуганов гуфт, ӯро барои "суҳбат" ба шуъба мебаранд ва зиддаш дар доираи Кодекси маъмурии Қазоқистон чораандешӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG