Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW хост, Тоқаев мушкилоти марбут ба ҳуқуқи инсонро ҳал кунад


Қосимҷомарт Тоқаев

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch гуфт, ки президенти нави Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бояд мушкили марбут ба ҳуқуқи инсонро ҳал кунад. Дар ин бора созмони мазкур ба президенти Қазоқистон нома фиристодааст.

Дар номаи созмон, ки 6-кми август нашр шуд, омадааст, HRW аз мақомоти Қазоқистон мехоҳад, "барои ҳалли мушкилоти ҷамъшуда дар бахши ҳуқуқи инсон чораҷӯӣ кунанд".

Созмон ба вижа аз Тоқаев хостааст, маҳдудиятҳои марбут ба эътирозҳои осоишта ва озодии баёну расонаҳоро бекор кунад ва иҷрошавии ҳуқуқи кӯдакони маъюбро таъмин намояд.

"Қазоқистон мебоист, аз муддатҳо пеш ба кафолати ҳуқуқу озодӣ машғул мешуд", - омадааст дар мактуб.

"Солҳост, ки роҳбарияти Қазоқистон дар бахши ҳуқуқи инсон ҳарфҳои дурусте мезанад, аммо дар амал ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсон поймол мешаванд", - зикр шудааст дар мактуб.

Созмон ҳамчунин ишора кардааст, ки "моҳи марти соли 2018 додгоҳи Қазоқистон ҳаракати сабтиномнашудаи "Интихоби демократии Қазоқистон"-ро "террористӣ" унвон карда, аз он замон то кунун ҷонибдорони ҳаракати мазкур таҳти фишор ҳастанд". Ба гуфтаи созмон, "чанд шаҳрванди Қазоқистон бо айби ҷонибдорӣ ва сармоягузории ҳаракати мазкур ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудааст".

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG