Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Собиқ додситони кулли Қирғизистон ҳабси хонагӣ шуд

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳукми додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Саляноваро ба ҳабси хонагӣ иваз ва аз боздошт озод кард. Ба гуфтаи хоҳари Салянова -- Чинора Турдалиева, қарори додгоҳ дар ин замина 15 августи соли равон содир шудааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, Саляноваро 15 август барои бозпурсӣ аз боздоштгоҳ ба Хадамоти тафтишотии вазорат бурдаанд ва ӯ онҷо гуфтааст, ки омодааст, бо муфаттишон ҳамкорӣ кунад ва бинобар ин, ҳукми боздошти вай ба ҳабси хонагӣ тағйир дода шудааст.

Зидди Салянова бар асоси банди "коррупсия" ва баёноти додситони махсуси пешин парванда боз кардаанд.

Аида Салянова 3 июн дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии ҷинояткори бонуфуз Азиз Батукаев барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулис даъват шуд. Дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро бо додситони пешини низомӣ Майрамбек Акматалиев ва муовини пешини додситони кулли ин кишвар Людмила Усмонов рӯбарӯ карданд. Дар натиҷа тасмим гирифта шуд, ки Саляноваро боздошт кунанд.

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Пештар Салянова дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, аз озод шудани Батукаев замоне хабар ёфт, ки ӯ аллакай аз Қирғизистон берун рафта буд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Вакилони Бобомурод Абдуллоев наметавонанд бо ӯ вохӯранд

Журналист Бобомурод Абдуллоев

Ба вакилони дифои рӯзноманигори узбекистонӣ Бобомурод Абдуллоев, ки дар шаҳри Бишкек боздошт шудааст, иҷозат намедиҳанд бо шахси зери ҳимояташон мулоқот кунанд. Дар ин бора яке аз вакилони ӯ Наталя Котик иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, вай ду рӯз мешавад, бо Абдуллоев, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек қарор дорад, наметавонад вохӯрад.

"Онҳо карантини 14-рӯзаро баҳона пеш меоранд. Дирӯз гуфтанд, ки утоқҳои нигаҳдориро зиддиуфунӣ мекунанд ва фардо метавонам бо шахси зери ҳимояам мулоқот кунам. Вале имрӯз боз мегӯянд, ки ба иллати карантин наметавонед бо Абдуллоев вохӯред. Абдуллоев бемор нест ва ман ҳам. Шоми 10-уми август бо ӯ мулоқот доштам. Ҳайратовараш ин аст, ки қоидаҳои карантин танҳо ба Абдуллоев дахл дорад", -- афзуд ӯ.

Пештар намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки Бобомурод Абдуллоевро рӯзи 8-уми август бо дархости Узбекистон боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи вакили мудофеи рӯзноманигор, Абдуллоев дар Узбекистон бо моддаи "Бадномсозии президенти Узбекистон" ва "Бадномсозии сохти конститутсионии Узбекистон" айбдор мешавад.

Бобомурод Абдуллоев моҳи сентябри соли 2017 аз сӯи мақомоти амниятии Узбекистон дар шаҳри Тошканд боздошт шуда буд. Ӯро дар навиштани мақолаҳо ба зидди сохтори конститутсионии Узбекистон бо номи мустаор айбдор карданд.

Додгоҳ моҳи майи соли 2018 Абдуллоевро ба 1,5 соли корҳои ислоҳӣ маҳкум ва аз толори додгоҳ раҳо кард.

Бобомурод Абдуллоев бо даъвати Донишгоҳи амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ барои таҳсили муваққат ба шаҳри Бишкек омада буд, аммо баъди анҷоми таҳсил ба далели баста шудани марзҳо натавонист, ин кишварро тарк кунад.

Навбатпоии узбекистониҳо дар пушти дари бонкҳо дар давраи карантин

Дар баъзе аз минтақаҳои Узбекистон гирифтани пули фиристодаи муҳоҷирон аз бонкҳо дубора мушкил шудааст.

Як манбаи бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфт, бо вуҷуди эъломи "карантин" навбатпоиҳои сокинон дар пушти дари бахшҳои "Капиталбонк" ва "Ҳамкорбонк" дар вилоятҳои Навоӣ, Сурхандарё ва Тошканд мушоҳида мешавад.

Як сокини ноҳияи Деҳнави Сурхандарё гуфт, 10-уми август дар назди бахши ноҳиявии "Капиталбонк" дар навбати 170-ум меистод, то пулеро, ки наздиконаш аз хориҷ фиристодаанд, бигирад. Вале як рӯз пас ҳам навбати ӯ нарасид.

Бино ба видеое, ки бахши узбекии Радиои Озодӣ дастрас кард, даҳҳо нафар дар ноҳияи Деҳнав дар назди "Капиталбонк" дар навбат истодаанд.

Намояндагони бонкҳои Узбекистон эътироф мекунанд, ки дар баъзе аз бахшҳои бонкҳо мушкили норасоии пули нақд ба миён омадааст.

Шаҳрдории Бишкек бо кумаки БОР мусофирбарҳои барқӣ мехарад

Шаҳрдории Бишкек, пойтахти Қирғизистон тасмим гирифтааст, автобусҳои барқӣ харидорӣ намуда, барои онҳо истгоҳу таваққуфгоҳҳои махсус бунёд ва масири алоҳида ташкил кунад.

Ин лоиҳа бо кумаки Бонки осиёии рушд (БОР) иҷро хоҳад шуд. Бонк барои иҷрои лоиҳа бо Вазорати молияи Қирғизистон ёддоштеро имзо кардаанд. Лоиҳа 58,9 млн доллар харҷ дорад. БОР 50 млн доллар ҷудо хоҳад кард, ки 15 миллиони грант мебошад.

Лоиҳаи мазкур дар чаҳор марҳала иҷро шуда, маблағи асосӣ ба харидории автобусҳо, корҳои сохтмонӣ, хидматрасонии машваратӣ равона мешавад. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки чи қадар автобуси барқӣ харидорӣ мешавад.

Додгоҳи Алмато озодии фаъоли маданӣ Асия Тулесоваро маҳдуд кард

Асия Тулесова

Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон субҳи чоршанбе фаъоли мадании қазоқ Асия Тулесоваро дар таҳқир кардани намояндаи давлат айбдор ва якуним сол озодияшро маҳдуд кард.

Фаъоли мадании қазоқ ҳамчунин 41 670 танга (наздики 100 доллар) ҷарима шудааст.

Вакили дифои Тулесова гуфт, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят хоҳанд бурд.

Мақомоти қазоқ Асия Тулесова​ро ба он айбдор мекунанд, ки ҳангоми боздошти иштирокдорони тазоҳуроти 6 июн дар шаҳри Алмато корманди пулисро "таҳқир" ва зиддаш "аз нерӯ истифода" кардааст. Додгоҳи Медеу 7 июл баррасии парвандаи ҷиноии Тулесоваро оғоз ва дархости вакилони дифоъ барои озод кардани ӯ аз ҳабси пешакиро рад кард.

Созмонҳои бонуфузи байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Қазоқистон талаб доранд, ки Тулесоваро озод кунанд, зеро ба гуфтаи онҳо, ӯ беасос дастгир шудааст.

Даҳҳо гектар чарогоҳ дар ноҳияи Восеъ сӯхтааст. АКС, ВИДЕО

Чарогоҳе, ки сӯхт ҷойи чаридани чорвои мардум будааст.

Шаби 11-уми август даҳҳо гектар чарогоҳ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ба коми оташ рафтааст.

Мақомоти идораи оташнишонии минтақаи Кӯлоб мегӯянд, бо азобе сӯхторро хомӯш карданд ва дар ин ҳодиса касе осеб надид. Аммо сокинони ҷамоати ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ гуфтанд, сӯхтор ҷойи чаридани чорвои онҳоро аз байн бурд ва барояшон мушкил эҷод кард.

Ҳанӯз сабабҳои сӯхторро маълум накардаанд.

Ин дувумин сӯхтори бузург дар тақрибан як моҳи ахир дар ҳудуди ноҳияи Восеъ аст. Шоми 26-уми июл дар ду гектар замини ҷангалзори Кӯҳи Намак низ сӯхтор рух дод.

Мақомот мегӯянд, имсол бо гарм омадани тобистон даҳҳо гектар заминҳои кишт ва чарогоҳҳо сӯхтаанд. Ҳотамшоҳ Назарзода, сардори идораи оташнишонии минтақаи Кӯлоб гуфт, "дар шаш моҳи имсол 5,6 гектар ғаллазор, заминҳои зағир ва чарогоҳ оташ гирифтанд."

Зарари умумӣ аз ғаллазор беш аз 16 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан ду ҳазор доллар, ҳисоб шудааст, аммо зарари сӯхтор дар чарогоҳ ва заминҳои баъди даравро нашумурдаанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Оташ ба чарогоҳҳои ноҳияи Восеъ зиён овард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Байден сенатор Камала Ҳаррисро муовини худ баргузид

Ҷо Байден ва Камала Ҳаррис дар аксе аз рӯзи 31-уми июли соли 2019.

Ҷо Байден, номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз Ҳизби демократи Амрико эълон кард, ки сенатор Камала Ҳаррисро, ба ҳайси муовини худ баргузид. Камала Ҳарриси 55-сола ва вакили иёлати Калифорния аввалин зан аз аққалиятҳои Амрикост, ки номзадиаш ба ин мақоми баланд пешбарӣ шудааст.

Ҷо Байден дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки “Ман бо ифтихор эълон мекунам, ки Камала Ҳаррис, яке аз хидматгузорони беҳтарини мардуми кишварро ба ҳайси ҳамроҳам дар интихобот, баргузидам.” Чанд дақиқа баъд аз ин эълон, раиси ҷумҳур Доналд Трамп як паёми таблиғотии интихоботиашро твит кард, ки дар он Камала Ҳарррисро “тарсу” номидаанд ва гуфтаанд, ки ӯ бо Ҷо Байден “ҳамроҳ роҳи чапгароии тундравро баргузидаанд.”

Камала Ҳаррис дар анҷумани интихоботии Ҳизби демократи Амрико рақиби Ҷо Байден буд. Ахирӣ, ки 8 сол муовини Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи Амрико буд, моҳи март қавл дод, ки занеро ба ҳайси номзад ба мақоми муовини раиси ҷумҳур интихоб мекунад. Модари Камала Ҳаррис ҳиндӣ ва падараш аз Ямайка аст.

Ӯ дар гузашта додситони Калифорния ва додситони минтақавии Сан Франсиско будааст. Ҷо Байден дар интихоботи рӯзи 3-уми ноябр дар Амрико бо Доналд Трамп рақобат мекунад ва бино ба назарсанҷиҳо, бо 10 имтиёз аз ӯ пештар аст.

Минск мегӯяд, "ҳамоҳангсозони бетартибиҳо"-ро боздошт кард

Хабаргузории давлатии Беларус - БелТА иттилоъ дод, ки мақомоти ин кишвар "ҳамоҳангсозони бетартибиҳои оммавӣ"-ро боздошт карданд. Яке аз боздоштшудаҳо сокини шаҳри Минск буда, дар ошёнаи 17-уми меҳмонхонаи "Беларус" ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, эътирозҳоро ҳамоҳанг мекардааст.

Ба иттилои хабаргузорӣ, ӯ се зертобеъ доштааст, ки "дар навбати худ садҳо нафари дигарро идора мекардаанд".

Вазорати умури дохилии Беларус ҳамчунин аз боздошти нафаре хабар додааст, ки ба иштирокчиёни эътирозҳо пул медодааст. Аз ҷузвдони вай "даҳҳо ҳазор доллари нақдина пайдо карданд".

Гумонбар ҳангоми боздошт ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муқобилият нишон дода, бинии яке аз маъмуронро шикастааст.

Вазорат пештар низ иттилоъ дод, ки "ҳангомабарангезандагони бетартибиҳо", аз ҷумла ду шаҳрванди Русия -- ҳамоҳангсозони "Русияи боз" бо номи Игор Рогов ва Артём Важенковро дастгир кард. Дертар хабар дода шуд, ки зидди онҳо бо ҷурми даст доштан дар бетартибиҳо парванда боз гаштааст.

Комиссияи марказии интихоботии Беларус дар интихоботи 9 август Александр Лукашенкоро дубора пирӯз эълом кард, ки норозигии сокинони ин кишварро ба бор оварда, боиси сар задани эътирозҳо дар шаҳрҳои он кишвар шуд.

Вазирони Осиёи Марказӣ ва Ҷопон ҳамкорӣ барои маҳви вирусро баррасӣ кардаанд

Мулоқоти вазирони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар Ашхобод қабл аз пандемияи коронавирус ва дар соли 2017.

Ҳукумати Ҷопон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аҳд додаанд, ки дар муқобила бо пандемияи коронавируси нав ҳамкорӣ мекунанд. Тошимитсу Мотеки, вазири умури хориҷии Ҷопон дар як конфронси видеоӣ бо вазирони панҷ кишвар гуфтааст, “Ҷопон дар ин ҳамкорӣ ба ҳайси ташкилдиҳанда саҳм хоҳад дошт”.

Вазорати умури хориҷии Ҷопон бо нашри як баёнияи расмӣ баъд аз ин нишаст гуфтааст, вазирони кишварҳои минтақа аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Ҷопон барои кӯмаки 18 миллион долларӣ, ба шумули таҷҳизоту абзори тиббӣ изҳори сипос кардаанд.

Дар конфронси видеоӣ дар рӯзи 11-уми август Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Мухтор Тилавбердӣ аз Қазоқистон, Чингиз Айдарбеков аз Қирғизистон, Абдулазиз Комилов аз Узбекистон ва Рашид Мередов, вазири умури хориҷии Туркманистон ширкат кардаанд.

Амрико бо "Модерна" барои истеҳсоли ваксина қарордод баст

Русия ваксина ба зидди бемориро "Спутник В" ном гузоштаанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ширкати дорусозии “Модерна” қарордод бастааст, ки бар асоси он ширкат бояд барои аҳолии кишвар 100 миллион ваксина бо арзиши 1.5 миллиард доллар омода кунад. Пештар аз ин Кохи Сафед бо чанд ширкати дигари дорусозӣ барои хариди садҳо миллион ваксинаи эҳтимолӣ ба зидди бемории COVID-19 қарордод бастааст.

Ҳукумати Доналд Трамп саъй дорад, таҳияву истеҳсол ва тақсими ваксина ба зидди коронавирусро суръат бахшад. Ширкати “Модерна” ҳамроҳ бо Пажӯҳишгоҳи Миллии Сиҳатӣ дар Амрико ҳоло дар марҳилаи саввуми озмоиши як ваксинае ҳастанд, ки баъди иҷозаи ниҳоӣ истеҳсол ва тақсим мешавад.

То кунун дар саросари ҷаҳон 150 ваксина ба зидди беморӣ дар ҷаҳон дар ҳоли таҳияву озмоиш ҳастанд, то пеши роҳи пандемияи COVID-19 гирифта шавад. Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, айни замон 25 ваксинаро дар инсонҳо озмоиш мекунанд. Кишварҳои ҷаҳон ҳоло бо ҳам рақобат доранд, кадоме зудтар ваксинаро омода мекунад, ё роҳи муолиҷаи бемориро меёбад.

Русия рӯзи 11-уми август, аввалин кишваре шуд, ки ваксина ба зидди COVID-19- ро барои истеҳсол иҷоза дод. Ваксинаро “Спутник В” ном гузоштаанд. Раиси ҷумҳур Владимир Путин гуфт, ки ваксина коромад ва амн аст, вале шубҳаву гумон дар бораи он зиёд аст.

Тазоҳурот дар шаҳрҳои гуногуни Беларус идома кард

Боздошти яке аз тарафдорони мухолифони давлат дар рӯзи 11-уми август дар Минск.

Баъди тарки Беларус кардани номзад ба мақоми раиси ҷумҳур, дар ин кишвар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ рӯзи 11-уми август ҳам идома кард. Маъмурони амниятӣ низ саркӯби тазоҳургаронро сахттар карда ва барои фурӯ нишондани тазоҳурот аз гази ашковар, норинҷакҳои гиҷкунанда ва тирҳои резинӣ истифода бурданд.

Дар наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва пахши зинда аз маҳалли ҳодиса дида мешавад, ки чӣ гуна маъмурони амниятӣ дар шаҳри Минск одамонро боздошт карда мебаранд. Бино ба гузориши бахши беларусии Радиои Озодӣ, мақомот ба навъе дар Минск қуюди шабгардӣ эълон кардаанд ва одамонро дар кӯчаҳо дастгир мекунанд, мошинҳоро нигаҳ дошта, баъзе аз ронандагонро боздошт мекунанд.

Ҳаракати нақлиёти умумӣ ҳам камтар шудааст. Маъмурони пулиси мусаллаҳ бо калтакҳои резинӣ ба хабарнигорон низ ҳамла кардаанд. Тазоҳурот ва бархӯрд бо пулис дар дигар шаҳрҳои Беларус сурат гирифтааст.

Эътирозҳои оммавӣ баъд аз он сар зад, ки Кумиссиёни марказии интихобот гуфт, дар интихоботи рӯзи 9-уми август, Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури феълӣ пирӯз шудааст. Рақиби аслии ӯ Светлана Тихановская баъди ин ба Литва рафт. Баъд аз интихобот то кунун бештар аз 5 000 нафарро дастгир кардаанд.

Қирғизистон аз Беларус хост, сарвазири пешинро истирдод кунад

Сарвазири собиқи Қирғизистонро дар паҳлӯи президенти Беларус диданд

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 11-уми август намояндаи сафорати Беларусро дар Бишкек эҳзор кард.

Ба иттилои маркази матбуотии ВКХ, ҷониби Қирғизистон дар ин мулоқот аз намояндаи Беларус талаб кард, дар мазҳари ом ҳозир шудани сарвазири пешини Қирғизистон Дониёр Усеновро шарҳ диҳад, ки дар пайгард қарор дорад.

Сарвазири пешини Қирғизистон аз сӯи додгоҳи ин кишвар барои содир кардани ҷиноят дар ғайбаш маҳкум ба зиндон шудааст.

"Таваҷҷуҳи дипломати Беларус ба он ҷалб шуд, ки чунин иқдомҳо ба рушди муносибатҳои дуҷониба зарба мезананд. ВКХ-и Қирғизистон нотаи эътирозиро ба ҷониби Беларус таслим ва аз намояндаи Беларус талаб кард, ки барои боздошт ва истирдоди сарвазири пешин чораҷӯӣ кунанд", - омадааст дар хабари ВКХ.

Александр Лукашенко, президенти Беларус рӯзи 10-уми август ба корхонае рафт, ки ӯро марди монанд ба Дониёр Усенов, сарвазири пешини фирории Қирғизистон ҳамроҳӣ мекард.

Усенов баъд аз инқилоби соли 2010 Қирғизистонро тарк кард. Пештар хабар расида буд, ки вай бо ивази ному насаб шаҳрвандии Беларусро гирифта, дар он кишвар зиндагӣ ихтиёр кардааст.

Путин аз сабти нахустин ваксинаи зидди коронавирус дар Русия хабар дод. ВИДЕО

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия

Владимир Путин, президенти Русия хабар дод, ки дар кишвараш нахустин ваксинаи зидди вабои коронавирус сабт шудааст. Вай афзуд, яке аз духтаронаш то ин замон ваксина гирифтааст.

Путин дар ин бора дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш рӯзи 11-уми август хабар дод. Ба гуфтаи вай, ваксина дар ҷараёни санҷиш коромадии худро нишон дода ва қодир аст, ки масунияти устувореро зидди коронавирус шакл диҳад.

Айни ҳол дар саросари дунё бештар аз 100 навъи ваксинаи эҳтимолӣ зидди коронавирус дар ҳоли коркард аст ва ҳадди ақал се навъи он дар марҳилаи ниҳоии коркард қарор дорад. Ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, пажуҳишҳо барои тасдиқи ваксинаи зидди коронавирус чанд моҳ давом хоҳанд кард.

Русия нахустин кишварест, ки ваксинаи зидди коронавирусро сабт мекунад, аммо олимон ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Русия ба ин дастовард бо шубҳа менигаранд. Ҳафтаи гузашта Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз Русия даъват кард, ки қоидаҳо ва дастурамали созмонро риоя кунад ва аз ҳамаи марҳилаҳои барои сабти воксин зарурӣ, бигзарад.

Аммо Путин пофишорӣ дорад, ки ваксинаи русӣ ҳамаи озмоишҳои заруриро гузаштааст. Вай илова кард, ки яке аз духтаронаш ваксина гирифта ва худро хуб ҳис мекунад. "Умедворам, мо дар фурсатҳои наздик истеҳсоли воксинро дар ҳаҷми бузург шуруъ хоҳем кард", - гуфт Путин.

Русия ба истифодаи ваксинаи зидди коронавирус иҷозат додааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Беларус: шаби севуми эътирозҳо - занозаниҳои нав бо пулис

Дар шаҳри Минск шаби гузашта миёни эътирозгарон ва ҳомиёни тартибот дубора занозанӣ сурат гирифт.

Пулис бори дигар аз норинҷакҳои ғулғулаафкан, гази ашковар ва тирҳои резинӣ кор гирифт. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, хабарнигорон латту кӯб мешаванд.

Рӯзи 11-уми август дар Минск пулис ба гуруҳи наворбардорони Би-би-сӣ ҳамла кард. Ҳар се наворбардори боздоштшудаи Би-би-сӣ барои фаъолият иҷозат доштанд.

Пулисе нишонии сари синаи наворбардорро канд ва дастгоҳи наворбардориро аз дасташ гирифт. Ду хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ аз пулис талаб карданд, ки корти наворбардорро баргардонад. Дар посух пулис ба латту кӯби наворбардор шуруъ карданд.

Эътирози шоми сешанбе аз эътирозҳои ду рӯзи гузашта фарқ дошт, мегӯянд шоҳидон аз Минск. Рӯзи 10-уми август гуруҳҳои бузурги эътирозгарон дар се минтақа ҷамъ шуданд. Рӯзи сешанбе гуруҳи хурде аз эътирозгарони ҷавон дар кӯчаву тангкӯчаҳо қадам заданд ва аз пулис пинҳон шуданд.

Яке аз ширкатдорони эътирозҳо дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки ба далели набудани интернет сокинон намедонад, ки дар шаҳр чӣ мегузарад.

Шаҳрвандони Беларус, ки дар Маскав қарор доранд, пушти дари сафорати кишварашон гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Талафот аз COVID-19 дар Тоҷикистон ба 63 расид, дар ҷаҳон – ба беш аз 737 ҳазор

Акс аз бойгонӣ

Омори қурбониёни коронавируси нав дар Тоҷикистон тағйир ёфт. Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта фавти як каси дигарро аз бемори ҳамагир тасдиқ кард ва дар умум шумори ҷонбохтагон аз 30-юми апрел то 11-уми август ба 63 нафар расид.

Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, то ҳол бештар аз 7870 нафар ба СOVID-19 гирифтор шудаанд, ҳарчанд шубҳа доир ба омори расмӣ зиёд аст.

Ба иттилои вазорати тандурустӣ, 6653 нафар ё 84,5 дарсади беморон шифо ёфтаанд.

Ин дар ҳолест, ки теъдоди гирифторони бемории COVID-19 рӯзи сешанбе дар саросари ҷаҳон аз 20 миллион ҳам гузашт. Коронавируси нав то ҳол зиёда аз 737 ҳазор нафарро куштааст. Беш аз ​12 миллиону 400 ҳазор кас табобат ёфтаанд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бештар аз 5 миллиону 200 ҳазор нафар бемор шудаанд, ки зиёдтар аз ҳар кишвари дунёст. Беморӣ дар инҷо 163 ҳазор нафарро ҳалок кардааст.

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, аз назари сироят Бразилия бо 3 миллион бемор ва Ҳинд бо бештар аз 2.2 миллион гирифтор дар мақомҳои дувуму саввум ҳастанд.

Бо вуҷуди идомаи бедодгарии вирус дар ҷаҳон, Тедрос Адҳаном Гебрейеусус, мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, “ҳанӯз ҳам шуълаҳои умед хомӯш нашудаанд”. Ӯ рӯзи 10-уми август ба хабарнигорон гуфт, “ҳарчанд омор баёнгари дарду ранҷи зиёдест”, ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст, ки пеши роҳи пандемияро бигиранд.

Ӯ гуфт, барои ин кор ҳукуматҳо бояд чораҳои бештар биандешанд ва мардум тадбирҳои навро бипазиранд. Мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ҳатто дар кишварҳое, ки беморӣ зиёд паҳн мешавад, агар тамоми ҳукумат ва тамоми ҷомеа амал кунад, метавонанд, онро зери назорат дароваранд.

Матолиби бештарро дар бораи бӯҳрони коронавируси нав дар Тоҷикистон дар ин ҷо бихонед

ММД Қазоқистон дар 7 моҳи соли ҷорӣ 3 дарсад кам шудааст

Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Руслан Даленов дар як ҷаласаи ҳукумат аз вазъи 7 моҳи иқтисодиву иҷтимоии кишвараш гузориш дод.

"Истеҳсоли маҳсулот 2,1 дарсад афзуда, хизматрасониҳо 6,2 дарсад коҳиш ёфтааст. Дар натиҷа маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 2,9 дарсад кам шуд", - гуфт вазир. Вай ҳамзамон афзуд, ки сатҳи таваррум ё беқурбшавии пули миллӣ 7,1 дарсадро ташкил додааст.

Дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар Қазоқистон савдои хориҷӣ 42,5 миллиард долларро ташкил додааст. Аз ин ҳисоб 26 миллард доллар ин содирот ва 16,5 миллиард доллар воридот будааст.

Моҳе пеш мақомоти он кишвар хабар дода буданд, ки иқтисоди Қазоқистон уфти 1,8 дарсадӣ доштааст. Таварруми солона, бино ба пешбиниҳои ҳукумати он кишвар, 11 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Интизор меравад, ки комисияи давлатӣ рӯзи панҷшанбе бекор кардани чораҳои карантинро баррасӣ кунад. Пештар аз даҳҳо соҳибкор дар саросари Қазоқистон аз ҳукумат хостанд, ки ба онҳо иҷозаи аз сар гирифтани фаъолиятро бидиҳад. Дар он кишвар аз 5 июл ба ин тараф карантини такрорӣ амал мекунад.

Эҳтимоли камбуди нерӯи барқ дар Қирғизистон

Дар мавсими тирамоҳу зимистони имсол дар Қирғизистон камбуди нерӯи барқ пешбинӣ карда мешавад. Ин камбуд ба сатҳи ками об дар обанбори Токтогул рабт дорад.

Дар ин бора ширкати "Северэлектро"-и Қирғизистон хабар дод.

Ҳукумати Қирғизистон ҳанӯз дар ибтидои соли ҷорӣ аз камобӣ хабар дода буд. Он замон гуфта мешуд, ки дар тамоми обанборҳои кишвар сатҳи об 10-12 дарсад аз меъёри муқаррарӣ кам хоҳад шуд.

Қирғизистон кишвари сероб ба ҳисоб меравад. Сарфи назар аз ин бо камбуди об барои кишоварзӣ ва истеъмоли сокинон рӯ ба рӯ аст.

Аз соли 2010 ба ин тараф дар Қирғизистон барои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқӣ ва сохтани истгоҳҳои барқӣ беш аз 1 миллиард доллар сармоя ҷалб шудааст.

Дар Беларус ба корпартоии саросарӣ даъват карданд

Шаби дувуми эътирозҳо. Минск, 10-уми августи 2020

Коргарони корхонаи дастгоҳҳои барқии ба номи Козлов дар Беларус корпартоӣ карданд. Дар ин бора саҳифаи Nexta дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Пештар аз ин дар Беларус аз ҳамаи корхонаҳо даъват шуд, ки аз 11-уми август корпартоии бемуҳлат эълом кунанд.

Ҳадаф аз ин корпартоӣ - "эътирофи Светлана Тихановская ҳамчун президенти нав, озодии тамоми зиндониёни сиёсӣ, баргузории интихоботи нав" унвон шудааст.

"Ҳеч тағйироти сиёсиву иқтисодӣ дар ояндаи наздик дар нақша нест. Мо аз таҳаммули ҳамаи ин хаста шудем ва ба ҳамин хотир корпартоии умумимиллӣ эълом мекунем. Барои ин моро наметавонанд боздошт кунанд", - чунин даъват дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.

Рӯзи 9-уми август дар Беларус интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко 80,08 дарсади ройи мардумро соҳиб шудааст. Мақомот мегӯянд, 10,09 дарсади мардум аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко, пуштибонӣ карданд. Тихановская ва ҷонибдоронаш бо натиҷаҳои расмӣ розӣ нестанд.

Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар интихоботи рӯзи 9-уми август буд ва баъди эълони пирӯзии Лукашенко мардуми зиёде ба тазоҳурот баромаданд. Тазоҳурот, ки баъдан ба хушунат печид ду рӯз боз аст, идома дорад.

Дар тазоҳуроти шаби 10-уми август камаш 1 нафар ҳалок шудааст.

Мақомоти Фарғона гуфтанд, ки ба "мавҷи дувум"-и беморӣ омода мешаванд

Яке аз шифохонаҳо дар вилояти Фарғона

Вилояти Фарғона ба мавҷи дувуми бемории COVID-19 омодагӣ мебинад. Дар ин вилояти Узбекистон беш аз 12 ҳазор кат барои гирифторони эҳтимолӣ омода шудааст.

Мақомоти он вилоят хабар доданд, ки 500 дастгоҳи нафасдиҳӣ ва 5 ҳазор дастгоҳи набзсанҷ ба вилоят оварда шудааст.

"Беморхонаҳо бо захираҳои дастгоҳҳову доруҳо таъмин мешаванд. Барои захираи дору 975 ҳазор доллар ҷудо шудааст. Бо 300 ҳазор доллар аз Чин дастгоҳи нафасдиҳӣ ва набзсанҷ харида шуд", - омадааст дар хабари мақомоти он вилоят.

Дар Арманистон дарсҳо моҳи оянда оғоз мешаванд

Бузургтарин шифохонаи шаҳри Ереван, ки онҷо гирифторони СОVID-19 муолиҷа мегиранд.

Баъди бастани мактабҳо дар моҳи март, Арманистон эълон кард, ки аз рӯзи 15-уми сентябр дигарбора дари муассисаҳои таълимиро боз мекунад. Дар ин бора Арайик Ҳарутуниён, вазири маориф рӯзи 10-уми август баъди гуфтугу бо мақомоти ситоди мубориза бо бемории COVID-19 эълон дод.

Ба гуфтаи ӯ, бар иловаи мактабҳо, дар омӯзишгоҳҳо ва мактабҳои махсус ҳам дарс рӯзи 15-уми сентябр оғоз меёбад, вале қарор дар бораи донишгоҳҳоро ҳафтаи оянда қабул мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми меъёрҳои беҳдоштие, ки ҳукумат муқаррар кардааст, бояд риоят шавад. Дар Арманистон ба сабаби пандемияи коронавируси нав вазъи фавқуллода эълон карданд, ки қарор аст, рӯзи 12-уми август ба поён расад.

Ҳукумат қасд дорад, онро то як моҳи дигар тамдид кунад. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико, дар Арманистон то кунун бештар аз 40 400 мавриди сирояти коронавирусро сабт кардаанд ва 796 нафар ҳам аз бемории COVID-19 фавтидаанд.

Як нафарро дар назди Кохи Сафед маҷруҳ карданд

Ҳодиса дар инҷо рух додааст.

Як маъмури Хадамоти амниятии раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 10-уми август, як мардеро дар назди Кохи Сафед бо зарби тири туфанг маҷруҳ кардааст. Ба гуфтаи мақомоти расмии Амрико ин мард бо аслиҳа ба афсар наздик шуда, силоҳашро берун кашидааст.

Хадамоти амниятии Амрико гуфт, ки марди 51-соларо аз баданаш маҷруҳ кардаанд ва у дар шифохона муолиҷа мегирад. Доир ба вазъи сиҳатии ин мард чизе нагуфтаанд.

Ҳодиса сабаб шуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро аз нишасти хабарӣ дар бораи коронавирус барои муддати кӯтоҳе берун баранд, вале ӯ баъдан баргашт ва суҳбатро идома дод.

Ба гуфтаи Хадамоти амниятӣ марде, ки маҷруҳ шуд, ҳангоми навбатдории афсар дар кунҷи як кӯча, ба ӯ наздик шуда ва гуфтааст, мусаллаҳ аст ва онгуна ҳаракат кардааст, ки гӯё аслиҳаро гирифта, афсарро тир мезанад. Ба гуфтаи Хадамоти амниятӣ, ба ҷони ҳеҷ касе дар Кохи Сафед хатар таҳдид накардааст.

Идомаи эътирозҳои пас аз интихобот дар Беларус. АКС

Шоми 10-уми август дар шаҳри Минск пулис ва дигар мақомоти қудратӣ бо эътирозгарон рӯёрӯйӣ карданд. Эътирозгарон бовар доранд, ки натиҷаҳои раъйдиҳӣ ба фоидаи президенти амалкунанда Александр Лукашенко дасткорӣ шудаанд.

Як ширкатдори эътирозҳои Минск шоми душанбе кушта шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Беларус хабар дод.

Аксҳо аз эътирози шаби дувумро дар ин ҷо бинед:

Ба иттилои ВКД, эътирозгарон дар назди истгоҳи метрои "Пушкин" сангар сохтанд. Расонаҳои Беларус ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки маҳз назди метрои "Пушкин" мақомоти қудратӣ бо эътирозгарон занозанӣ карданд. Пулис аз тирҳои резинӣ ва норинҷакҳои садодор истифода кард.

Дар Беларус рӯзи 9-уми август интихоботи президентӣ баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, Александр Лукашенко, президенти амалкунанда 80,08 дарсади раъйи мардумро соҳиб шуд. Ба ҷонибдорӣ аз Светлана Тихановская, рақиби асосии Лукашенко 10,09 дарсади сокинон раъй додаанд. Тихановская бо натиҷаҳои расмӣ розӣ нест.

Теъдоди мубталоёни СОVID-19 аз 20 миллион ҳам гузашт

COVID-19 то ҳол бештар аз 750 ҳазор нафарро куштааст.

Теъдоди гирифторони бемории COVID-19 дар саросари ҷаҳон аз 20 миллион ҳам гузашт. Коронавируси нав то ҳол бештар аз 750 ҳазор нафарро куштааст. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бештар аз 5 миллиону 200 ҳазор нафар бемор шудаанд, ки зиёдтар аз ҳар кишвари дунёст. Беморӣ дар инҷо 163 ҳазор нафарро ҳалок кардааст.

Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, аз назари сироят Бразилия бо 3 миллион бемор ва Ҳинд бо бештар аз 2.2 миллион гирифтор дар мақомҳои дувуму саввум ҳастанд. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи мақомоти расмӣ, то ҳол бештар аз 7800 нафар ба СOVID-19 гирифтор шудаанд ва 62 нафар фавтидаанд, ҳарчанд шубҳа доир ба омори расмӣ зиёд аст.

Бо вуҷуди идомаи бедодгарии вирус дар ҷаҳон, Тедрос Адҳаном Гебрейеусус, мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, “ҳанӯз ҳам шуълаҳои умед хомӯш нашудаанд”. Ӯ рӯзи 10-уми август ба хабарнигорон гуфт, “ҳарчанд омор баёнгари дарду ранҷи зиёдест”, ҳанӯз ҳам фурсат ҳаст, ки пеши роҳи пандемияро бигиранд.

Ӯ гуфт, барои ин кор ҳукуматҳо бояд чораҳои бештар биандешанд ва мардум тадбирҳои навро бипазиранд. Мудири Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, ҳатто дар кишварҳое, ки беморӣ зиёд паҳн мешавад, агар тамоми ҳукумат ва тамоми ҷомеа амал кунад, метавонанд, онро зери назорат дароваранд.

Вазирони Олмону Русия дар бораи лӯлаи нав газ гуфтугӯ мекунанд

Ҳейко Маас қаблан бо ҳамтои амрикоиаш ҳам дар бораи лӯла гуфтугу кардааст.

Ҳейко Маас, вазири умури хориҷии Олмон имрӯз бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар Маскав мулоқот мекунад ва тарҳи бунёди лӯлаи гази Маҷрои шимолӣ – 2 мавзуи суҳбат аст. Ин лӯлаи газ, ки аз зери Баҳри Сиёҳ мегузарад, содироти гази русӣ ба ин Олмонро ду баробар зиёд мекунад. Лӯла, ки бидуни убури қаламрави Украина ба Олмон мерасад, Украинаро аз миллиардҳо доллар ҳаққи транзити гази русӣ маҳрум мекунад.

Амрико мухолифи деринаи бунёди лӯла мегӯяд, ки Маҷрои шимолӣ-2 бо сахт пойбанд кардани Олмон ба гази Русия, амнияти Аврупоро зери хатар мегузорад. Амрико то кунун ба зидди баъзе аз ширкатҳо, ки дар иҷрои тарҳи мазкур саҳм мегузоранд, таҳрим ҷорӣ кардааст. Олмон амалкарди Амрикоро танқид кард ва баъзеҳо мегӯянд, мухолифати Амрико аз он сабаб аст, ки мехоҳад, гази моеъи худашро ба Иттиҳоди Аврупо бифурӯшад.

Ҳейко Маас, рӯзи 9-уми август бо Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфтугуе дошта ва аз таҳдиди Амрико барои эъмоли таҳрим ба зидди як ширкати муттасадии бандаре дар Олмон изҳори ноумедӣ кардааст. Аз ин бандар киштиҳое истифода мебаранд, ки барои бунёди лӯла кор мекунанд.

Светлана Тихановская ба Литва рафтааст

Светалан Тихановская дар як нишасти хабарӣ дар рӯзи 10-уми август.

Светлана Тихановская, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Беларус ба Литва рафта ва сиҳату саломат будааст. Дар ин бора Линас Линкевичус, вазири умури хориҷии Литва рӯзи 11-уми август дар саҳифааш дар Твиттер хабар дод. Ӯ баъдан ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, “Ӯ ба Литва омад ва солим аст.”

Светлана Тихановская, рақиби аслии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар интихоботи рӯзи 9-уми август буд ва баъди эълони пирӯзии Лукашенко мардуми зиёде ба тазоҳурот баромаданд. Тазоҳурот, ки баъдан ба хушунат печид ду рӯз боз аст, идома дорад.

Дар тазоҳуроти шаби 10-уми август камаш 1 нафар ҳалок шудааст. Аъзои ситоди интихоботии Светлана Тихановская, баъди берун омадани ӯ аз Комиссияи марказии интихобот дигар ӯро надидаанд. Қаблан худаш гуфт, ки дар интихобот ӯ пирӯз шудааст, на Лукашенко.

Ду бародарро дар Туркманистон барои эътиқодашон бори дувум зиндонӣ карданд

Бародарон Санҷарбек ва Элдор Сабуровҳо.

Бародарон Сабуровҳо дар Туркманистон, ки пайрави Шоҳидони Яҳво ҳастанд, бори дувум бо айни як айб зиндонӣ шуданд. Дар ин бора намояндаи созмони Шоҳидони Яҳво Ҷаррод Лопес хабар дод.

Ба гуфтаи вай, додгоҳе дар Туркманистон рӯзи 6 август Элдор Сабурови 21-сола ва Санҷарбек Сабурови 25-соларо дусолӣ зиндонӣ кард. Ин ду бародар барои саркашӣ аз адои хизмати ҳарбӣ зиндонӣ шуданд. Бародарон ба далели боварҳои мазҳабиашон намехоҳанд, сарбоз шаванд.

Ба навиштаи созмони Шоҳидони Яҳво, дар Туркманистон даҳҳо шаҳрванд ба далели ақидаҳои мазҳабиашон зиндонӣ ҳастанд.

Мушкили бародарон Сабуровҳо дар Туркманистон чанд сол аст, ки давом дорад. Санҷарбек Сабуров бори аввал дар соли 2016 зиндонӣ шуда буд. Он замон ҳам додгоҳ ӯро барои саркашӣ аз адои хизматӣ ҳарбӣ ва дар даст гирифтани силоҳ ду сол зиндонӣ карда буд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG