Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Андиҷон барои иҷрои нақшаи содирот аз деҳқонон маблағ мерӯёнанд


Ба деҳқонони ноҳияи Избаскони вилояти Андиҷони Узбекистон дастур доданд, ки аз ҳар гектар замин 3,5 долларӣ "пардохт" кунанд. Деҳқонон мегӯянд, ин маблағ барои иҷрои уҳдадориҳои содиротии вилояти Андиҷон ҷамъ мешавад.

Соҳибкорони шаҳри Андиҷон ҳам мегӯянд, аз онҳо талаб шудааст, ки 0,1% аз ҳисоби содироти ҳатмӣ, ки ҳукумат муқаррар кардааст, ҷамъ оранд. Мақомоти ноҳияи Избаскон ва вилояти Андиҷон аз шарҳи ин мавзуъ худдорӣ варзиданд.

Ба гуфтаи деҳқонон, аз онҳо ба хотири афзудани нишондодҳои содирот маблағ ҷамъ меоранд. "Мо бояд ба Раёсати хоҷагии кишоварзӣ 170-230 долларӣ пардохт кунем. Ҳеч ҳуҷҷате дар иваз ба мо намедиҳанд",-гуфт як деҳқон.

Ба гуфтаи як кишоварзи дигар, ҳамаи кишоварзон маҷбур ба пардохтҳои содиротӣ ҳастанд. "Роҳбари ноҳия дастури шифоҳӣ додааст",-гуфт деҳқон.

XS
SM
MD
LG