Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Олигархи рус мушовири президенти Туркманистон шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон роҳбари ширкати байналхалқии "АРЕТИ", олигархи рус Игор Макаровро коршиноси умури нафту газ дар назди президент таъйин кард.

Вазорати молияи ИМА моҳи январи соли 2018 зидди Игор Макаров таҳрим ҷорӣ карда буд.

Ба иттилои маҷаллаи Forbes, Игор Макаров 2,1 миллиард доллар сармоя дорад. Расонаҳои Туркманистон навиштанд, ки Макаров аз таъйин шуданаш ба мақоми нав изҳори сипосгузорӣ кардааст. Вай ҳамзамон афзудааст, ки дар Туркманистон таваллуд шуда, ҳаводори варзиши дучархаронӣ аст.

Макаров ҳамзамон роҳбари Федератсияи варзиши дучархаронии Русия аст. Ба иттилои расонаҳо, ширкати "АРЕТИ" дар солҳои 1990 дар содироти гази Туркманистон тавассути Русия ба хориҷ нақши калидӣ дошт.

Соли 2010 расонаҳо навиштанд, ки ширкати мазкур ба президенти Туркманистон киштие бо арзиши 60 миллион доллари ИМА туҳфа кардааст.

Сафарҳои Макаров ба Ишқобод ахиран афзоиш ёфта ва вай рӯзи 9-уми август бо Бердимуҳаммадов мулоқот дошт.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Мақомот гуфтанд, ду шарики Маҳмадбоқиров "ихтиёран таслим шуданд". Шубҳаҳо боқӣ мемонанд

Мамадбоқир Мамадбоқиров

Раёсати корҳои дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рӯзи 27 май хабар дод, ки ду шарики Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров худро ихтиёран ба дасти мақомоти интизомӣ супурдаанд. Ҳардуи онҳо дар як намоиши телевизиони вилоятӣ худро амалҳои зиддиқонунӣ айбдор карданд ва тасдиқ намуданд, ки бо хоҳиши худ таслими мақомот шудаанд. Санҷиши ин хабар ба воситаи манбаъҳои дигар имконпазир нашудааст, вале сокинони маҳаллаи Болои шаҳри Хоруғ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз шоми 25 май гирифта, даҳҳо низомӣ дар чорраҳаи назди тарабхонаи "Лаззат", дар маҳалаи "Пастчид" ва дар наздикии нерӯгоҳ мавқеъ гирифта, раҳбарони шаҳр ва вилоят аз сокинон хостанд, шарикони Маҳмадбоқир худро таслим кунанд. Гуфта мешавад, мақомот панҷ нафар аз атрофиёни Маҳмадбоқирро меҷӯянд.

Як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, номи ин ду нафар дар феҳристи мақомот ҷой дошт ва 26 май охирин муҳлати таслим шудани онҳо буд. Яке аз онҳо -- Ҷамшед Шаъбонови 36-сола - додарзодаи Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ном бурда шуд ва дуввумӣ - Ақназар Ақназаров. Мақомот гуфтаанд, барои он ки ин ду тан ихтиёран худро супурданд, ба онҳо ҷазои сабуктар пешбинӣ мешавад. Онҳо ба “авбошӣ”, “зӯроварӣ бар намояндаи ҳокимияти давлатӣ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимияти давлатӣ” гумонбар дониста шуда аз моҳи майи соли гузашта зери пайгард будаанд.

Шаъбонов ва Ақназаров дар намоиши телевизионӣ гуфтаанд, ки аз полковники пешини неруҳои сарҳадӣ Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров силоҳ ва дастур мегирифтаанд. Таҳти чӣ шароит садо додани ин эътирофҳо маълум нест.

Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, ки роҳбари ин ҷавонон дониста мешавад, рӯзи 22 май дар шаҳри Хоруғ кушта шуд. Ҷузъиёти марги ӯ дақиқ нест.

Блинкен гуфт, Чин назар ба Русия хатарноктар аст

Вазири корҳои хориҷии ИМА Энтони Блинкен
Вазири корҳои хориҷии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 26 май сиёсати марбут ба Чини маъмурияти президент Байденро муаррифӣ кард, ки ҳадафаш муқобила бо ҳуҷуми Русия алайҳи Украина дар чаҳорчӯби як эътилофи васеи зидди, ба қавли Вашингтон, таҳдидҳои ҷиддитари Пекин мебошад. Блинкен дар суханрониаш дар Вашингтон гуфт, дар ҳоле, ки Амрико ҷанги Русия дар Украинаро як таҳдиди билофосилаи байналмилалӣ арзёбӣ мекунад, ба бовари маъмурияти Байден, Чин хатари бештар эҷод мекунад. Ӯ гуфт, бо он ки ҷанг давом дорад, “мо сари чолиши давомдор ба низоми байналмилалӣ тамаркуз мекунем, ки аз сӯи Ҷумҳурии мардумии Чин бармеояд”. Ӯ гуфт, баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон Чин аз кору фаъолияти низом ва сохторҳои байналмилалӣ фаровон истифода кардааст, вале ҳоло талош дорад, ки онро ба ҳам занад.

Дар Душанбе нишасти ҷаҳонии вобаста ба масъалаи об баргузор мешавад

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Душанбе-пойтахти Тоҷикистон аввали моҳи июн мизбони як нишасти байналмилалии вобаста ба об аст. Қарор аст дар ин нишаст мақомдорони баландпояи Созмони миллал ва кишварҳои ҷаҳон ширкат кунанд.

Масъулини Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн зимни як нишаст бо ҳузури намояндагони дипломатии муқими Душанбе, ҷузъиёти нишасти мазкурро шарҳ доданд.

Ба иттилои масъулини Вазорат, "Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” аз 6 то 9 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад".

Султон Раҳимзода, роҳбари котиботи ин конфронс гуфт, то ин дам беш аз 2 ҳазор нафар аз кишвар ва созмонҳои ҷаҳонӣ ширкати худро дар нишасти Душанбе тасдиқ кардаанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Раҳимзода, ду муовини Дабири кулли Созмони миллал ва нахуствазирони чанд кишвар барои ширкат дар конфронси бахшида ба масъалаи об ба Душанбе меоянд.

Қарор аст, нишасти мазкурро президент Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ кунад.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои минтақа аст, ки дар масъалаи вобаста ба об ба Созмони миллал пешниҳодҳои зиёде ироа кардааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша бо ифтихор мегӯянд, бо пешниҳоди Тоҷикистон Созмони миллал чандин қатъномаи вобаста ба обро қабул кардааст. Аммо мунтақидон мегӯянд, дар дохили Тоҷикистон то ҳанӯз як қисми аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надоранд.

ВКХ Молдова гуфт, боздошти Додон танҳо марбут ба мубориза ба фасод аст

Вазири корҳои хориҷии Молдова Нику Попеску ба саволҳои хабарнигори Радиои Озодӣ Рей Фурлонг посух медиҳад. 26 май

Вазири корҳои хориҷии Молдова гуфт, ки боздошти собиқ президенти Молдова Игор Додон бо гумони хиёнат ба давлат ва фасод сирф дар доираи муборизаи ин кишвар бо фасод сурат мегирад ва “ҳеҷ рабте ба таҳаввулоти геополитикӣ надорад”.

Нику Попеску, вазири корҳои хориҷии Молдова рӯзи 26 май гуфт, ки ҳабси Додон танҳо ба интихоби ҳукумати орӣ аз фасод рабт дорад. Попеску дар як мусоҳибааш бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, мубориза бо фасод “аз боло, аз мубориза бо фасод дар миёни доираҳои сиёсӣ ва олигархҳо” шурӯъ мешавад.

Ба қавли вазир, парвандаи зидди президенти собиқ Додон танҳо нест ва Молдова дар талоши ихроҷи “чанд олигарх аст, ки пулҳои зиёди Молдоваро дуздида дар кишварҳои дигар паноҳ бурдаанд”. Дар посух ба сӯҳбатҳои муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко, ки 25 май гуфт, хостори ин нест, ки мақомоти Молдова “бо рақибони пешин ҳисоббаробаркунӣ кунанд”, гуфт, мақомот дар Молдова “бо салоҳияти сиёсии мардуми Молдова амал мекунанд ва чунин изҳорот ...муфид ва дуруст нест”.

Боздошти даҳҳо узбекистонӣ дар Туркия

Истанбул, Туркия.

Пулиси шаҳри Истамбул ҳафтаи гузашта дар ҷараёни як "рейд" даҳҳо узбекистониеро дастгир кард, ки дар Туркия ғайриқонунӣ ба сар мебурданд.

Зодаи вилояти Намангони Узбекистон Дилшод Ахмедов яке аз онҳоест, ки дар Туркия боздошт ва ба ватан ихроҷ шудааст. Ахмедовро маъмурони пулис ҳафтаи гузашта дар дохили автобус дар бозори Еникеп барои он дастгир карданд, ки иҷозати кор дар Туркияро надошт. Ӯро нахуст ба маркази нигаҳдории муваққати муҳоҷирон бурда, дертар ба Узбекистон ихроҷ кардаанд.

Ба гуфтаи Ахмедов, дар он марказ дар баробари шаҳрвандони Афғонистону Сурия 50 узбекистонӣ низ буд.

Шаҳрвандони Узбекистон метавонанд бидуни раводид ба Туркия сафар карда, беш аз се моҳ дар онҷо ҳузур дошта бошанд. Туркия чаҳорумин кишварест, ки муҳоҷирони узбек дар онҷо бештар ҳастанд.

Афзоиши ҳуҷумҳои русҳо дар шарқ. Зеленский Маскавро дар талоши "геносид" айбдор кард

Осмони Северодонетск рӯзи 26 май

Мақомоти интизомии Украина рӯзи 27-уми май гуфтанд, ки нирӯҳои русӣ ҳуҷумҳои худ дар шарқро афзоиш дода, шаҳри шимолушарқии Харковро бебандубор бомбаборон карданд. Дар натиҷа, марги 9 ва ҷароҳати 19 нафар тасдиқ шудааст. Мақомот гуфтанд, вазъ дар шарқи Украина ҳатто бадтар аз он аст ки бисёриҳо тасаввур мекунанд. Президенти Украина Владимир Зеленский Маскавро дар талоши “наслкушӣ” дар шарқи кишвараш гунаҳгор кард.

Русҳо дар ду шаҳри Северодонетск ва Лисичанск пеш мераванд. Зеленский аз Ғарб тақозо кард, ки “бозиро бо Русия бас карда”, барои хатми ҷанг мусоидат кунанд. Дар паёми видеоии шабонгоҳиаш Зеленский бомбаборони Маскавро болои ду шаҳри воқеъ дар соҳили Северский Донетс маҳкум кард ва гуфт, ки дар натиҷа ин минтақа беодам мешавад. Зеленский гуфт, ки ҳамаи ин ва инчунин ихроҷи мардум ва ҳам кушторҳои ҷамъӣ як сиёсати ошкори наслкушӣ аст, ки онро Русия дунбол мекунад.

Дар як гузориши вазорати дифои Бритониё гуфта мешавад, дар ҳоле, ки нирӯҳои заминии Русия ҳуҷум ба минтақаи Северодентскро бо як муваффақияти муайян идома медиҳад, Украина ҳам назорат бар чандин минтақаи дифоиро ба даст овардааст ва аз ҷониби русҳо пурра ишғол шудани минтақаи Донбасро рад кард.

Вале дар гузориши мақомоти дифоии Бритониё гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои охир ба назар мерасад, ки Русия тонкҳои қадимаи навъи Т-62-ро ба майдони ҷанг баровардааст ва ин нишонаи он аст, ки русҳо аз дастрасӣ ба силоҳҳои навтарину пешрафтаи ахир камбуд доранд. Ин тонкҳо, ба қавли вазорати дифоъ, дар баробари силоҳҳои зиддимушакӣ заъфпазир ҳастанд.

Кулеба гуфт, ки вазъ дар шарқи Украина бадтар аз он аст, ки мардум мегӯянд

Дмитро Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина

Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитро Кулеба рӯзи 26 май гуфт, вазъи низомӣ дар шарқи Украина ҳатто бадтар аз он аст, ки мардум тасвир мекунанд. Кулеба, ки тавассути Твиттер бо журналистон саволу ҷавоб мекард, гуфт, ки музокироти сулҳ бо Русия дар асл ҷараён надорад.

Ҳанна Маляр, муовини вазири дифои Украина гуфт, ки шиддати низоъҳо дар шарқ “ба дараҷаи ҳадди аксар” расидаанд. Нахуствазири Итолиё Марио Драги, ки рӯзи 26 май бо президенти Русия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ дошт, гуфт, ки дар ин сӯҳбат ҳеҷ умеде барои сулҳ эҳсос накард. Ба қавли Драги, дар сӯҳбат бо Путин фақат ҳаминро дарк кард, ки умед барои ҳалли бӯҳрони байналмилалии ғизо вуҷуд дорад.

Кремлин навишт, Путин ба Драги гуфтааст, ки “дар сурати бекор шудани таҳримҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ" омода аст барои бурунрафт аз бӯҳрони содироти гандум ва маводи минералӣ саҳмгузор шавад. Баъди ин изҳорот Бритониё ҳамон замон Русияро дар “талоши аз ҷаҳон фоида гирифтан” гунаҳгор карда гуфт, ки ҳеҷ гоҳ ба раҳоӣ аз таҳрим умедвор нашавад.

Нӯҳ медали варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи таэквондо (WT)дар Тошканд

Акс аз бойгонӣ.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо WT ба ифтихори Бак Мун Ҷонг дар шаҳри Тошканд нӯҳ медал (чор нуқра ва панҷ биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин мусобиқа 900 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 36 варзишгар дохил буд. Мусобиқа миёни наврасон, ҷавонон ва бузургсолон сурат гирифт.

Дар сабқати наврасон Абдуҷаъфари Баҳодур дар вазни 45 кило миёни писарон ва Мино Шарифова дар вазни 55 кило байни духтарон бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Дар сабқати бузургсолон Фарида Ғуломова оид ба пумсе ва Муниса Ойматова дар вазни 53 кило бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд.

Хосият Сафарова (41 кг), Нурина Алиназарова (41 кг) миёни наврасон, Муниса Исматова (57 кг), Муҳаммадҷон Суннатов (63 кг) ва Абдумуталиб Мирзоев (58 кг) байни бузургсолон медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбекистон мақоми аввалро касб кард. Дастаи Қазоқистон ҷои дувум ва мунтахаби Тоҷикистон ҷои севумро соҳиб шуданд.

Расонаҳои Олмон: кишварҳои НАТО намехоҳанд, ба Украина тонку ҳавопаймо диҳанд

Акс аз бойгонӣ.

Кишварҳои узви НАТО пинҳонӣ созиш кардаанд, ки ба Украина тонк ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ интиқол надиҳанд. Дар ин бора хабаргузории DPA-и Олмон ва нашрияи "Die Zeit" бо такя ба манобеи худ хабар додаанд.

Ҳамсуҳбатони расонаҳои олмонӣ мегӯянд, кишварҳои НАТО бо вуҷуди ҳимояти худ аз Украина талош доранд, ки аз задухӯрди мустақим миёни эътилофи низомӣ ва Русия пешгирӣ кунанд. Бинобар ин, онҳо аз интиқоли баъзе навъҳои аслиҳа ба Киев даст кашидаанд.

Созиши мазкур ба расмият дароварда нашудааст ва кишварҳои узви НАТО барои иҷро накардани он то ҷое озод ҳастанд. Вале Лаҳистон аллакай дар доираи он, аз интиқоли зарбазанҳои "МиГ-29" ва кишварҳои дигар, аз ҷумла Олмон аз интиқоли мошинҳои зиреҳпӯши вазнин ба Украина худдорӣ кардаанд.

Як қатор кишварҳо, аз ҷумла Лаҳистон ва Чехия, пас аз ҳамлаи Русия ба Украина мошинҳои зиреҳпӯш фиристоданд, аммо сухан дар бораи техникаҳои навъи шӯравӣ меравад. Тонкҳо ва мошинҳои ҷангии тарҳи ғарбӣ ба Украина фиристода нашудааст.

Путин: Агар Аврупо таҳримҳоро бекор кунад, Русия омодааст, ғалла содир намояд

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.

Русия омодааст, дар сурати бекор шудани таҳримҳои Ғарб, ки баъди оғози ҳамла ба Украина ҷорӣ шудаанд, дар рафъи бӯҳрони ҷаҳонии ғизоӣ саҳми арзанда гузорад.

Ин нуктаро президенти Русия Владимир Путин 26 май дар суҳбати телефонӣ бо сарвазири Итолиё Марио Драгӣ баён доштааст, хабар медиҳад Reuters.

Раҳбарони ду давлат вазъи Украина, бӯҳрони ғизоӣ ва таъсири он ба кишварҳои фақирро баррасӣ карданд. Владимир Путин таъкид карда, ки дар сурати иҷро шудани шартҳо Русия омода аст, ғалла ва нуриҳои минералиро содир кунад.

Президенти Русия дар баробари ин ба сарвазири Итолиё кафолат додааст, ки бар асоси нархи дарҷшуда дар созишнома, газро ба он кишвар бидуни танаффус содир мекунанд.

Ҷузъиёти дигари гуфтугӯ ошкор намешавад.

Узбекистон имсол ба маблағи $133 млн ба Чин газ фурӯхтааст

Акс аз бойгонӣ.

Узбекистон дар моҳҳои январ-апрели имсол ба Чин ба маблағи 132,8 миллион доллар гази табиӣ фурӯхтааст. Дар ин бора хабаргузории "Neftegaz.ru" бо такя ба маълумоти гумрукии Чин хабар медиҳад. Манбаъ афзуда, ки Узбекистон имсол ба Чин назар ба чаҳор моҳи аввали соли 2021 ду баробар бештар газ содир кардааст.

Ба ин тартиб, Узбекистон ба кишварҳои панҷгонае шомил аст, ки тавассути лӯла ба Чин газ интиқол медиҳанд. Имсол Туркманистон ба маблағи 2 миллиарду 870 миллион доллар, Русия ба маблағи 1 миллиарду 400 миллион доллар, Мянмар ба маблағи 408 миллион доллар ва Қазоқистон бар ивази 270 миллион доллар ба Чин газ фурӯхтаанд.

Зокирова аз ҷанги Украина гуфт ва 50 сол аз ҳаққи даромадан ба Русия маҳрум шуд

Наргиз Зокирова

Овозхони узбекистонӣ Наргиз Зокироваро барои танқиди ҳамла ба Украина аз ҳаққи даромадан ба Русия барои 50 сол маҳрум карданд.

Ин огоҳиномаро ба дасти Зокирова дар фурудгоҳи Домодедовои Маскав кормандои Хадамоти амнияти федеролӣ ё ФСБ расониданд.

Дар санад омадааст, вуруди овозхон ба Русия "бо ҳадафи таъмини амнияти давлатӣ" манъ аст. Баъди ин овозхон дубора ба Узбекистон баргаштааст.

Замоне ки муҳлати манъи вуруд ба поён мерасад, Зокирова 101 сол хоҳад дошт.

Зокирова дар озмуни "Голос"-и шабакаи аввали Русия ҷойи дувумро касб карда буд.

Ҷабборов гуфт, миёни Қирғизистону Қазоқистон ихтилофи сиёсӣ нест

Қосимҷомарт Тоқаев ва Содир Ҷабборов (Жапаров)

Миёни Қирғизистону Қазоқистон ихтилофи сиёсӣ вуҷуд надорад. Ду кишвар маҷмуи робитаҳои дуҷонибаро рушд медиҳанд.

Дар ин бора Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон, рӯзи 26-уми май дар мулоқот бо ҳамтои қазоқистониаш Қосимҷомарт Тоқаев дар шаҳри Бишкек изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Ҷабборов, дар 30 соли охир ду кишвар тавонистанд, ки ҳамкориҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ расонанд. Вай ҳамзамон даъват кард, ки Созишномаи дуҷониба дар бораи муносибатҳои иттифоқӣ "бо назардошти воқеиятҳои рӯз" таҷдид карда шавад.

Дар поёни сафари расмии Тоқаев ба Қирғизистон 13 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.

Тоқаев бо сафари расмӣ рӯзи 26-уми май вориди Қирғизистон шуд.

Президенти пешини Молдова ба хиёнат ба давлат айбдор шуд

Игор Додон

Додситонии зиддифасоди Молдова нисбати президенти пешини ин кишвар Игор Додон айб эълон кард. Ӯ хиёнат ба давлат ва фасодкорӣ муттаҳам шуд.

Рӯзи 26-уми май додситонӣ аз додгоҳ хост, Игор Додон барои 30 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад. Пештар Додонро барои 72 соат боздошт карда буданд. Қабл аз он дар манзили ӯ кофтукоб сурат гирифт.

Додон таъқиби хуро сиёсӣ меномад.

Додситонии кулли Молдова рӯзи 18-уми май нисбати Додон парванда кушода буд. Ӯро ба гирифтани ришва аз олигархи молдавӣ Владимир Плахотнюк гумонбар мекунанд.

Як наворе, ки соли 2019 сабт шудааст, сабаби боз шудани парванда гардид. Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна Плахотнюк талош дорад, ба Додони он замон президент як бастаи сиёҳро бидиҳад.

Додон бастаро нагирифта, амр кард, ки он ба "Коста" дода шавад. Дар навор ҳамчунин дида мешавад, ки Додон бо Плахотнюк дар бораи таъсиси ҷиноҳи порлумонӣ суҳбат мекунанд. Додон дар он суҳбат гуфтааст, ки "доим ба Путин нома менависад".

Баъди нашри ин навор тафтиш шуруъ шуд. Додон ҳамаи айбҳоро рад мекунад.

Нисбати Плахотнюк дар Молдова парвандаи ҷиноие дар робита ба қаллобии молӣ дар ҳаҷми калон тафтиш мешавад. Дар Русия низ нисбати Плахотнюк чанд парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Маскав Плахотнюкро дар пайгарди байналхалқӣ эълом кардааст.

Додон сиёсатмадори русиягаро шинохта мешавад, ки дар давраи президентиаш борҳо ба Маскав сафар карда, дар Рӯзи ғалаба низ дар Майдони сурх ширкат дошт.

Қонун дар бораи дорусозиро дар Тоҷикистон дигар карданд

Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон қонун дар бораи дорусозиро ислоҳ карданд. Бинобар он, ҷазо барои истеҳсоли доруи бесифат сангинтар хоҳад шуд. Тарҳро вакилони порлумон рӯзи 25-уми май пазируфтанд.

Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон, гуфт, назорат ба кори дорусозон сахттар хоҳад шуд.

Файзалӣ Идизода, вакили Маҷлиси Намояндагон, пурсид, ҳукумат барои тавсеаи арсаи дорусозӣ барои ширкатҳои муштарак имтиёзҳои зиёде додааст ва ҳоло кадоме аз брендҳои машҳури ҷаҳонӣ ба тавлиди дору дар Тоҷикистон машғуланд?

Ҳамзамон ин суолро матраҳ кард, ки “ҳоло 18 ниҳоди назоратӣ тавлиди дору дар кишварро назорат мекунанд ва чӣ миқдор аз доруи пастсифат аз муомилот боздошта шуд?”

Ғафур Муҳсинзода посухи рӯшан надод. Радиои Озодӣ ин масъаларо аз Салим Абдулазизов, сардори Раёсати фарматсевтикаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон пурсид.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло 50 ширкати дорусозӣ дар Тоҷикистон беш аз 300 намуди дору мебароранд. "Соли гузашта ниҳодҳои назоратӣ ҳудуди 120 тонна доруҳои пастсифат ё муҳлати истифодааш гузаштаро аз муомилот боздоштанд," – хабар дод ӯ.

Ҳарчанд дору ва фурӯши он дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ дониста мешавад, ба бовари Ғафур Муҳсинзода, муовини аввали вазири тандурустӣ, то ҳол бештаре аз доруҳои зарурӣ барои саломатии инсон аз хориҷа оварда мешавад. Аз ҷумла, миқдори доруҳои мадҳушкунандаро бар асоси саҳмияҳои иҷозашудаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ меоранд.

Ба иттилои мақомот, дар Тоҷикистон беш аз чоруним ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъол аст ва ҳамарӯза ҳазорҳо бемори тоҷик барои муолиҷа ба онҳо муроҷиат мекунанд.

Дар силсилаи таркишҳо дар Афғонистон 14 кас кушта шуд

Дар натиҷаи таркишҳои пайиҳам дар шаҳрҳои Кобулу Мазори Шарифи Афғонистон рӯзи 25-уми май 14 кас кушта шудааст.

Абдулнафӣ Такур, намояндаи Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон гуфт, дар таркиши масҷиде дар шаҳри Кобул ду кас кушта, даҳ кас маҷруҳ шуданд.

Дар беморхонае дар шаҳри Кобул хабар доданд, ки 5 кас фавтида, 17 тани дигар захмӣ шудааст. Миёни фавтидагон маргталабон низ ҳастанд.

То ин замон ҳеч кадом аз гуруҳҳои тундгаро масъулияти таркишҳоро ба уҳда нагирифтааст. Аз ин пештар чунин таркишҳоро шохаи “Хуросон”-и гуруҳи террористии "Давлати исломӣ” ё ДОИШ анҷом дода буд.

Дар Мазори Шариф, маркази маъмурии вилояти Балхи Афғонистон, дар натиҷаи се таркиш 9 кас кушта шуд.

Русия ҳамлаи густурдаро дар шарқи Украина идома медиҳад

Украина, моҳи марти 2022

Русия сафарбарии нерӯҳоро барои ҳамлаи густурда ба шарқи Украина идома дода, мехоҳад, нерӯҳои украиниро дар ду шаҳри ин кишвар иҳота кунад. Мақомоти украинӣ мегӯянд, муҳориба сарнавишти кишварро ҳал мекунад.

Нерӯҳои Русия аз се самт барои иҳотаи минтақаҳои зери назорати ҳукумати Украина дар Донбас ҳаракат дошта, дар маркази таваҷҷӯҳи онҳо шаҳрҳои Северо-донестк ва Лисичанск қарор доштааст.

Агар Русия ба ишғоли ин ду шаҳр муваффақ шавад, вилояти Луҳанск пурра зери назорати онҳо хоҳад буд.

Волии вилояти Луҳанск Сергей Ҳайдай рӯзи 25-уми май гуфт, нерӯҳои Русия ба канораҳои Северо-донетск наздик шудаанд.

Ҳамчунон Алексей Арестович, мушовири президенти Украина гуфт, вазъият дар шаҳрҳои Лисичанск ва Северо-донестк вазнин буда, эҳтимол тарки ин шаҳрҳо зарур шавад.

Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк" ва меҳмонхонаи Пирзодаро ба фурӯш гузоштаанд

Саридораи "Тоҷиксодиротбонк"

Бинои асосии "Тоҷиксодиротбонк"-ро, ки то ду сол пеш яке аз бонкҳои бузургу низомсоз ба шумор мерафт, вале муфлис шуд, ба фурӯш гузоштаанд. Масъули музояда раёсати фурӯши амволи давлатии Кумитаи сармоягузорист. Эълони фурӯши бино 25-уми май нашр шуд.

Бинои марказии "Тоҷиксодиротбонк", ки дар маркази Душанбе ва дар рӯ ба рӯи "Телевизиони Тоҷикистон" ҷойгир аст, 125 миллиону 265 ҳазору 630 сомонӣ (ҳудуди 12 миллион доллар) муайян шудааст.

Дар сурати пайдо шудани харидорон нархи он метавонад, боло равад ё дар сурати адами харидор эҳтимол нарх поин оварда шавад. Дар тавсифи бино гуфтаанд, беш аз 22 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад.

Ин раёсат ҳамчунон меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-ро, ки қаблан ба Тоҷиддин Пирзода, саҳмдори асосии "Тоҷиксодиротбонк" тааллуқ дошт, ба фурӯш гузоштааст.

Нархи ибтидоии меҳмонхона, ки низ дар маркази шаҳр ҷойгир аст, 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ (наздик ба 25 миллион доллар) муайян шудааст. Бинобар шарҳи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, меҳмонхона аз 139 ҳуҷра иборат буда, зиёда аз ду гектар замин дорад.

Фурӯш ва таракаи амволи "Тоҷиксодиротбонк" дар ҳолест, ки як сол қабл, 21-уми майи 2021, Бонки Миллӣ иҷозаи фаъолияти "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро гирифт. Бо ҳукми додгоҳ барои тақсиму таракаи амвол ва дороиҳои ин ду бонки муфлисшуда мудири муваққат таъин шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ эълон кард, ки барои пардохти ҷубропулӣ ба амонатдорони ду бонк ду моҳи дигар мондааст. Хазина аз амонатдорон даъват кардааст ба "бонк-агентҳои Хазина муроҷиат намоянд".

Ба иттилои мақомот, ҳангоми бозхонд шудани муҷаввиз "Агроинвестбонк" тақрибан 28 ҳазор ва "Тоҷиксодиротбонк" 5,5 ҳазор мизоҷ доштанд.

Хазинаи суғурта ё бимаи пасандозҳои муштариён то 30 ҳазор сомонӣ амонатҳоеро, ки бо сомонӣ гузошта шудаанд, мепардозад. Пасандоздорон бо асъори хориҷӣ ҳамагӣ то 21 ҳазор сомонӣ ҷуброни пулӣ мегиранд.

Пулҳои боқимондаи амонатгузорон дар раванди барҳамдиҳӣ, яъне фурӯши амволи бонк ва доду ситад бо қарздорон бояд пардохта шавад.

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими Узбекистон мағлуб шуд

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 бо тими олимпии Узбекистон (U-23) бозии дӯстона анҷом дод, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби олимпии Узбекистон ва Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбе, 25-уми май, дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Бекобод баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Голҳоро Отабек Ҷӯрақузиев ва Улуғбек Ҳошимов заданд.

Бояд гуфт, ки дар ҳамин ҳол 9 бозигари мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар ихтиёри тими миллии кишвар мебошад, ки бо раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб омодагӣ мебинад.

Бинобар ин, онҳо наметавонанд дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпӣ дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Узбекистон доир мегардад, иштирок намоянд.

Дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бошад, бозигари калидӣ нимҳимоятгар Алишер Ҷалилов дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 8-ум то 14-уми июн дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, ширкат варзида наметавонад. Зеро ӯ 23-юми май дар ҳайати бошгоҳи АГМК-и Узбекистон дар бозии сафарии Суперлигаи Узбекистон-2022 муқобили «Динамо»-и Самарқанд (2:1) ҷароҳат бардоштааст.

Ба ақидаи табиби дастаи мунтахаби Тоҷикистон Фаррух Авезов, муҳлати барқароршавии вазъи саломатии Алишер Ҷалилов якуним моҳро ташкил медиҳад.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ (3-юми июн), Имороти Муттаҳидаи Араб (6-уми июн) ва Ҷопон (9-уми июн) рақобат хоҳад кард.

Дар ҷамъомади таълимиву тамринии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), ки ҳоло дар Маркази таълимии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста Аслиддин Ҳабибуллоев ҷараён дорад, 23 бозигар даъват шудааст.

Бозии дӯстона

Узбекистон (U-23) – Тоҷикистон (U-23) – 2:0

Голҳо: Отабек Ҷӯрақузиев, 16 (1:0). Улуғбек Ҳошимов, 73 (2:0).

Тоҷикистон (U-23): Шоҳрух Қирғизбоев, Муҳаммадҷон Насков, Ҳусейн Нурматов, Наимҷон Иброҳимзода, Алишер Баротов, Ислом Зоиров, Умарҷон Шарипов, Ҳамадонӣ Камолов, Сорбон Авғонов, Кароматулло Саидов, Рустам Соиров.

Ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Аҳлиддин Ҳабибуллоев, Ҷонибек Шарипов, Фирдавс Алиназаров, Шоҳрух Сангов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Далер Ёдгоров, Абдулмуъмин Забиров, Шарифбек Раҳматов, Шарафҷон Солеҳов, Муҳаммадалӣ Азизбоев, Суннатулло Исмоилов.

25-уми май. Узбекистон, Бекобод. Варзишгоҳи «Металлург».

Вазири қазоқ тақвияти танга дар баробари долларро "воқеӣ" номид

Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Алибек Куантиров 25 май гуфт, қурби танга, ки чанд рӯзи ахир дар баробари доллари амрико боло меравад, "воқеӣ" аст.

Ба гуфтаи ӯ, қурби долларро дар моҳҳои февралу марти имсол дар Қазоқистон чанд омил, аз ҷумла афзоиши якбораи талабот ба он, ҳам аз тарафи сокинон ва ҳам тоҷирон боло бурд.

"Сипас вазъ муътадил шуд ва тавре мебинем, ҳоло вазъ беҳтар гаштааст", - изҳор дошт вазири қазоқ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат ва Бонки миллии Қазоқистон барои устувор гардонидани иқтисоди он кишвар ҳамаи талошҳоро анҷом медиҳанд.

Қурби доллар моҳи марти соли равон дар Қазоқистон то ба 510 танга боло рафта буд. Дирӯз, 25 май қурби расмии он дар Қазоқистон то ба 415,12 танга поин оварда шуд.

Боздошти Наргис Зокирова дар фурудгоҳи Маскав рад шуд

Наргис Зокирова.

Сергей Савин, намояндаи сароянда Наргис Зокирова дар суҳбат бо расонаи "Teleprogramma.pro" хабари боздошти овозхонро дар фурудгоҳи "Домодедово"-и Москва рад кард.

"Ин хабар дуруғ аст. Ӯ дар Узбекистон мебошад", - гуфтааст вай.

Пештар баъзе аз расонаҳо хабар дода буданд, ки Зокироваро гӯиё дар фурудгоҳи Москва боздошт карданд ва эҳтимол аст, ӯро ба Узбекистон ихроҷ кунанд.

Зокирова баъди оғози ҷанг дар Украина Русияро тарк карда, ҳамроҳи хонаводааш ба Узбекистон баргашт. Ҳамчунин ӯ Русияро барои ҳамла ба Украина сахт танқид кард.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар беморхона бистарӣ шуд

Алмосбек Отамбоев.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки дар маҳбаси рақами №27 нигаҳдорӣ мешуд, ба Маркази миллии бемориҳои дили шаҳри Бишкек интиқол дода шудааст.

Вакили дифои ӯ Замир Зоошев гуфт, додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек 25 май дархости онҳоро барои бистарӣ кардани шахси зери ҳимояаш қонеъ кард. "Як моҳ сипарӣ шуд ва имрӯз вайро ба Маркази миллии бемориҳои дил интиқол доданд", - афзуд вакили дифоъ.

Писари президенти пешини Қирғизистон Қодир Отамбоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, падараш аз бемории сутунмуҳра, дил ва меъда ранҷ мебарад.

Отамбоев солҳои 2011-2017 президенти Қирғизистон буд. Вай моҳи июни соли 2020 дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани маҳбус Азиз Батукаев ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. 30 ноябри соли 2020 Додгоҳ олии Қирғизистон ҳукми зинаҳои поёниро бекор ва парвандаро ба баррасии иловагӣ фиристод.

Нисбати Отамбоев чанд парвандаи дигар, аз ҷумла ташкили беназмиҳои оммавӣ, хушунат нисбати корманди мақомоти давлатӣ, фасодкорӣ ва ғайра кушода шудааст.

Қаторҳои мусофирбар миёни Қирғизистону Русия ба гардиш медароянд

Роҳи оҳани Қирғизистон. Бишкек

"Роҳи оҳани Қирғизистон" хабар дод, ки қаторҳои мусофирбар аз ин кишвар ба Русия ба гардиш медароянд. Гардиши қаторҳо баҳори соли 2020, дар пайи хуруҷи вабои коронавирус қатъ шуда буд.

Қаторҳои мусофирбар аз 6-уми июн ҳафтае як маротиба аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба Қазон, аз 8-уми июн ду дафъа дар ҳафта аз Бишкек ба Самара, аз 9-уми июн як бор дар 8 рӯз аз Бишкек ба Новосибирски Русия ҳаракат мекунанд.

Расонаҳо моҳи феврали имсол хабар доданд, ки Қирғизистон бо Қазоқистон дар мавриди ба роҳ мондани гардиши қаторҳо ба созиш расидааст.

Дар ҳамин ҳол, "Роҳи оҳани Қирғизистон" хабар дод, ки гардиши қаторҳо аз ин кишвар ба шаҳри Маскав эҳтимол дар соли 2023 ба роҳ монда шавад.

Қирғизистон сӯзишвории Русияро бо рубл мехарад

Бештари ширкатҳои таъминкунандаи нафти Қирғизистон хариди сӯзишвории Русияро бо рубли русӣ шуруъ карданд. Дар ин бора дар ҷаласаи порлумони Қирғизистон рӯзи 25-уми май Кенешбой Тайлоқов, раиси хадамоти зиддимонополии он кишвар хабар дод.

Вакилони порлумон Достон Бекешев суол кард, ки чаро бо поин рафтани қурби доллар арзиши маводи сӯхт дар Қирғизистон поин намеравад. Тайлоқов дар посух гуфт, воридкунандагони маводи сӯхт онро бо рубли русӣ мехаранд.

"Дар ҳоли ҳозир 70 дарсади воридкунандагони сӯзишворӣ онро бо рубл мехаранд. Ин тағйирот 20 рӯз пеш сурат гирифт," -- гуфт вай.

Дар Қирғизистон дар як соли охир арзиши маводи сӯхт якбора боло рафт. Як литр бензини навъи АИ92 соли пеш 49,4 сом буд, ҳоло ба 62,9 сом расидааст.

Қирғизистон ҳамасола бештар аз 1 миллион тонна маводи сӯхт истифода мекунад. Тақрибан ҳамаи ин сӯишвориро аз Русия меоранд.

Талаби сахттар аз русҳое, ки дар Қазоқистон суратҳисоб мекушоянд

Акс аз бойгонӣ

Ба иттилои корбарони интернет, бонкҳои қазоқистонӣ тартиби дарёфти кортҳои бонкиро барои шаҳрвандони Русия сахттар карданд.

Дар баъзе аз бонкҳо аз шаҳрвандони Русия санад аз ҷойи кор ва ҳаққи истиқомат дар Қазоқистон талаб карда мешавад.

Телевизиони КТК-и Қазоқистон дар як гузориш хабар дод, ки бонкҳо эҳтимоли шомили рӯйхати таҳримҳо шуданро ба эътибор гирифта, чунин талабҳоро барои шаҳрвандони Русия пеш гузоштаанд.

Як шаҳрванди Русия дар Қазоқистон, ки барои дарёфти корти бонкӣ омадааст, дар суҳбат бо рӯзноманигорон нақл кард, "барои корти бонкӣ ё шартномаи меҳнатӣ даркор аст ё санад аз ҷойи кор".

Дар Бонки миллии Қазоқистон хабар доданд, ки дар қонун меъёри талаби шартномаи меҳнатӣ ва ё ҳаққи истиқомат аз шаҳрвандони хориҷӣ мавҷуд нест.

Баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар охири моҳи феврали соли ҷорӣ низоми пардохти Visa ва Mastercard фаъолияташонро дар бонкҳои Русия қатъ карданд.

Аз 10-уми март ин ду низоми пардохт фаъолияти кортҳоеро қатъ карданд, ки аз сӯи бонкҳои Русия дода шудаанд. Ин боис шуд, бештари шаҳрвандони Русия барои дарёфти корти Visa ва Mastercard ба Қазоқистон оянд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG