Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалби соҳибони мошинҳои гаронбаҳо ба хидмати меҳмонони фестивали "Таронаҳои Шарқ"


Дар вилояти Самарқанди Узбекистон соҳибони мошинҳои навъи Malibu-2 ва Captiva иҷборан ба меҳмонони ҷашнвораи "Таронаҳои Шарқ" хизмат хоҳанд расонд, ки рӯзҳои 23-30 август дар назар дошта шудааст.

Як соҳиби мошини навъи Малибу-2 аз Самарқанд шикоят кард, "ба ман писанд нест, ки ба одамон давоми як ҳафта ройгон хизмат расонам. Мошини ман 30 ҳазор доллар арзиш дорад",-гуфт вай.

Раёсати бехатарӣ дар роҳҳои вилояти Самарқанд вазифадор шудааст, ки дар рӯзҳои ҷашнвора меҳмононро бо ҳамлу нақли ройгон таъмин кунад.

Дар фармони президенти Узбекистон "Дар бораи омодагӣ ба баргузории ҷашнвораи байналхалқии "Таронаҳои Шарқ" аз 26-уми феврали соли 2019", омадааст, ки барои ин чорабинӣ аз будҷаи кишвар маблағи кофӣ ҷудо шудааст.

Аммо як намояндаи Раёсати бехатарии роҳҳои вилояти Самарқанд гуфт, давлат ҳақ дорад, "дар ҳолатҳои зарурӣ аз мошини сокинон истифода барад".

Ҷашнвораи мазкур рӯзҳои 26-30 август баргузор хоҳад шуд. Интизор меравад, дар расми кушоиши он мудири кулли ЮНЕСКО Одре Азуле ширкат варзад. Ҳамчунин дар ин ҷашнвора аз 78 кишвар сарояндагону навозандагон ва рассомон даъват шудаанд. Ҷашвораи "Таронаҳои Шарқ" аз соли 1987 инҷониб дар ду сол як маротиба таҷлил мешавад.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG